Мақомоти Италия таҳқиқи ботҳои Deepfake-офарандаро дар Telegram оғоз карданд
28.10.2020 • 09:06Мақомоти ҳифзи иттилооти Итолиё таҳқиқи истифодаи зиёдшудаи ботҳо, ки дар замимаи паёмнависии Telegram тасвирҳои қалбакии бараҳна меофаранд, оғоз кардааст.
Муҳаққиқон дар Telegram маҷмӯи ботҳои дорои технологияи DeepFake-ро дарёфт карданд, ки бо истифода аз онҳо расмҳои духтаронро бараҳна кардан мумкин аст. Барои ба даст овардани расмҳои бараҳна як акси оддии шахс аз Facebook, Instagram, ВКонтакте ё дигар шабакаҳои иҷтимоӣ кифоя аст. Бинобар ин, касе аз таҳдиду шантаж эмин нест.
Ботҳо метавонанд тасвирҳои баданҳои бараҳна ё қисман бараҳнаи қалбакро бо аломатҳои обӣ эҷод кунанд ва истифодабарандагон барои "ифшо" кардани он маблағ пардохт мекунанд. Истифодабарандагон метавонистанд акси занеро ба бот фиристанд ва нусхаи бараҳнаи аксро бе нишондоди тағир дода шудани ин акс ба даст оранд. Мувофиқи маълумоти Sensity, то моҳи июли соли 2020 зиёда аз 100,000 тасвирҳо офарида шуда ба гурӯҳҳо фиристода шуданд, дар байни қурбониёни ин ботҳо ноболиғон низ буданд.