Дождитесь окончания загрузки
Модальное окно "Дорогой друг, прими участие в опросе"
preview Бозгашт

Хабарҳои Осиёи Марказӣ: 1 - 7 сентябри 2020

08.09.2020 • 05:18

Ҷамъият

 Дар Туркманистон вайронкунандагони низоми ниқобпӯширо ба пахтачинӣ фиристода истодаанд.  Дар вилояти Марии ин кишвар шаҳрвандоне, ки барои вайрон кардани низоми ниқобпӯшӣ боздошт шудаанд ва онҳое, ки ҷаримаро пардохт карда наметавонанд, аз ҷониби полис маҷбуран ба пахтачинӣ фиристода мешаванд.  Тафсилот: https://rus.azathabar.com/a/30814385.html

"Кӯдакро ба   дасти парастори хуб медиҳам!"  Дар яке аз сутунҳо дар Чимкенти Қазоқистон шахсони номаълум эълони ғайриоддиро овехтанд.  Дар он ваъда медиҳанд, духтарак "Агатка"-ро ба мисли сагчае, ки  ба "дасти хуб" месупоранд.  Пайванд ба мақола: https://www.zakon.kz/5038581-otdam-rebenka-v-horoshie-ruki-politsiya.html

Маориф

 Дар Қирғизистон китобҳои дарсӣ бо хатти брайл барои кӯдакони нобино ва босираашон суст нашр шуданд. Китобҳои дарсӣ бо ин навъи ҳуруф камчинанд ва чандин сол боз дар дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ нашр намешаванд.  Муфассалтар:https://24.kg/obschestvo/164166_minobrazovaniya_izdalo_uchebniki_nashrifte_braylya_dlya_slepyih_islabovidyaschih_detey/

 Як ҳиссаи нави шикоятҳо дар бораи таҳсилоти онлайн дар Қазоқистон ба мисли борон борид.  Ин навбат сухан дар бораи лаҳзаҳои ғайриахлоқӣ ҳангоми дарсҳои видеоӣ меравад.  Оиди ҳодисаҳое, ки аллакай дар давоми дарсҳои аввал  рух доданд, метавонед дар пайванди зерин бихонед: https://www.zakon.kz/5038519-kazahstanka-pozhalovalas-na-vklyuchenie.html

Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсуси Ӯзбекистон  дар асоси вазъи эпидемиологӣ, нақша дорад, ки шакли анъанавии таҳсилро дар донишгоҳҳо аз семестри дуюми соли хониш оғоз кунад.  Пайванд ба мақолаhttps://www.gazeta.uz/ru/2020/09/04/comeback/

 Идораи тафтишоти давлатии назорати сифати таҳсилоти Ӯзбекистон боти Telegram- и  @edumonitoring_botро барои баҳогузорӣ ва назорати таҳсили фосилавӣ дар мактабҳои олӣ ҷорӣ намуд.  Маълумот дар бораи тарзи кори ботро аз пайванди поёнӣ пайдо кардан мумкин аст:  https://podrobno.uz/cat/tehnp/v-uzbekistane-zapustili-telegram-bot-dlya-otsenki-kachestva-onlayn-obucheniya-v-vuzakh/

Мактаббачагони туркман соли нави хонишро дар майдонҳои лаблабу оғоз карданд.  Дар ҷануби Туркманистон мактаббачагонро машғули ҳосилғундорӣ мушоҳида намудан мумкин аст.  Ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ, кӯдакон дар вақти озод будан аз дарс бо мақсади расонидани кӯмаки моддӣ ба оила лаблабу ҷамъоварӣ мекунанд, зеро онҳо дар шароити бӯҳрони тӯлонии иқтисодӣ дар кишвар  ба ин ёрӣ  ниёз доранд.  Аммо ... Тафсилоти бештар:    https://rus.azathabar.com/a/30818788.html

 Экология

 Қарор аст, ки дар Тоҷикистон як шабакаи телевизионии "Илм ва табиат" таъсис дода шавад.  Рӯзи 28 август Эмомалӣ Раҳмон қарореро дар бораи тасдиқи оиннома ва сохтори шабакаи телевизионии нав, инчунин шумори воҳиди кории он имзо кард.  Он бояд 87 корманд, аз ҷумла кормандони хадамоти техникиро дарбар гирад.  Тафсилоти бештар:

https://asiaplustj.info/ru/news/life/culture/20200904/novii-telekanal-nauka-i-priroda-zarabotaet-v-tadzhikistane-v-novom-godu

 Қарор аст, ки дар Қазоқистон дар давоми панҷ сол 2 миллиард дарахт шинонида шавад.  Кӣ ва чӣ гуна кӯшиши наҷоти сайёраро ба ӯҳда гирифтааст дар пайванди зерин пайдо кардан мумкин аст: https://www.zakon.kz/5038201-v-kazahstane-posadyat-2-mlrd-derevev.html

 

Ин бозии иттилоотӣ-маърифатӣ барои ҷавонон дар Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешбинӣ шудааст.

Платформа бо назардошти талаботи қонунгузории давлатҳои шарик сохта шудааст. Ҳама намунаҳои дар ин бозӣ истифодашуда танҳо ба мақсадҳои таълимӣ мансубанд ва ҳеҷ гуна нияти ғайриқонунӣ надоранд. Бо оғози истифода аз платформа муштарӣ фаҳмиши худро тасдиқ карда, бо мақсадҳо ва вазифаҳои дар боло зикршудаи ин бозӣ розигӣ медиҳад.