Бузургтарин ширкатҳо ва ситораҳои ғарбӣ Facebook ва Instagram- ро таҳрим мекунанд
Шабакаи иҷтимоии Facebook ва зербахши он Instagram ҳадафи таҳрими бузургтарин таблиғгарони ҷаҳонӣ, аз ҷумла Coca-cola, Adidas, Ford, Unilever шудааст, гузориш медиҳад CNBC. Дар доираи маъракаи #StopHateForProfit ( #НафратБароиФоидаБас) брендҳои байналмилалӣ аз ҳамкорӣ бо Сукерберг даст кашида истодаанд.
Леонардо ДиКаприо, Ким Кардашян, Кэти Перри ва ситораҳои дигар иброз доштанд, ки дар чаҳорчӯбаи маърака, онҳо дар давоми рӯз дар саҳифаҳои худ чизе нашр намекунанд. Ҳамин тариқ, онҳо кӯшиш карданд, ки диққатро ба мубориза бар зидди тарғибот, нафрат ва дезинформация, ки ба андешаи онҳо, дар ин ҷода Facebook ва Instagram, ба қадри кофӣ, хуб амал намекунанд, ҷалб намоянд.
«То он вақте, ин платформаҳо ба паҳн кардани нафрат, тарғибот ва иттилооти бардурӯғи бофта аз тарафи гурӯҳҳо барои коштани ихтилоф ва тақсим кардани Амрико таҳаммул карданро идома медиҳанд, ман хомӯшу бекор нишаста наметавонам. Маълумоти бардурӯғ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба интихоботи мо таъсири ҷиддӣ мерасонад ва демократияро зери суол мегузорад", дар Twitter навиштааст ситораи телевизионӣ Ким Кардашян Уэст.
"То он даме, ки ин платформаҳо ба гурӯҳҳо ва постҳои маълумоти бардурӯғу нафратангез дошта бетафовут мебошанд, ман дар канор истода наметавонам" ин амалро инчунин сароянда Кэти Перри дастгирӣ кард.
Ташкилкунандагони ин маърака, ки ҳадафаш мубориза бо паҳншавии тарғибот ва каломи нафратангез аст, фаъолони ҳаракат барои ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ мебошанд. Маъракаи #StopHateForProfit моҳи июн, вақте ки ташкилотҳои ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ аз ширкатҳо ва брендҳо хоҳиши қатъ кардани ҷойгирнамоии таблиғотро дар ин платформаҳо намуданд, оғоз ёфт.
Тибқи ҳисобу китобҳои маҷаллаи Wall Street Journal, дар ин муддат соҳиби ширкат Марк Сукерберг 7,6 миллиард долларро аз даст додааст.