Дождитесь окончания загрузки
Бозгашт

Созишнома оиди истифодабарӣ

Созишномаи истифодабарӣ

 Созишномаи истифодабарии мазкур (минбаъд Созишнома), пешниҳоди соҳибони платформаи таълимӣ ва фароғатии "Qlever" (минбаъд "Маъмурияти Платформа") оиди бастани созишнома дар асоси шартҳои дар зер нишондодашуда барои шахсони воқеие, ки иттилоотро дар ин манбаъ интишор мекунанд, ё аз он истифода мебаранд (минбаъд "Истифодабаранда") мебошад.

Шартҳои истифодаи Платформа ба Созишномаи мазкур замима  мешаванд.

1. Муқаррароти умумӣ

1.1. Дар ҳама фаслҳои Созишномаи мазкур, дар ҳуҷҷатҳо ва муносибатҳои ба миён омада, ё ба он марбут дар байни Тарафҳо истилоҳот ва мафҳумҳои зерин истифода мешаванд:

Администратор - корманди ваколатдори идоракунии сомона, ки аз номи Платформаи "Qlever" амал мекунад ва коркарди маълумотҳои шахсии Истифодабарандагонро ташкил ва (ё) иҷро мекунад, ва инчунин тафтишоти аслияти Истифодабарандагонро амалӣ мекунад, қисматҳои хабарҳо, бозиҳо, саволномаҳо ва санҷишҳоро идора мекунад, модератори форум мебошад, мукофотҳоро илова/хориҷ мекунад ва ба истифодабарандагон дар истифодаи Платформа дастгирӣ ва кӯмак мерасонад.

Мундариҷа - тасвирҳо, маводҳои матнӣ, овозӣ ва видео, инчунин дигар объектҳои ҳуқуқи муаллифӣ ва (ё) ҳуқуқҳои вобаста ба он, инчунин иттилоот ва хабарҳои навъи гуногун, ки дорои чунин хусусиятҳо нестанд.

Махфияти маълумотҳои шахсӣ талаботи ҳатмӣ барои Администратор ё шахси дигаре, ки ба маълумотҳои шахсӣ дастрасӣ дорад, оиди таъмини риояи он  бо мақсади пешгирии паҳншавии маълумоти шахсӣ бидуни розигии субъекти он ё дигар асосҳои ҳуқуқӣ.

Барномаи мобилӣ - барои насб ва истифода кардан, дар телефони мобилӣ пешбинӣ шудааст, ки ба Истифодабаранда имкон медиҳад бо истифода аз шабакаи Интернет ба хидмат дастрасӣ пайдо  кунад.

Маълумоти шахсӣ - ҳама гуна иттилооте, ки Истифодабаранда мустақилона ҳангоми бақайдгирӣ (эҷоди профили Истифодабаранда) ё дар ҷараёни истифодаи сомона пешниҳод мекунад, аз ҷумла, маълумоти шахсии Истифодабаранда, ки ба таври автоматикӣ  ҳангоми истифодаи Платформа ба воситаи  нармафзори дар дастгоҳи Истифодабаранда насбшуда ба маъмурияти Платформа интиқол дода мешавад ба монанди  суроғаи IP, маълумот аз куки, инчунин дигар маълумот дар бораи Истифодабаранда.

Истифодабаранда - шахси воқеие, ки бо манфиати худ ба Шартномаи мазкур ҳамроҳ шудааст ё аз ном ва ба манфиати шахсе  намояндагӣ мекунад.

Ҷоизаҳо –неъматҳои моддии аз тарафи Маъмурияти Платформа муайяншаванда, ки  ҳангоми анҷоми бомуваффақияти бозиҳо ва санҷишҳо  Истифодабарандагон метавонанд ба даст оранд, ки ҳамчун  як роҳи  таъсири мусбӣ  ва баланд бардоштани сатҳи иштироки Истифодабарандагон дар истифодаи хизматрасонӣ татбиқ карда мешавад ва аз ҳисоби маблағҳои грантии лоиҳаи BRYCA таъмин карда мешавад.

Хизматрасонӣ - функсияҳои асосии Платформа, ки маҷмӯи  маълумот, фармонҳо ва намоишҳои аудиовизуалӣ, бозиҳо, мукофотҳои пайдарҳам фаъолшаванда барои ба даст овардани як натиҷаи муайян аз тарафи Истифодабаранда мувофиқи сенарияи бозиро дарбар мегирад. 

Созишнома- ҳуҷҷати мазкур бо ҳамаи иловаҳо, тағйирот ва ҳуҷҷатҳои дар он зикршуда  ва инчунин ба шартномаҳои иловагии дар заминаи он басташуда.

Дастгоҳ - компютери шахсӣ, планшет, телефони мобилӣ, коммуникатор, смартфон ё дигар дастгоҳ, ки истифодаи платформаро бо мақсадҳои функсионалиаш имкон медиҳад.

