Политика конфиденциальности
Дождитесь окончания загрузки
Бозгашт

Сиёсати ҳифзи махфият

Сиёсати махфият

1. Дар ин сиёсати махфият истилоҳҳои зерин истифода мешаванд:

1.1. "Маъмурияти сомонаи барномаи мобилии "Qlever" (минбаъд "Маъмурияти сомонаи барномаи мобилӣ" номида мешавад)" - кормандоне, ки барои идора кардани сомонаи барномаи мобилӣ  ваколатдоранд ва аз номи ТҶ "Гурдофарид"  амал мекунанд, коркарди   маълумотҳои шахсиро ташкил ва (ё ) амалӣ мекунанд ва инчунин мақсадҳои коркарди маълумоти шахсӣ, таркиби маълумоти шахсии истифодабаранда, амале (амалиёте), ки бо маълумоти шахсӣ иҷро карда мешавад, муайян мекунанд.

1.2. "Маълумоти шахсӣ"- ин ҳама гуна иттилооте, ки бевосита ё бавосита ба шахси воқеии мушаххасшуда ё мушаххасшаванда мансуб аст (субъекти маълумоти шахсӣ).

1.3. "Коркарди маълумоти шахсӣ" - ҳама гуна амал (амалиёт) ё маҷмӯи амалҳо (амалиётҳо), бо истифодаи воситаҳои автоматика ё бидуни истифодаи ин воситаҳо бо маълумоти шахсӣ иҷро карда мешаванд, аз ҷумла ҷамъоварӣ, сабт кардан, систематизатсия, захиранамоӣ, нигоҳдорӣ, саҳеҳнамоӣ (азнавсозӣ, тағирдиҳӣ), истихроҷ, истифода, интиқол (тақсимот, таъмин, дастрасӣ), ғайришахсисозӣ , махкамнамоӣ, несткунӣ, нобуд  кардани маълумоти шахсӣ.

1.4. “Махфияти маълумоти шахсӣ” талаботи ҳатмӣ барои Оператор ё ҳар шахси дигаре мебошад, ки ба маълумотҳои шахсӣ дастрасӣ пайдо кардааст ва бе розигии субъекти маълумоти шахсӣ ё дигар асосҳои ҳуқуқӣ  паҳн кардани онҳоро надорад. 

1.5. "Истифодабарандаи сомонаи барномаи мобилии "Qlever" (минбаъд Истифодабаранда)" шахсе, ки ба сомонаи www.qlever.asia, барномаи мобилӣ тавассути Интернет ва истифодаи барномаи “Qlever” дастрасӣ дорад.

1.6. "IP-суроға" ин суроғаи ягонаи шабакавии гиреҳ дар шабакаи компютерӣ, ки бо истифодаи протоколи IP сохта шудааст.

2. Муқаррароти умумӣ

2.1. Истифодабарии сомонаи барномаи мобилии ”Qlever” маънои қабули ин Сиёсати махфият ва шартҳои коркарди маълумоти шахсии Истифодабарандаро дорад.

2.2. Дар ҳолати ихтилоф бо шартҳои Сиёсати махфият, Истифодабаранда бояд истифодаи сомона, барномаи мобилии "Qlever"-ро қатъ кунад.

2.3. Ин Сиёсати махфият танҳо ба сомонаи барномаи мобилии "Qlever"  дахл дорад. "Qlever" барои сомонаҳои шахсони сеюм масъул нест ва онҳоро  назорат намекунад ва Истифодабаранда метавонад ба он сомонаҳо бо пахш кардани пайвандҳо  дар сомонаи барномаи мобилии "Qlever"  гузарад .

2.4. Маъмурияти сомонаи барномаи мобилии "Qlever" дурустии маълумоти шахсӣ аз ҷониби Истифодабарандаи  сомонаи барномаи мобилии "Qlever"  додашударо тафтиш намекунад .

3. Мавзӯи Сиёсати махфият

3.1. Ин Сиёсати махфият ӯҳдадориҳои маъмурияти сомонаи барномаи мобилии ”Qlever”-ро барои ифшо накардан ва ҳифзи махфияти маълумоти шахсӣ, ки Истифодабаранда бо дархости Маъмурияти сомонаи барномаи мобилӣ, ҳангоми сабти ном дар вебсомонаи барномаи мобилии ”Qlever” ё ҳангоми ҷойгир кардани фармоиш таъмин менамояд, муқаррар мекунад.

