Дождитесь окончания загрузки
Модальное окно "Дорогой друг, прими участие в опросе"
preview Бозгашт

Точикфильм дар Бритониёи Кабир

18.08.2020 • 16:17

13 - 19 августи соли 2020 дар Ромфорд дувумин фестивали филмҳои Авруосиёии эҷодиёти аврупоии 2020 баргузор мешавад, ки он яке аз  ҷашнвораҳои намоёни филм дар ҷаҳон аст, ки синамои Авруосиёро дар фазои инглисизабон пешбарӣ мекунад.
Филми коргардони боистеъдод аз Тоҷикистон Камил Каримов дар кинотеатри Premiere Cinemas  ба доираи васеи тамошобинони англис забон намоиш дода мешавад. Филми  у "Хусусият"  дар категорияи филми кӯтоҳмуддати хуччати,  дар даври финалии ҷашнвораи филмии Ромфорд баргузор мешавад, дар даври финали ғалаба ба даст овард.
Ин як пешрафти бузурге барои синамои тоҷик аст ва дар машхур шудани он Камил Каримов саҳми бузург гузошт. Eurasian Creative Guild (Лондон) як созмони ғайритиҷоратист, ки одамони эҷодкорро аз тамоми соҳаҳо ва шаклҳои санъат пешбарӣ ва муттаҳид менамояд.
Ҷашнвораи филми Ромфорд бори чаҳорум баргузор мешавад. Он филмҳои ҳам шурӯъкунандагон ва ҳам мутахассисонро дар давоми 7 рӯз нишон медиҳад. Муассисони ин ҷашнвора филмсозони бритониёӣ Ҷо Султана ва Спенсер Ҳоукен мебошанд ва соли гузашта онҳо ба гурӯҳи эҷодии Авруосиёи  (Лондон) таҳти раҳбарии Ҷон Фарндон ва Марат Ахмедҷонов ҳамроҳ шуданд.

Манбаъ:  https://www.asiaplustj.info/ru/news/life/culture/20200805/vpervie-kinorezhisser-iz-tadzhikistana-prezentuet-svoyu-rabotu-na-evraziiskom-kinofestivale-v-romforde

Ин бозии иттилоотӣ-маърифатӣ барои ҷавонон дар Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешбинӣ шудааст.

Платформа бо назардошти талаботи қонунгузории давлатҳои шарик сохта шудааст. Ҳама намунаҳои дар ин бозӣ истифодашуда танҳо ба мақсадҳои таълимӣ мансубанд ва ҳеҷ гуна нияти ғайриқонунӣ надоранд. Бо оғози истифода аз платформа муштарӣ фаҳмиши худро тасдиқ карда, бо мақсадҳо ва вазифаҳои дар боло зикршудаи ин бозӣ розигӣ медиҳад.