Веб-версия як системаи автоматикии иттилоотӣ мебошад, ки дар Интернет дар суроғаҳои шабакавӣ  дар домени зерин мавҷуд аст: www.qlever.asia

1.2. Дар Шартномаи мазкур метавонанд истилоҳҳо ва мафҳумҳои дигаре, ки дар банди 1.1. нишон дода  нашудаанд, истифода шаванд, ки мувофиқи маънии  матни умумии Созишномаи истифодабарӣ  маънидод карда мешаванд. Дар ҳолати ихтилофот дар тафсири истилоҳот, мафҳумҳо ва ибораҳои дар Платформа истифодашуда, тафсири аз ҷониби Маъмурияти сайт муайян шуда, татбиқ карда мешавад. Ҳангоми мавҷуд набудани шарҳи ягонаи истилоҳот ё мафҳум дар матни Созишнома ва дигар ҳуҷҷатҳое, ки шартҳои Созишномаро ташкил медиҳанд, бояд  шарҳи он мутобиқи қонунгузории миллӣ ва баъдан меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, анъанаҳои корӣ ва доктринаи илмӣ роҳнамоӣ карда шаванд.

2. Мавзӯи шартнома

2.1. Созишномаи мазкур шартҳои истифода ва сиёсати махфияти   Платформаи  “Qlever”- ро муайян мекунад,  ки бо он истифодабаранда шинос шудааст ва аз лаҳзаи бақайдгирӣ дар Платформа ба шакли пурра  кабул мекунад, ва ўҳдадор мешавад, ки  онҳоро риоя намояд ва ё аз  истифодаи Платформа даст кашад. 

2.2. Дастрасӣ ба Платформа, истифодаи сайт ва/ё иҷрои ягон амалҳои дигар дар Платформа маънои онро дорад, ки Истифодабаранда розӣ аст ва ҳама шартҳои Созишномаи мазкурро риоя кунад. Сабти номи Истифодабаранда дар Платформа танҳо пас аз тасдиқи иловагии ӯ оид ба қабули ин Созишнома мумкин аст.

2.3. Пешниҳоди хизматрасонӣ тибқи муқаррароти Созишномаи мазкур ва инчунин ҳуҷҷатҳои иловагии ҳатмии дар асоси он қабулшудаЮ, барои ба танзим даровардани хусусиятҳои истифодаи мушаххас, ки Платформа дар саҳифаҳои дахлдор интишор менамояд, ба танзим дароварда мешавад.

2.4. Қисматҳо ва форумҳои ҷудогонаи платформаи “Qlever” метавонанд қоидаҳои иловагии худро дошта бошанд, ки талабот барои рафтори Истифодабарандаро дар  доираи он тафсил мекунанд.

3. Авторизатсия ва сабти ном

3.1. Бақайдгирӣ дар платформа ройгон аст ва функсияи он ройгон пешниҳод карда мешавад. Барои истифодаи имкониятҳо ва вазифаҳои Платформа Истифодабаранда мустақилона дар сомона сабти ном мекунад. Маъмурияти Платформа барои саҳеҳии маълумоте, ки Истифодабаранда ҳангоми бақайдгирӣ ва санҷиш ворид кардааст, масъул нест ва дар натиҷа ворид кардани маълумоти шахсии нодуруст метавонад ба имконнопазирии истифодаи хидмат оварда расонад. Бақайдгирӣ дар платформа дархостро дар бораи маълумоти зерини Истифодабаранда дарбар мегирад: рақами телефон, минтақаи истиқомат, синну сол, ҷинс.

3.2. Бо сабти ном дар  Платформа, Истифодабаранда кафолат медиҳад, ки ӯ шахси болиғ ва  мукаллаф ё волидайн ё дигар намояндаи қонунии (васӣ, парастори) ноболиғи  12-сола мебошад. Намояндаи қонунӣ ноболиғро дар сомона сабт намуда,  ӯро, бо гирифтани масъулият ба дӯши худ, сабти ном месозад. Намояндаи қонунӣ барои амалҳои ноболиғ дар доираи платформаи “Qlever” мутобиқи қонунгузории амалкунандаи миллӣ масъулиятро ба зимма дорад. Ҳангоми сабти ном, истифодабаранда кафолат медиҳад, ки вай барои истифодаи хадамоти онлайн маҳдудияти қонунӣ надорад. Дар ҳолати шубҳа ба татбиқи назорати падару модарӣ, маъмурияти Платформа ҳуқуқи аз байн бурдани  ҳисоби Истифодабарандаро бе ягон сабаб, нигоҳ медорад.

