Дождитесь окончания загрузки
Модальное окно "Дорогой друг, прими участие в опросе"
preview Бозгашт

Дар Душанбе ғолибони Олимпиадаи ҷаҳонии WRO - Тоҷикистон-2020 муайян шуданд.

28.01.2021 • 06:27

Рӯзи якшанбе- 24 январ дар Литсейи кӯдакони лаёқатманди рақами 3-и  ш.Душанбе марҳилаи миллии Олимпиадаи умумиҷаҳонии роботҳои WRO - Тоҷикистон-2020 баргузор гардид. Ин чорабинӣ дар шакли фестивал баргузор гашт.

Дар марҳилаи миллӣ кӯдакон ва наврасони синнашон аз 10 то 16 сола аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ширкат варзиданд. Тибқи нақша, олимпиада дар ду категорияи синну сол: ибтидоӣ ва наврасон баргузор гардид.

Имсол ихтироъкорони ҷавон дар мавзӯи "Отряди иқлимӣ" малака ва маҳорати худро нишон доданд. Ба кӯдакон лозим омад, ки қарорҳо ва лоиҳаҳои мустақилро таҳия кунанд, ки иштироки инсонро дар иҷрои ҳама гуна вазифаҳо тавассути автоматикунонии технологияҳои инноватсионӣ, алахусус роботҳо комилан истисно кунанд.

Ин як мошини вақт аст, ки метавонад моро ба сӯи ояндае барад, ки аллакай ба шарофати навоварӣ расидааст. "

Пас аз ба итмом расонидани хулосахои охирин, шоми ҳамон рӯз доварон ғолибони марҳилаи миллии Олимпиадаи умумиҷаҳонии роботҳо-2020-ро эълон карданд. Дар гурӯҳи наврасон ҷои 1-умро дастаи "BestTeam", ҷои 2-ро дастаи SEALM.LM.TEAM, ҷои 3-юмро дастаи "Megamind" ишғол карданд.

Дар гурӯҳи миёна дастаи Патриотҳо ҷои 1, дастаи Очкарики ҷои 2, дастаи Феми-Смарт ҷои 3-юмро ишғол карданд. Тафсилоти бештарро дар инҷо пайдо кардан мумкин аст: https://www.facebook.com/newstj/posts/3710813028983793

Ин бозии иттилоотӣ-маърифатӣ барои ҷавонон дар Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешбинӣ шудааст.

Платформа бо назардошти талаботи қонунгузории давлатҳои шарик сохта шудааст. Ҳама намунаҳои дар ин бозӣ истифодашуда танҳо ба мақсадҳои таълимӣ мансубанд ва ҳеҷ гуна нияти ғайриқонунӣ надоранд. Бо оғози истифода аз платформа муштарӣ фаҳмиши худро тасдиқ карда, бо мақсадҳо ва вазифаҳои дар боло зикршудаи ин бозӣ розигӣ медиҳад.