3.2. Тамоми маълумоти шахсии дигари дар боло зикрнашуда, ба нигоҳдории бехатар ва  паҳннашавии боэътимод кафолат дода мешавад.

4. Мақсади ҷамъоварии маълумоти шахсии истифодабаранда

4.1. Маълумотҳои шахсии Истифодабарандаро маъмурияти сомона барои мақсадҳои зерин истифода бурда метавонад:

4.1.1. Муайянсозии Истифодабарандаи ба қайд гирифта шуда, дар сомона аз ҷониби барномаи мобилии "Qlever" барои ҷойгиркунии фармоиш аз сомонаи барномаи мобилии "Qlever". 

4.1.2. Ба Истифодабаранда таъмин намудани дастрасӣ ба захираҳои фардикардашудаи сомонаи барномаи мобилии "Qlever".

4.1.3. Ҷорӣ  кардани алоқаи баракс бо Истифодабаранда, инчунин фиристодани огоҳиномаҳо, дархостҳо дар бораи истифодаи сомонаи барномаи мобилии "Qlever", хизматрасонӣ, коркарди дархостҳо ва аризаҳо аз Истифодабаранда.

4.1.4. Тасдиқи дақиқ ва пуррагии маълумоти шахсии пешниҳоднамудаи Истифодабаранда.

4.1.6. Сохтани  ҳисоби шахсӣ барои харид, агар Истифодабаранда ба он розигӣ диҳад.

4.1.8. Таъмини Истифодабаранда бо дастгирии техникии мизоҷони муассир дар ҳолати мушкилот марбут ба истифодаи сомонаи барномаи мобилии "Qlever".

5. Усул ва шартҳои коркарди маълумоти шахсӣ

5.1. Коркарди маълумоти шахсии Истифодабаранда бо истифодаи ҳама гуна усулҳои қонунӣ сурат мегирад, аз ҷумла дар системаҳои иттилооти маълумоти шахсӣ бо истифода аз воситаҳои  автоматикунонидашуда ё бидуни истифодаи ин васоилҳо.

5.2. Истифодабаранда  розӣ аст, ки Маъмурияти сомонаи барномаи мобилӣ ҳуқуқ дорад маълумоти шахсиро танҳо бо мақсади иҷрои фармоиши таҳвили молҳои Истифодабаранда, ки дар сомонаи барномаи мобилии "Qlever",  ҷойгир карда шудааст, ба шахсони сеюм, алахусус, хадамоти курьерӣ, ташкилотҳои почта, операторони телекоммуникатсионӣ ва инчунин бо дархости мақомотҳои ваколатдори давлатӣ интиқол диҳад.

5.3. Маълумоти шахсии Истифодабаранда то лаҳзаи расидан ба ҳадафҳои коркарди маълумоти шахсӣ ё то лаҳзаи нолозим шудан ба ҳадафҳои дар ин Сиёсати махфият пешбинишуда, инчунин дар доираи мӯҳлати иҷозатшудаи нигаҳдории маълумоти шахсӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ дошта мешавад .

5.4. Дар сурати гум кардан ё ифшои маълумоти шахсӣ Маъмурияти сомонаи барномаи мобилӣ, Истифодабарандаро дар бораи гум кардан ё ифшои маълумоти шахсӣ хабардор мекунад.

5.5. Маъмурияти вебсомонаи барномаи мобилӣ барои муҳофизати маълумоти шахсии Истифодабаранда аз дастрасии беиҷозат ё тасодуфӣ, нест кардан, тағир додан, махдуд кардан, нусхабардорӣ, паҳнкунӣ, инчунин дигар амалҳои ғайриқонунии шахсони сеюм чораҳои ташкилӣ ва техникиро меандешад.

5.6. Маъмурияти сомонаи барномаи мобилӣ дар якҷоягӣ бо Истифодабаранда, барои пешгирӣ кардани талафот ё дигар оқибатҳои манфӣ, ки дар натиҷаи гум шудан ё ифшо кардани маълумоти шахсии Истифодабаранда ба амал омадаанд, тамоми чораҳои заруриро меандешад.