3.3. Бақайдгирӣ бо тасдиқ кардан бо рамзи махфии тавассути SMS – паёми   ба рақами муайяни телефонӣ равоншуда сурат мегирад. Пас аз тасдиқи коди махфӣ Истифодабаранда метавонад вориди система шавад. Ҳисобида мешавад, ки Истифодабаранда аз лаҳзаи бақайдгирӣ шартҳои Созишномаи мазкурро хуб медонад ва қабул мекунад. Ҳангоми эҷод кардани ҳисоб барои дастрасӣ ба платформа, Истифодабаранда кафолат медиҳад, ки он қудрат ва салоҳияти пурра барои бастан ва иҷрои Созишномаи Истифодабариро дорад.

3.4. Истифодабарандаи ба қайд гирифташуда метавонад аз хидмат пурра истифода барад ва ба ҳамаи бахшҳои Платформа дастрасӣ дошта бошад. Истифодабарандаи ба қайд гирифтанашуда ба  саҳифаҳои матнии Платформа бидуни имкониятҳои Истифодабарандаи ваколатдор дастрасӣ пайдо  карда метавонад .

3.5. Ҳангоми сабти ном дар сомона, Истифодабаранда ба гирифтани хабарҳо ва маводи таблиғотӣ марбут ба истифодаи сайт дар чорчӯбаи платформа розӣ мешавад. Дар ҳолати нияти барҳам додани обунашавӣ, Истифодабаранда метавонад ба Маъмурияти сомона нависад, то гирифтани ахборот ва маводи таблиғотиро рад кунад. Истифодабаранда наметавонад аз қабули паёмҳои хидматӣ аз Платформа даст кашад.

3.6. Интихоби ном (тахаллус/лақаб)-и  Истифодабаранда ҳуқуқи истисноии Истифодабаранда аст. Маъмурият ҳуқуқ дорад барои пешгирии истифодаи ном (тахаллус/лақаб) чораҳо андешад, агар имлои он логоҳо, тамғаҳои савдоӣ ва тамғаҳои ширкатҳои маъруфи ҷаҳониро такрор кунад, инчунин меъёрҳои умумиэътирофшудаи ахлоқӣ ва адабиро вайрон кунад ё барои Истифодабарандагони дигари Платформа таҳқиромез бошад. Бақайдгирии номҳои Истифодабарандагон, ки бо номҳои мавҷуда шабеҳ мебошанд ва метавонанд истифодабарандагони дигари “Qlever”- ро гумроҳ кунанд, манъ аст.

3.7. Номи инфиродии Истифодабаранда ва/ё гузарвожа  барои воридшавӣ дар сомона талаб карда мешавад. Бо воситаи онҳо, дастрасӣ ба он қисматҳои Платформа ва саҳифаҳои шахсӣ, ки танҳо ба Истифодабарандагони қайдшуда дастрасанд ва танҳо барои ин Истифодабаранда пешбинӣ шудаанд, дода мешавад. Истифодабаранда ӯҳдадор аст, ки тахаллус ва гузарвожаи худро ифшо накунад ва ба шахсони сеюм интиқол надиҳад, инчунин тамоми кӯшишҳои заруриро барои ҳифз кардани ин маълумот аз  шахсони сеюм  анҷом диҳад.

3.8. Агар дар Платформа бо истифода аз тахаллус ва гузарвожаи Истифодабаранда шахси дигаре ғайр аз Истифодабаранда ворид шавад, пас тамоми амалҳои аз ҷониби ин шахс содиршуда ҳамчун амалҳо аз ҷониби ин Истифодабаранда баррасӣ карда мешаванд. Истифодабаранда барои тамоми амалҳои анҷомдодааш дар Платформа, инчунин барои амалҳои аз ҷониби шахсони дигар бо истифода аз тахаллус ва гузарвожаи ин Истифодабаранда воридшуда ҷавобгар аст.

3.9. Истифодабаранда барои бехатарии гузарвожаи худ, инчунин барои оқибатҳои он, ки дар натиҷаи истифодаи беиҷозат ва/ё истифодаи дигар метавонад рух диҳад, масъул аст. Истифодабаранда вазифадор аст, ки ба таври фаврӣ Маъмурияти Платформаро дар бораи ҳама гуна ҳолати беиҷозати (аз ҷониби Истифодабаранда манъшуда) воридшавӣ ба сомона бо истифода тахаллус ва гузарвожаи Истифодабаранда ва/ё ҳама гуна вайронкунӣ (шубҳаи вайрон кардани) махфияти гузарвожаи худ фавран огоҳ намояд.

3.10. Маъмурияти Платформа, дар ҳолати аз даст рафтан ё носаҳеҳии маълумот, ки дар натиҷаи аз ҷониби Истифодабаранда вайрон кардани муқаррароти ин қисми Созишномаи мазкур ба амал омада метавонад, ҷавобгар нест.

