Ба наврасони тоҷик муяссар гашт, ки хадафи худро тавассути иштирок дар лоиҳаи PeshSaf (UpShift) амалӣ намоянд. ) Онҳо дастае ҷамъ намуда, барои иштирок дар лоиха муроҷиат карданд ва баъд аз гузаштани мусоҳиба дар тренинги 4-рӯза таҳсил карда, пас аз он комиксҳои зидди таҳқиркунӣ эъчод намуданд.
Буллинг ин амали таҳқиромезест, ки кӯдакон дар мактаб зуд-зуд дучор мешаванд, таҳқир ва таъқиб кардани баъзе кӯдакон оқибатҳои даҳшатангез меоварад, зеро таҳқир ба саломатии рӯҳии кӯдак зарари калон мерасонад.. Лоихаи даста дар давоми 3-4 мох бо маблаг дастгири ёфт ва бомуваффақият амали гашт. Гурӯҳ аз мактаббачагони 14-15 сола иборат аст, ки хар яки онхо кобилиятхои хеле хуб доранд ва ҳар кадоми онҳо фазифаи худро анҷом медиҳанд. Абдураҳим ҳикояҳо менависад, Нуриниссо Толибова сценарияро тартиб медиҳад, Тимур Хисориев барои ҳикояҳои навишташуда тасвирҳо меофарад. Бачаҳо аллакай ду комикс эъчод намуданд, ки ду ҳикояи гуногунро дар бораи таҳқир нақл мекунад. Ин комиксхоро дар фурӯшгоҳи китоб ё мактабҳо дастрас намудан мумкин аст. То ба имрӯз, бачаҳо аллакай ду қисми комиксҳояшонро баровардаанд. - мо ба лоиҳаи худ боварӣ дорем ва аминем, ки комиксҳои мо дар ҳақиқат ба бачаҳои ба мисли мо таҳқиршуда кумаки равони мерасонад, мегӯяд капитани даста.