Ин моҳ дар Хорватия Осорхонаи хабарҳои бардурӯғ кушода мешавад, ки дар он шаҳодатҳои рӯзноманигорон ва олимон, пойгоҳи додаҳои хабарҳои бардурӯғ ва воситаҳо барои баланд бардоштани саводнокии расонаӣ ва тафаккури интиқодӣ ҷойгир карда мешаванд.
Осорхонаи хабарҳои бардурӯғ - ин лоиҳаи тиҷоратӣ нест ва дар ибтидо аз вебсомонае иборат хоҳад буд, ки дар он ҳамаи хоҳишмандон, алахусус ҷавонон, метавонанд дар бораи падидаи дезинформация дар Хорватия ва ҷаҳон маълумот гиранд.
Лоиҳа бо ташаббуси Лордан Прелог, собиқ рӯзноманигор ва муҳаррир ва ҳоло аспиранти факултаи илмҳои гуманитарӣ ва иҷтимоӣ дар Загреб таҳия карда шудааст.
Прелог гуфт, ки нақшаи ӯ аз ҳарчи бештар ҷамъ овардани далелҳо аз журналистони маъруф ва дигар коршиносони ВАО, ки дар ҷараёни кори худ бо дезинформатсия рӯ ба рӯ шудаанд, иборат буд.
Тибқи гуфтаҳои ӯ, роҳи муассиртарини мубориза бо хабарҳои бардурӯғ ин рушди минбаъдаи хабарнигории босифат, маъсулиятнок ва дар далел асосёфта ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум дар бораи хатарҳо ва паҳншавии хабарҳои бардурӯғ мебошад.
Манбаъ: https://www.croatiaweek.com/croatia-to-get-museum-of-fake-news/