28-уми сентябр рӯзи байналхалқии дастрасии ба иттилоот, ки соли 2015 аз ҷониби ЮНЕСКО таъсис ёфтаааст, қайд карда мешавад. Соли ҷорӣ, дар доираи ин чорабинӣ, дар Дафтари ЮНЕСКО ҷаласаи онлайн баргузор гардид, ки он ба мавзӯи баланд бардоштани огоҳӣ оиди ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот ва пешбарии принсипҳои ҳуқуқи шаҳрвандон ба иттилоот барои наҷот додани ҳаёт ва рафъ кардани бӯҳронҳои бо сабаби COVID- 19 ба вуҷуд омада бахшида шуд. Дар ин ҷаласа намояндагони мақомоти ваколатдори давлатӣ, идораҳои омбудсмен ва бахши ғайридавлатӣ аз Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубӣ ширкат варзида, аз таҷрибаҳои худ ва тамоюлҳои нав дар соҳаи дастрасӣ ба иттилоот нақл карданд.
Сарвари иҷроияи ТҶ “Гурдофарид ” дар ин мулоқоти онлайн ба ҳайси сухангӯ иштирок намуд.Ӯ дар бораи амалигардонии лоиҳаи “BRYCA”( Саводи расонаӣ ва иттилоотӣ барои баланд бардоштани тафаккури интиқодии ҷавонони Осиёи Марказӣ) ва платформаи Qlever нақл кард. Тафсилоти бештарро аз ин ҷо гирифтан мумкин аст: https://www.facebook.com/gurdofarid/posts/724601478091378