4. Амалнамоии платформа ва истифодаи он

4.1. Платформаи таълимиву фароғатии "Qlever" барои рушди тафаккури интиқодӣ, шинос кардани Истифодабарандагон бо асосҳои саводнокии расонавӣ тавассути бозиҳои мобилӣ бо унсурҳои фароғатӣ ва таълимӣ пешбинӣ шудааст. Платформа дар намуди веб ва барои дастгоҳҳои мобилӣ дар асоси нармафзори Android дастрас аст. Мувофиқи талаботи муқарраршудаи техникӣ истифодаи Платформа танҳо дар режими интерактивӣ (онлайн) имконпазир аст ва аз ин рӯ Истифодабаранда бояд пайвасти интернетӣ дошта бошад. Истифодабаранда вазифадор аст, ки пайвасти интернетро нигоҳ дошта, тамоми хароҷотро барои дастрасӣ ба Интернет пардозад.

4.2. Маъмурияти платформа мундариҷа, аз ҷумла бозиҳоро, дар бахшҳои мувофиқ ҷойгир мекунад ва дастрасиро ба Истифодабарандагони сабти номшуда боз мекунад. Бозиҳои дар Платформа ҷойгир кардашуда дар хатар асос наёфтаанд ва ҳангоми истифодаи онҳо ҷой доштани хатарҳои молиявӣ ё моддӣ барои бозингарон имконнопазир аст. Натиҷаи бозиҳо аз маҳорат ва малакаҳои бозингар вобаста аст ва тасодуфӣ муайян карда намешавад. Истифодаи хидмати Платформа ё ҷузъҳои он, аз ҷумла бозиҳо, аз Истифодабарандагон пардохт,  саҳми пулӣ ё дигар навъи саҳми моддиро талаб намекунад.

4.3. Бозиҳои дар ин Платформа ҷой дошта метавонанд бо қисмати иттилоотии Платформа алоқаманд бошанд. Шиносоӣ бо бахшҳои навигарӣ, луғат ва дигар маводҳои дар Платформа ҷойгиршуда метавонад ба бомуваффақият анҷом додани бозиҳо мусоидат кунад. Ҳама ҳуқуқҳо ба моликияти зеҳнӣ ва дигар моликиятҳо дар робита ба Бозӣ, аз ҷумла, вале бе маҳдудият бо ин нуқтаҳои зикршуда, ҳама гуна тасвирҳои графикӣ, аксҳо, аниматсия, сабти видео, сабтҳои овозӣ, мусиқӣ, матн, маводҳои бо Бозӣ ҳамроҳ ва ҳама гуна қисмҳо ё нусхаҳои он ба Маъмурият ё соҳибони дахлдори ҳуқуқӣ тааллуқ доранд. Маъмурият ӯҳдадор мешавад, ки маълумоти шахсиеро, ки дар бораи бозингар ҳангоми истифодаи Бозӣ пешниҳод карда шудааст, махфӣ нигоҳ дорад, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузории амалкунандаи миллӣ пешбинӣ кардааст.

4.4. Истифодабаранда ҳуқуқ дорад тамоми амалҳои дар мантиқи бозӣ пешбинишударо иҷро намояд, қобилиятҳои техникиро барои назорати объектҳои бозӣ истифода барад, мубодилаи ашё ва арзишҳоро бо дигар Истифодабарандагон истифода барад. Истифодабаранда ӯҳдадор аст, ки бо рамзи барномавии бозиҳо дахолат накунад, бидуни иҷозати маъмурият дастрасӣ ба махзани маълумотҳои корбарони бозиҳо ё дигар маводеро, ки дар дастрасии умумӣ дар шабакаи Интернет нестанд, пайдо накунад. Истифодабаранда, ба истиснои тағир додани мундариҷа бо иҷозати соҳиби ҳуқуқи муаллиф, ҳақ надорад, маҳсулотеро дар асоси Бозӣ ё қисмҳои он истеҳсол намояд.

4.5. Истифодабаранда ҳуқуқ надорад, ки хатогиҳо ё камбудиҳои Бозиро барои ба даст овардани имкониятҳое, ки бозӣ пешбинӣ накардааст, истифода барад ва вазифадор аст фавран ба Маъмурият дар бораи онҳо ва инчунин дар бораи шахсоне, ки чунин хатогиҳо ё камбудиҳоро истифода мебаранд, хабар диҳад. Дар акси ҳол, бозингар аз ҳуқуқҳои дар Созишномаи мазкур пешбинишуда маҳрум карда мешавад. Истифодабаранда ҳуқуқ дорад даъво ва пешниҳодҳои марбутро оиди ба истифодаи Бозӣ ва раванди бозӣ ба контингенти махсуси коргарон - ба форумҳои бозӣ ё тавассути почтаи электронӣ ба суроғаҳои зикршуда фиристад.

