Вақтҳои охир дар интернет маълумоти зиёди бардурӯғ паҳн мешавад. Барои бохабар мондан ва ба фейк наафтода, хабарро бодиққат омӯзед.
⚠️Ба каналҳои телеграми беном, ки фейкро паҳн мекунанд, обуна нашавед. Аксари каналҳои телеграми беном аз таблиғ пул кор мекунанд. Ягон манбаи номаълуми иттилоот, боваринок нест. Беҳтар аст, ки манбаи аслии иттилоотро пайдо кунед.
⚠️️Манбаъҳои боэътимодро истифода баред. Лоиҳаҳо (расмӣ ва мустақил), ки хабарҳои қалбакиро тафтиш мекунанд:
⚠️Ба овозаҳо ва скриншотҳои пастсифат бовар накунед. Ҳама хабарҳоро бодиққат хонед. Ба видео ва акси аслӣ метавонанд шарҳи қалбакӣ гузоранд ва матни хабар бошад ба сарлавҳа мувофиқат намекунад.
⚠️Дар хотир доред, ки ба ҳар чизе ки дар шабака навишта шудааст, набояд бовар кард. Шумо бояд ҳама гуна маълумотро тафтиш ва таҳлил кунед! Санаи хабарро санҷед, зеро аксар вақт кӯҳнаро ҳамчун нав мегузоранд ва ҷои ҳодиса низ иваз карда мешавад.
Чӣ тавр мустақилона ҷустуҷӯ ва тафтиш кардани суратҳо ва видеоҳоро хотиррасон мекунем:
?Фактчеки аксҳо ва видеоҳо: https://tj.qlever.asia/interest/106
?Фактчекинг ва тасдиқи матн: https://tj.qlever.asia/interest/101
?Инструменҳо барои тафтиши аксҳо ва видеоҳо: Google Image Search, RevEye, Forensically, inVid, TinEye.
?Ҷузъиётро омӯзед: номҳои кӯчаҳо, рамзҳо, рақамҳои мошин, обу ҳаво - ҳар гуна номувофиқӣ метавонад фейкро ошкор кунад.
Мо барои он чизе ки менависем, лайк мемонем, репост мекунем, масъулем!
Аз нигоҳи интиқодӣ фикр кун, саводи расонаӣ дошта бош!