Дождитесь окончания загрузки
Модальное окно "Дорогой друг, прими участие в опросе"
preview Бозгашт

Кликбейт чист ва чӣ тавр бояд онро шинохт?

08.01.2021 • 15:51

 Биёед бифаҳмем, ки кликбейт чист, он бад аст ё хуб ва онро аз рӯи кадом хусусиятҳо      муайян кардан  мумкин аст.

 Вожаи  кликбейт аз калимаи англисии "clickbait", click "пахши тугмача" + bait "дом" аст.  Ба ибораи дигар, ин як навъ доме мебошад, ки шуморо  ба пахш кардани пайванд водор мекунад.  Ин истилоҳи таҳқиромезро  барои номбурди маълумоте дар сомона истифода мебаранд, ки ҳадафи он ба даст овардани даромад аз таблиғи онлайн, алахусус, бо истифодаи бурдани иттилооти сифаташ ё дараҷаи эътимоднокиаш паст мебошад (Кликбейт, 2020).  Баъзан, мақсади таблиғ  ба даст овардани даромад нест, аммо ҳадаф ҳамон аст – муаллифи кликбейт мехоҳад, ки хонанда пайванди мундариҷаи ӯро пахш  кунад.

 Кликбейт метавонад аз сарлавҳаҳо ва тасвирҳои диққат ҷалбкунандаю овозадор иборат бошад (Гордовский, 2019).  Зимнан, мазмуни сарлавҳа  ба мундариҷаи ахбор ё маҳсулоте, ки он ба он оварда мерасонад, мувофиқат карданаш ҳатмӣ нест.  Чунин сарлавҳаҳо иттилоотро махсусан дар шакли комил  намедиҳанд, то таваҷҷӯҳи моро бедор кунанд ва моро маҷбур кунанд, ки ба пайванд пайравӣ намоем.  Огоҳ бошед, ки аксар вақт, шумо ноумед мешавед - пайванд ба шумо як аксия барои маҳсулоти шубҳанок ё ҳатто бадтараш вирусро боз мекунад.

 Дар сарлавҳаҳо ё тавсифи кӯтоҳи маводҳои кликбейтӣ аксар вақт ибораҳои қолабиро пайдо кардан мумкин аст.  Дар ҷадвали зерин намунаҳои маъмулӣ оварда шудаанд (Яндекс.Дзен, б. д.; Dr.WEB, б. д.):

 

Аломат

Намуна

Ниҳон кардани иттилооте, ки бидуни он мазмуни маводро фаҳмидан ғайриимкон аст.

Шумо ҳеҷ гоҳ бовар намекунед, ки кӣ дар болои қолини сурх афтод ...

Муболиға ё тахрифи далелхо.

Олимон ошкор карданд: ба сайёра муддати зиёд намондааст ...

Сиғаи амрӣ, муроҷиат бо истифодаи "ту"

Ту ҳатто бовар намекунӣ, ки ҳукумат чиро махфӣ мекунад!  Барои фаҳмидан ин пайвандро пахш намо!

Таҳрифи матн: фосилаҳои зиёдатӣ ё набудани онҳо, хатогиҳои имлоӣ

Парҳези нави СИТОРАҲО!  Пеш аз он, ки ин маълумотро  пок мекунанд, бихон!

 Мавзӯъҳои маъмултарин: сиёсат, одамони маъруф, бемориҳои бофтаи онҳо, марги қалбакӣ, ҷанҷолҳо дар ҳаёти шахсӣ, пешгӯиҳо, супердастгоҳҳҳои нав, доруҳои мӯъҷизавӣ ва ғайра (Гордовский, 2019).

 Дарвоқеъ, кликбейтро бо хусусиятҳои зерин муайян кардан мумкин аст (Гордовский, 2019):

  • Матн чунин таассурот мебахшад, ки шахс онро саросемавор менавишт ва барои мубодилаи иттилоот шитоб мекард - вергулҳо ё фосилаҳое, ки дар қисми ҷолибтарини ҷумла канда мешаванд;
  • Истифодаи мундариҷаи мутаҳайиркунанда;
  • Истифодаи мемҳои маъмул;
  • Тир, доира, гирифтани сарлавҳа ё ягон  чизеро дар расм дар давра;
  • Истифодаи мавзӯи дар айни замон маъмул - коронавирус, тӯйи шахси машхур ва ғ.;
  • Истифодаи воҳидҳои фразеологӣ, зарбулмасалу мақолҳо ва иқтибосҳои машҳур.

 Оё кликбейт падидаи манфӣ аст?  Аксари вақтҳо, бале.  Сарлавҳаҳо ва тасвирҳои кликбейтӣ аз эҳсосоти мо  истифода мебаранд, вақти моро беҳуда сарф мекунанд ва моро гумроҳ мекунанд. берКибуллинг, моббербингки  Амнтарин рафтор ин тамоман пахш накардани онҳост.  Дар викторинаи дар поён овардашуда, мо намунаҳои кликбейтро интихоб кардем, то шумо онҳоро дар байни сарлавҳаҳои оддӣ пайдо кунед.

 Манбаъҳо:

Гордовский, Д. (2019, август 17). Что такое кликбейт и стоит ли его использовать. Calltouch.Блог. https://blog.calltouch.ru/chto-takoe-klikbejt-i-stoit-li-ego-ispolzovat/

Кликбейт. (2020). Дар Википедия. https://ru.wikipedia.org/w/index.php?title=%D0%9A%D0%BB%D0%B8%D0%BA%D0%B1%D0%B5%D0%B9%D1%82&oldid=109019737

Яндекс.Дзен. (б. д.). Кликбейт—Яндекс.Дзен. Кӯмак  [Concept]. Яндекс Кӯмак.  28 декабрь 2020 с.  истихроҷ шудааст,  аз https://yandex.ru/support/zen/requirements/clickbait.html

Dr.WEB. (б. д.). ПоКЛИКаем. «Антивирусная правДА!»  28 декабрь 2020 с. истихроҷ шудааст, аз https://www.drweb.ru/pravda?number=1089&lng=ru

 

Ин бозии иттилоотӣ-маърифатӣ барои ҷавонон дар Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешбинӣ шудааст.

Платформа бо назардошти талаботи қонунгузории давлатҳои шарик сохта шудааст. Ҳама намунаҳои дар ин бозӣ истифодашуда танҳо ба мақсадҳои таълимӣ мансубанд ва ҳеҷ гуна нияти ғайриқонунӣ надоранд. Бо оғози истифода аз платформа муштарӣ фаҳмиши худро тасдиқ карда, бо мақсадҳо ва вазифаҳои дар боло зикршудаи ин бозӣ розигӣ медиҳад.