4.6. Хадамоти Платформа имкони ба даст овардани ҷоизаҳоро дар шакли неъматҳои моддӣ, ки аз ҷониби Маъмурияти платформа мутобиқи ҳуҷҷати иловагии ин шартнома "Шартҳо ва қоидаҳои платформа" муайян шудааст, фароҳам меорад. Мукофотҳо танҳо пас аз пешрафти босифати корбар дар бозиҳо ва озмоишҳо дастрасанд. Ба даст овардани ҷоизаҳо шарти ҳатмии истифодаи Платформа нест ва бо дархост ва хоҳиши Истифодабаранда сурат мегирад. Истифодабаранда ҳуқуқ дорад, ки имкониятҳои хидматро дар доираи раванди бозӣ ва дар доираи муқарраркардаи Маъмурияти Платформа истифода барад.

4.7. Ҳуқуқи истифодаи ҷоизаҳо дар вақти пешниҳод кардани QR-код ва намудоршавии он дар саҳифаи шахсии Истифодабаранда додашуда ҳисобида мешавад. Ҳангоми дархост кардани мукофот, Истифодабаранда розӣ аст, ки дастурҳои роҳҳои дахлдори иҷроиши амал, инчунин талаботҳои муқарраршудаи гирифтани воқеии ҷоизаро риоя кунад. Истифодабаранда ӯҳдадор аст, ки ҳангоми бақайдгирӣ дар Платформа ва гирифтани ҷоизаҳо маълумоти саҳеҳи шахсиро пешниҳод кунад. Истифодабаранда мустақилона тамоми хавфҳои оқибатҳои манфии вобаста ба нишон додани маълумоти нодуруст ҳангоми гирифтани ҷоизаро бар дӯш мегирад. Дар ҳолати хариди мукофоте, ки (арзиши он аз 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар як сол зиёд аст), гирифтан / интиқол додани он ба ӯҳдадориҳои андоз вобастагӣ дорад, Истифодабаранда нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти гирандаи мукофотро (инчунин яке аз волидайн, васӣ ё дигар намояндаи қонунии истифодабарандаи ноболиғ) барои маъмурияти Платформа ё намояндагони он бо мақсади пардохти андози дахлдор медиҳад. Интиқоли мукофот танҳо ба шарте риоя мешавад, ки дастурҳо софдилона риоя карда шаванд ва қоидаҳои гирифтани он риоя карда шаванд. Пас аз интиқоли воқеӣ ба Истифодабаранда, Маъмурияти Платформа барои истифодаи минбаъда / истифода накардани мукофоти харидшуда масъул нест.

4.8.Истифодабаранда ҳамин тариқ тасдиқ мекунад, ки ӯ ҳуқуқи гирифтани ҷоизаҳои интихобшударо бидуни вайрон кардани ҳуқуқҳои шахсони сеюм ва қонунҳои татбиқшаванда дорад. Истифодабаранда ӯҳдадор аст, ки ба маъмурияти Платформа, Истифодабарандагони дигар ва шахсони сеюм барои тамоми зарари дар натиҷаи рафтори ғайриқонунии Истифодабаранда ба онҳо расонидашуда, аз ҷумла ҳангоми истифодаи маълумоте, ки ба он боварӣ надорад ё ба вай тааллуқ надорад, ҷуброн кунад.

5. Масъулияти тарафҳо

5.1. Маъмурияти Платформа кӯшиш менамояд, ки фаъолияти дурусти Платформаро шабонарӯзӣ таъмин намояд, аммо маъмурияти Платформа барои бо ягон сабаб ё монеа рух додани хатогиҳо дар  фаъолияти Платформа, ягон масъулият ба дӯш намегирад.

5.2. Маъмурияти Платформа кафолат намедиҳад, ки маълумоти дар Платформа ҷойгиршуда ҳар вақт дастрас хоҳад буд ё нест карда намешавад ё гум намешавад. Маъмурияти Платформа барои хатоҳо ва таъхир дар кори Платформа, инчунин оқибатҳои эҳтимолии чунин нокомӣ ва таъхирҳо масъул нест. 

5.3. Маъмурияти Платформа барои муҳофизати маълумоти шахсии Истифодабаранда аз дастрасии ғайриқонунӣ ё тасодуфӣ, несткунӣ, тағирдиҳӣ, махкамкунӣ, паҳнкунии беиҷозат, инчунин дигар амалҳои ғайриқонунии шахсони сеюм чораҳои зарурӣ ва кофии ташкилӣ ва техникиро меандешад. Иттилооти шахсии Истифодабарандагон танҳо ба мақсадҳо ва ҳадафҳои Платформа истифода мешавад ва барои мақсадҳои тиҷоратӣ истифода намешавад. Дар ҳеҷ сурат, маълумоти шахсии Истифодабарандагон ба шахсони сеюм берун аз маъмурияти Платформа интиқол дода намешавад.

