Информация о проекте
Дождитесь окончания загрузки
Бозгашт

Маълумот дар бораи лоиҳа

Дар бораи QLEVER+

Платформаи QLEVER як портали онлайнии таълимӣ ва фароғатӣ буда, аз ҷониби гурӯҳи шарикон барои рушди тафаккури интиқодӣ ва баланд бардоштани устувории ҷавонони осебпазири Осиёи Марказӣ ба маълумоти бардурӯғ, таблиғ, радикализми хушунатбор ва паҳншавии алфози қабеҳ ва нафратовар дар Интернет тавассути бозиҳои мавзӯӣ ва ҳавасмандӣ, таҳия шудааст.

Аудиторияи асосии QLEVER ҷавонони манотиқи дурдасти кишварҳои Осиёи Марказӣ - Қирғизистон, Қазоқистон ва Тоҷикистон, ки синнашон аз 12 то 35 сола, ва дар Ӯзбекистон аз 18 то 35 солаанд, ба шумор меравад.

Иловатан ба бозиҳои таълимӣ ва фароғатӣ, ки аз ҷониби шарикон барои баланд бардоштани сатҳи саводнокии расонаӣ ва иттилоотӣ таҳия шудаанд, платформа дорои маводи иттилоотӣ, пурсишҳои интерактивӣ, викторинаҳо ва ғайра мебошад. Холҳои дар раванди бозиҳо бадастовардаро, истифодабарандагони платформа метавонанд дар бахши "мағоза" ба тӯҳфаҳои воқеӣ иваз намоянд.

Истифодаи платформа ройгон буда, аз корбарон сармоягузории пулӣ ё дигар кӯмаки моддиро талаб намекунад. Хизматрасонӣ танҳо бо мақсади ғайритиҷоратӣ истифода шуда, ягон намуди хизматрасонии тиҷоратиро пешкаш намекунад.

Тамоми маводҳои платформа ба забонҳои қазоқӣ, қирғизӣ, тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва русӣ дастрасанд.

QLEVER барои васоити рақамӣ дар асоси системаи оператсионии Android фаъол буда, ҳамзамон вебсойти www.qlever.asia бо истифода аз браузерҳои Chrome, Mozilla Firefox, Microsoft Edge, Safari, Opera дастрас аст.

Барои корбари шахсияташро тасдиқкарда ҳама функсия ва ҷузъҳои платформа дастрас мебошанд. Барои дастрасии пурра, бояд тартиби сабти номро анҷом дод. Пеш аз бақайдгирӣ, корбар бояд шартҳои “Шартномаи корбар” ва “Сиёсати махфият”-ро хонда, онҳоро қабул кунад.

Платформа аз моҳи феврали соли 2024 дар доираи лоиҳаи «Такмили ҳуқуқ ва имкониятҳои ҷавонони осебпазири Осиёи Марказӣ барои муқовимат ба алфози қабеҳ ва таблиғ, тавассути бозиҳои таълимӣ (QLEVER+)» бо дастгирии Идораи демократия, ҳуқуқи инсон ва меҳнати Департаменти давлатии ИМА (DRL) фаъолият мекунад.

Шарикони татбиқкунандаи лоиҳа: ERIM (Ҳуқуқи баробар ва ВАО-и мустақил, Фаронса), Фонди ҷамъиятии «Маркази байналмилалии журналистика MediaNet» (Қазоқистон), Фонди ҷамъиятии «Медиа Сабақ» (Қирғизистон) ва Ташкилоти ҷамъиятии «Гурдофарид» (Тоҷикистон). Ин лоиҳа идомаи мантиқии лоиҳаи BRYCA мебошад, ки аз ҷониби шарикон дар солҳои 2020-2022 бомуваффақият амалӣ карда шуд.

Барои дарёфти маълумоти бештар ба суроғаҳои зерин муроҷиат карда метавонед:

Қазоқистон

Email: info@medianet.ngo

Телефон: +7 727 339 0552

 

Қирғизистон

Email: mediasabakkg@gmail.com

Телефон: +(996) 701 75 38 37

 

Тоҷикистон

Email: qlever.tj@gmail.com

Телефон: +992(92) 555 84 84

 

Ӯзбекистон

Email: cdmjuz@gmail.com / sandrasulaymanova@gmail.com

Телефон: +998 (97) 156-51-22