Дождитесь окончания загрузки
Модальное окно "Дорогой друг, прими участие в опросе"
preview Бозгашт

Сухани нафратангезро муайян мекунем

03.08.2020 • 11:34

«Сухани нафратангез» чист? Чаро баъзе таҳқирҳо ва шарҳҳои манфиро "сухани нафратангез" номидан лозим аст, на балки «гуфтори ғазабнок»? Чӣ тавр сухани нафратангезро муайян кардан мумкин аст? Пас аз хондани ин матн (ва викторинаро бозида), шумо мефаҳмед, ки чаро "ту худ девона ҳастӣ" сухани нафратангез нест, аммо "занон набояд мошин ронанд" - ҳа.

Сухани нафратангез ин гуфтори манфӣ ё табъизомезест, ки барои ҳама гуна нажод, қавм, ҷинс, мазҳаб ё гуруҳи иҷтимоӣ номатлуб ва таҳқиромез ҳисобида мешавад. Таҳқир метавонад сухани нафратангез бошад ва ё метавонад ба он таалуқ надошта бошад. Барои аниқ фаҳмидани он, донистан муҳим аст, ки  сухани нафратангез бо ду ҳуқуқи бунёдии ҳар як шахс - ҳуқуқ ба озодии ақида ва ҳуқуқ ба баробарӣ, зич алоқаманд мебошад.

Ҳамин тавр, ҳуқуқ ба озодии ақида танҳо маънои онро дорад, ки ҳар кас ҳуқуқ дорад нуқтаи назари худро дошта бошад ва озодона онро баён кунад. Ғайр аз он, ҳар шахс ҳуқуқ дорад, ки ба ҳар васила ва новобаста аз сарҳадҳои давлатӣ маълумотро озодона ҷустуҷӯ ва паҳн намояд. Дар навбати худ, ҳуқуқ ба баробарӣ маънои онро дорад, ки ҲАМАИ одамон озод ва баробар таваллуд мешаванд - дар шаъну шараф баробаранд (ҳеҷ кас бадтар нест ё беҳтар нест ва ҳама сазовори эҳтироми баробаранд) ва ҳуқуқ баробаранд. Ин ду ҳуқуқ метавонад ихтилоф кунад. Масалан, касе дар Интернет ба навиштае шарҳ додааст: «Мо бояд онҳоро [ҷӯгиҳоро] дар Қазоқистон назорат кунем, ҳамаи маводи мухаддир тавассути онҳост, бигзор онҳо раванд дар Молдоваи худ савдо кунанд». Ҳар як шахс озодона фикри худро баён карда метавонад, аммо дар мисоли мо, ин ақида ба ҳуқуқи баробарии ҷомеаи рома («ҷӯгиҳо» - нодуруст аст) мухолифат мекунад  - ҳуқуқи таъқиб нагардидан, ҳуқуқи муносибати шоиста, дахлнопазирии шахсӣ ва ҳуқуқи гунаҳкор ҳисобида нашудан, то он ки аз тарафи қонун акси он исбот нашавад. Баръакси баробарӣ ин дискриминатсия мебошад ва ин мисол маънои дақиқи инро дорад. диБину  ҳатлил ҳапн раканд. Муаллифи ин пост, хушунатро ташвиқ карда, мардуми гуруҳи этникии ромиро манфӣ умум мекунад.

Истилоҳи "сухани нафратангез" танҳо дар чунин ҳолатҳо истифода мешавад. Вақте, ки мо муайян кардем, ки гуфторе ҳуқуқҳоеро, ки ҳаёти моро озод ва бехатар мегардонанд, вайрон мекунад, мо бар зидди сухани нафратангез метавонем чора андешем. Чунин чораҳо метавонанд ҳамчун огоҳӣ ба муаллиф, нест кардани шарҳҳо дар шабака ва дар ҳолатҳои ҷиддӣ - тафтишот ва суд бошанд.

Сухани нафратангез инсонро поймол мекунад. Аз ин рӯ, ОДАМОНро аз он муҳофизат кардан лозим аст, на балки консепсияҳои абстрактӣ (масалан, Ватан, парчам, ақидаҳои динӣ). Муҳокима ва  танқиди фикру ақида ва ғояҳо шояд ва бояд аст. Ҳангоми муайян кардани нутқи нафратангез, фаҳмидани хати байни танқиди ғояҳо ва табъиз нисбати одам зарур аст, зеро он кӣ буданашро муайян мекунад - чинӣ, истифодабарандаи аробачаи маъюбӣ, зан, шахси динӣ ё атеист.

 

Сарчашма

ARTICLE 19. (2019). Мафҳуми «сухани нафрат»: Дастури амалӣ (Нашриет 2015 сол).

*Намунаҳои сухани нафратангез, ки дар викторина оварда шудааст, аз медиа мониторҳои лоиҳаи BRYCA гирифта мутобиқ карда шудаанд. Ҳеҷ кадоме аз мисолҳои сухани нафратангези дар боло овардашуда, нуқтаи назари гурӯҳи лоиҳаи BRYCA, шарикони лоиҳаи BRYCA ва Иттиҳоди Аврупоро инъикос намекунад. Намунаҳо барои мақсадҳои таълимӣ нигаронида шудаанд ва ба мубориза бар зидди сухани нафратангез равона шудаанд, на балки барои тарғиб.

* Ҳоло, биёед кӯшиш кунем бифаҳмем, ки оё ин ибораҳо сухани нафратангез ҳастанд (таърифро санҷед):

Ин бозии иттилоотӣ-маърифатӣ барои ҷавонон дар Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешбинӣ шудааст.

Платформа бо назардошти талаботи қонунгузории давлатҳои шарик сохта шудааст. Ҳама намунаҳои дар ин бозӣ истифодашуда танҳо ба мақсадҳои таълимӣ мансубанд ва ҳеҷ гуна нияти ғайриқонунӣ надоранд. Бо оғози истифода аз платформа муштарӣ фаҳмиши худро тасдиқ карда, бо мақсадҳо ва вазифаҳои дар боло зикршудаи ин бозӣ розигӣ медиҳад.