5.4. Маъмурияти  Платформа ӯҳдадор аст, ки иттилоот дар бораи маълумотҳои шахсие, ки ба он дар рафти татбиқи фаъолияти хизматрасонии Платформа маълум шуданд, ошкор намесозад, инчунин барои ҳифзи маълумоти дар боло зикршуда аз кӯшиши ба даст овардан ва  нашр он  аз тарафи шахсони сеюм тамоми чораҳоро меандешад. Тамоми маълумоте, ки иттилоотро дар бораи маълумоти шахсии истифодабарандагон дарбар мегирад ва аз ҷониби маъмурияти Платформа дар шакли моддӣ ва ғайримоддӣ гирифта шудааст, ба таври қатъӣ моликияти лоиҳаи BRYCA бидуни ҳуқуқи интиқол додани берун аз консорсиуми лоиҳа мебошад.

5.5. Истифодабаранда розӣ аст, ки Маъмурияти сомона иттилооти шахсии Истифодабарандагонро  барои амалисозии истифодаи Хадамоти Платформа, инчунин фиристодани огоҳномаҳо, дархостҳо ва иттилоот дар бораи истифодаи Платформа, инчунин коркарди дархостҳо ва аризаҳо аз Истифодабаранда, такмил додани мундариҷаи Платформа, гузаронидани тадқиқотҳои оморӣ ва дигар дар асоси маълумоти бешахс кардашуда ва бурдани ҳисоби истифодабарандагони Платформа ҷамъоварӣ, ҳифз ва амалҳои дигари коркарднамоӣ менамояд.

5.6. Маъмурияти Платформа барои ҳеҷ гуна зиён, аз ҷумла фоидаи аздастрафта, зарари маънавӣ ва зарари дигаре, ки ба Истифодабаранда ё шахсони сеюм дар натиҷаи истифодаи Платформа ё дар робита бо фаъолияти Платформа расидааст, ва инчунин дар ҳама ҳолатҳои дигаре, ки дар ин ҷо пешбинӣ шудаанд, масъул нест. 

5.7. Истифодабаранда барои иттилооте, ки ӯ дар Платформа интишор кардааст ва/ё тавассути Платформа ба дигар Истифодабаранда ё шахсони сеюм додааст, аз ҷумла,  мундариҷаи он, вайрон кардани ҳуқуқи шахсони сеюм ба иттилооти интишоршуда ва/ё ирсолнамудаи Истифодабаранда масъул аст. Истифодабаранда зарари (аз он ҷумла фоидаи аздастрафта, зарари маънавӣ ва дигар) аз ҷониби истифодабарандагони дигар, шахсони сеюм ё маъмурияти Платформа дар натиҷаи вайронкуниҳо ва/ё интишори чунин иттилоотро дар Платформа ва/ё паёмҳо тавассути Платформа, инчунин содир кардани амалҳои дигар дар робита бо истифодаи Платформаро мустақилона ҷуброн мекунад. 

5.8. Ҳангоми истифодаи Платформа, Истифодабаранда ӯҳдадор мешавад, ки тавассути истифодаи маълумоти Платформа иттилооти зеринро ҷойгир накунад ё нафиристад:

- маълумоте, ки тӯҳмат, таҳқир, паст занандаи шаъну шарафи  шахсони сеюм, ё ки таҳдидро дарбар мегирад;        

- маълумоте, ки ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунан ҳифзшудаи шахсони сеюмро вайрон мекунад;      

- маълумоте, ки ҳуқуқи шаҳрвандон ба ҳаёти шахсӣ ва тартиботи ҷамъиятиро вайрон     мекунад;      

- маълумоте, ки таблиғи табъиз нисбат ба одамон бар асоси нажод, этникӣ, ҷинсӣ, динӣ, вазъи иҷтимоӣ, тамоюли ҷинсӣ ё дигар асосҳоро дарбар мегирад;        

- маълумоте, ки ба тағйири сохтори конститутсионӣ  мусоидат менамояд ва/ё даъват мекунад. 

- маълумоте, ки ба барангехтани ҷанг, адовати мазҳабӣ, нажодӣ ё қавмӣ, ки кӯшиши барангехтани адоват ё барангехтани зӯроварӣ, ки ҳуқуқҳои ақаллиятҳоро поймол мекунанд, оварда мерасонад.       

- маълумоте, ки дорои маводи порнографӣ ё дигар маводҳое, ки ба ахлоқ таҳқиромезанд;         

- маълумоте, ки дорои маводи экстремистӣ аст;        

- маълумоте, ки ҳиссиёти динии шаҳрвандонро  таҳқир мекунад;        

- маълумоти дорои  табиати «супоришӣ» дошта, яъне  иттилооте, ки ба манфиати ягон каси дигар эҷод шудааст ва бо мақсадҳои ташкили Платформа мувофиқат намекунад;        

- дар Платформа ва/ё тавассути Платформа вирусҳо ё дигар рамзҳои компютерӣ, файлҳо ё барномаҳое, ки барои вайрон, тағир додан, маҳв ё маҳдуд кардани функсияи ягон компютер ё таҷҳизоти телекоммуникатсионӣ ё барномаҳо, барои дастрасии беиҷозат, инчунин рақамҳои силсилавӣ ба маҳсулоти барномавии тиҷоратӣ ва барномаҳо барои тавлиди онҳо, тахаллусҳо, гузарвожаҳо ва воситаҳои дигар барои дастрасии беиҷозат ба сомона, инчунин ба захираҳои пулакӣ дар Интернет паҳн кардан манъ аст;        

- паҳн накардан ё истифода набурдани ягон навъи  барномаҳои компютерӣ, роботҳо ("тортанакҳо") ё дигар алгоритмҳои автоматӣ ва усулҳо, ки ба "кашидан" (ҷамъоварӣ), интиқоли ғайриқонунӣ, нусхабардорӣ, блокбандӣ, тағйирдиҳӣ, нест кардани иттилоот ва махзани маълумот равона шудаанд ва/ё истифода бурда мешаванд, инчунин инчунин барои рафъи маҳдудиятҳои муқарраркардаи маъмурияти Платформа лозиманд;    

- ҷойгир накардан ё бо дигар роҳ истифода бурдани иттилоот дар Платформа, ки бо қонуни моликияти зеҳнӣ ҳифз карда мешавад (аз ҷумла, вале бо ин маҳдуд намешавад, ҳама гуна патент, тамғаи тиҷоратӣ, ҳуқуқи муаллифӣ ва/ё ҳуқуқҳои вобаста бо он) ва дигар маълумоте, ки қонун ҳифз кардааст, бемавҷудияти  ҳуқуқ ва иҷозатномаҳои дахлдор аз соҳиби ҳуқуқи муаллифии чунин иттилоот. Дар сурати ба вуҷуд омадани баҳс, масъулияти исбот кардани он, ки маълумоти пешниҳодкардаи Истифодабаранда ҳуқуқи шахсро вайрон намекунад,   ба зиммаи худи Истифодабаранда гузошта шудааст.       

- бе розигии пешакии Маъмурияти Платформа таблиғотро дар Платформа ҷойгир накунед ё паҳн накунед;        

- ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, паҳн кардан ва амалҳои дигар барои коркарди маълумоти шахсии Истифодабарандагони дигар манъ аст;        

- Ҷойгир кардани пайвандҳо дар Платформа ба дигар захираҳои Интернет, ки мундариҷаи онҳо ба қонунҳо ва/ё Созишномаи мазкур мухолиф аст, манъ аст;

- Ҳангоми бақайдгирӣ дар Платформа, маълумоти шахсии бардурӯғро дар бораи худ нишон надиҳед, аз номи шахси воқеӣ ё пештар зиндагикарда  сабти ном  нанамоед ва дар Платформа амал накунед, маълумоти шахсии шахсони сеюмро нишон надиҳед, ягон шакл ва усули намояндагии ғайриқонунии шахсони сеюмро истифода набаред;        

- Тавассути Платформа амалҳои тамаъҷӯӣ ё гирифтани пул, новобаста аз баҳона, аз Истифодабарандагони дигар ва/ё шахсони сеюм манъ аст;        

- Тарғибу ташвиқ ба истифодаи маводи мухаддир ва психотропӣ ва ба даъват ва ҷалб кардан ба фоҳишагӣ тавассути Платформа манъ аст;        

- Мусоидат накардан ба содиркунӣ ва/ё содиркунии дигар амалҳои ғайриқонунӣ ва ғайриҳуқуқӣ, ки хилофи талаботи қонунгузории миллӣ ва/ё Созишномаи мазкур бо истифода аз сомона.        

5.9. Ҳангоми истифодаи Платформа, истифодабаранда ӯҳдадор аст:

•    маълумотеро, ки ба натиҷаи бозӣ таъсир мерасонанд ё онро таъғир медиҳанд, ба дигар истифодабарандагон хабар надодан (масалан, ҷавобҳои дуруст барои супоришҳои бозӣ);
•    дар ҷамъоварӣ ва интиқоли сунъии ситорачаҳо (холҳо), ки барои гирифтани тӯҳфаҳо дар Платформа заруранд, иштирок накардан, аз он ҷумла: сохтани зиёда аз як аккаунт барои як истифодабаранда дар Платформа, интиқоли ситорачаҳо аз як аккаунт ба дигар, интиқоли промокодҳо ё дигар ситорачаҳои ҳамарзиш дар платформа ба дигар истифодабарандагон, ҳамгап шудан бо дигар истифодабарандагон бо мақсади чамъоварии ситорачаҳо барои як аккаунт ё дигар қаллобиҳо, ки барои гузаштани маҳдудиятҳо, ки аз тарафи Маъмурияти Платформа муқаррар шудаанд, ёрӣ медиҳанд;

5.10. Маъмурияти Платформа танҳо ба Истифодабаранда имконият медиҳад, ки маълумотро дар Платформа ҷойгир кунад ва хидматҳои Платформаро истифода барад. Маъмурияти Платформа барои дурустӣ ва қонунии маълумоте, ки Истифодабарандагон дар Платформа гузоштаанд, масъулият ба дӯш намегирад. Маъмурияти Платформа метавонад бо салоҳдиди худ ҳама гуна иттилоотеро, ки Истифодабаранда  дар Платформа гузоштааст,  дар интишораш мудохила намояд, нест кунад ва/ё таҳрир кунад. Дар сурати вайрон кардани Созишномаи мазкур, маъмурият ҳуқуқ дорад, бидуни огоҳии пешакӣ яктарафа дастрасӣ ва иштироки Истифодабарандаро ба Платформа пурра ё қисман маҳдуд кунад, инчунин Истифодабарандаро аз истифодаи хидматҳои Платформа бе масъулият барои зараре, ки ба Истифодабаранда  расонида мешавад, рад кунад.

6. Огоҳӣ

6.1. Истифодабаранда  метавонад паёмҳои электронии иттилоотиро дар бораи рӯйдодҳои муҳиме, ки дар Платформа ё дар робита бо он рух медиҳанд, қабул кунад.

6.2. Истифодабарии огоҳиномаҳо барои огоҳ кардани Истифодабаранда  дар бораи маҳдудиятҳои дастрасӣ ба Платформа ва/ё Хадамот дар робита бо пешгирии профилактикӣ, вайронкунии қоидаҳо аз ҷониби Истифодабаранда, тағирот дар вазифаҳои Платформа, мундариҷа ё шартҳои таъмини хидмат, аз ҷумла тағйирот ба Созишнома, ҳуҷҷатҳои ҳатмӣ ва иловагӣ дар назар гирифта шудааст.

6.3. Маъмурияти Платформа бо салоҳдиди худ ҳуқуқ дорад барои паҳн кардани таблиғот дар бораи хизматрасонӣ ва маҳсулоти (хадамоти) худ ва шахсони сеюм, огоҳиҳоро истифода барад.

7. Муқаррароти хотимавӣ

7.1. Дар сурати пайдо шудани шикоятҳо оид ба фаъолияти Платформа ё вайрон намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои Истифодабаранда   ҳангоми истифодаи он, барои баррасии масъала ва ҳал намудани баҳс ба маъмурияти Платформа дар тамос шудан лозим аст. Ҳама баҳсҳои имконпазире, ки дар вобастагӣ бо муносибатҳо дар доираи Созишномаи мазкур ба вуҷуд омадаанд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории амалкунандаи миллӣ дар маҳалли ҷойгиршавии соҳибони ҳуқуқии платформа ҳаллу фасл карда мешаванд.

7.2. Агар бо ин ё он сабаб ё як ё якчанд шартҳои Созишномаи мазкур беэътибор ё ғайри қобили иҷро дониста шуда бошанд, ин ба эътибори қарордодҳои боқимондаи Созишнома таъсир намекунад.

7.3. Бефаъолиятӣ аз ҷониби Маъмурияти Платформа дар сурати вайрон кардани муқаррароти Созишномаи мазкур аз ҷониби Истифодабаранда, онро аз ҳуқуқи амал кардан бо мурури замон барои ҳифзи манфиатҳои онҳо  маҳрум намекунад ва инчунин маънои даст кашидани Маъмурияти Платформаро аз ҳуқуқи худ дар сурати вайронкуниҳои минбаъда ё шабеҳро надорад.

7.5. Шартномаи мазкур бо забони русӣ таҳия шудааст ва дар баъзе ҳолатҳо ба Истифодабаранда барои баррасӣ бо забони дигар дода мешавад. Дар сурати ихтилоф байни нусхаи русӣ  ва тафсири он бо забони дигар, муқаррароти нусхаи русӣ дар Созишнома татбиқ карда мешавад.

7.6. Ҳуқуқи муаллифӣ ба Платформа бо имконияти  коркарди маълумоти шахсии Истифодабарандагон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҳуқуқи идораи Платформа  дар ихтиёри Ташкилоти Ҷамъиятии “Гурдофарид”,  ҷойгир  дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҷамоати Хистеварз, кӯчаи. Ҳ. Кенҷаев 22,  мебошад