6. Ӯҳдадориҳои тарафҳо

6.1. Истифодабаранда вазифадор аст:

6.1.1. Маълумотро дар бораи маълумоти шахсӣ, ки барои истифодаи сомонаи барномаи мобилии "Qlever" заруранд, пешниҳод кунад.

6.1.2. Дар ҳолати тағир ёфтани ин маълумот, маълумоти пешниҳодшударо дар бораи маълумоти шахсӣ иваз намояд.

6.2. Маъмурияти сомона вазифадор аст:

6.2.1. Маълумоти гирифташударо танҳо барои мақсадҳои дар банди 4 ин Сиёсати Махфият пешбинишуда истифода барад.

6.2.2. Махфӣ нигоҳ доштани иттилооти махфиро таъмин кунад, бидуни иҷозати пешакии хаттии Истифодабаранда, маълумотҳои шахсии Истифодабарандаро интиқол, мубодила, интишор ва ошкор накунад, ба истиснои ҳолатҳои дар зербандҳои  5.2. ва 5.3. ин Сиёсати Махфият зикршуда.

6.2.3. Барои муҳофизати махфияти маълумоти шахсии Истифодабаранда, мувофиқи меъёрҳое, ки одатан барои ҳимояи ин гуна маълумот дар амалиётҳои мавҷудаи корӣ истифода мешавад, чораҳо андешад.

6.2.4. Аз лаҳзаи тамос ё дархости Истифодабаранда ё намояндаи қонунии ӯ ё мақоми ваколатдор оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои субъектҳои маълумоти шахсӣ, дар сурати ошкор кардани маълумоти носаҳеҳ ё амалҳои ғайриқонунӣ, маълумоти шахсии марбут ба Истифодабарандаи дахлдорро манъ кунад.

7. Ӯҳдадориҳои тарафҳо

7.1. Маъмурияти сомонаи барномаи мобилӣ, ки ӯҳдадориҳои худро иҷро накардааст, барои ҷуброни зиён, на зиёда  аз маблағи умумии фармоиши ҷории Истифодабаранда, ки бинобар истифодаи ғайриқонунии маълумоти шахсӣ расидааст, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои ҳолатҳои дар зер бандҳои 5.2., 5.3. ва 7.2. ин Сиёсати махфият пешбинишуда, масъул аст. .

7.2. Дар сурати гум кардан ё ифшои маълумоти махфӣ, Маъмурияти сомона масъул нест, агар ин маълумоти махфӣ:

7.2.1. То гум шудан ё ифшои он дастраси омма  гардидааст.

7.2.2. Аз тарафи сеюм гирифта шудааст, то он даме ки он аз ҷониби Маъмурияти сомона дастрас  шуда бошад.

7.2.3. Бо розигии Истифодабаранда ошкор карда шудааст.

8. Ҳалли баҳсҳо

8.1. Пеш аз муроҷиат кардан ба суд оид ба баҳсҳое, ки аз муносибатҳои байни Маъмурияти сомонаи барномаи мобилии "Qlever" ва Истифодабаранда бармеояд, бояд шикоят пешниҳод карда шавад (пешниҳоди хаттӣ дар бораи ихтиёран ҳал кардани баҳс).

8.2. Қабулкунанда дар давоми 30 рӯзи тақвимӣ аз лаҳзаи гирифтани дархост бояд  аризадиҳандаро дар бораи натиҷаи баррасии талабот ба таври хаттӣ хабардор созад.

8.3. Дар сурати нарасидан ба  созиш, баҳс ба мақомоти судӣ, мувофиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида мешавад .

8.4.  Ба ин Сиёсати махфият ва муносибати байни Истифодабаранда ва Маъмурияти сомонаи барномаи мобилӣ қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурда мешавад.

9. Шартҳои иловагӣ

9.1. Маъмурияти сомонаи барномаи мобилӣ, ҳуқуқ дорад ба ин Сиёсати махфият бе розигии Истифодабаранда тағирот ворид кунад.

9.2. Сиёсати нави махфият  аз лаҳзаи интишори он дар сомонаи барномаи мобилии "Qlever", эътибор пайдо мекунад, агар дар таҳрири нави Сиёсати махфият тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад