Дождитесь окончания загрузки
Модальное окно "Дорогой друг, прими участие в опросе"
preview Бозгашт

Малакаҳои детективӣ лозиманд! ?️

24.03.2021 • 08:44

Ҳар яки мо бо бисёр хатарҳои пинҳонӣ дар интернет рӯ ба рӯ шудаем. Як пахш болои пайванди нодуруст метавонад вирусро ба таҷҳизот ворид намояд ё абадан файлҳои шахсиро нест кунад. Шарҳи бад метавонад бисёри одамонро хафа кунад, фиребгарон бошанд ҳаракат мекунанд, ки аз шумо пул ситонанд. Мо хурсандона хабар медиҳем, ки акнун ту метавони шахсан тафтишоти худро дар бозии нави “Детектив” гузарони! Ин бозӣ ба ту муайян намудани суханони нафратомез, маълумоти нодуруст, қаллобӣ ва ғайраҳоро меомӯзонад.

Барои тафтишоти бомуваффақият, муҳим аст, ки ҳама он чиро медонӣ, ба ёд овари. Барои ҳамин, пеш аз он, ки ба бозӣ шурӯъ намудан, хондани ин шарҳҳои кӯтоҳро тавсия медиҳем:

Ин бозии иттилоотӣ-маърифатӣ барои ҷавонон дар Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешбинӣ шудааст.

Платформа бо назардошти талаботи қонунгузории давлатҳои шарик сохта шудааст. Ҳама намунаҳои дар ин бозӣ истифодашуда танҳо ба мақсадҳои таълимӣ мансубанд ва ҳеҷ гуна нияти ғайриқонунӣ надоранд. Бо оғози истифода аз платформа муштарӣ фаҳмиши худро тасдиқ карда, бо мақсадҳо ва вазифаҳои дар боло зикршудаи ин бозӣ розигӣ медиҳад.