Дождитесь окончания загрузки
Модальное окно "Дорогой друг, прими участие в опросе"
preview Бозгашт

Хабарҳои Осиёи Марказӣ: 8-14 сентябри 2020 с.

15.09.2020 • 08:06

Маориф

Коршиносони маҳаллӣ мегӯянд, ки сатҳи саводнокии аҳолӣ дар солҳои охир дар Тоҷикистон ба таври назаррас коҳиш ёфтааст. Мақомот, дар навбати худ, дар бораи саводнокии кулл дар кишвар ҳарф мезанад. Тафсилот: https://rus.ozodi.org/a/30827790.html

Ҷамъият

Соли равон дар ҷараёни барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар Тоҷикистон се усул - пурсиши интернетӣ, пурсиш бо истифодаи планшет ва усули анъанавӣ (коғазӣ) истифода хоҳанд шуд, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ. Тафсилоти бештар:  https://asiaplustj.info/ru/news/tajikistan/society/20200911/v-tadzhikistane-vpervie-provedut-tsifrovuyu-perepis-naseleniya

Ба наздикӣ дар Ӯзбекистон ба истеҳсоли пойафзолҳои варзишии Nike ва Adidas шурӯъ мекунанд, изҳор дошт роҳбари ассотсиатсияи “Узчармсаноат” Фахриддин Бобоев . Тафсилоти бештар:  https://nuz.uz/sport/1171219-v-uzbekistane-nachnut-proizvodstvo-krossovok-nike-i-adidas.html

Қирғизистониҳо акнун метавонанд бидуни тарки манзил худро ҳамчун бекор сабти ном кунанд. Дар портале, ки Вазорати меҳнат таҳия кардааст, шаҳрвандон метавонанд инчунин  рӯйхати ҷойҳои кории холии пешниҳоднамудаи ташкилотҳоро пайдо кунанд ва дархости электрониро барои ҷустуҷӯи ҷои кор пешниҳод намоянд. Тафсилоти бештар: https://ru.sputnik.kg/society/20200913/1049598257/kyrgyzstan-bishkek-bezrabotitsa-uchet-rabota.html

Ҳукумати Қазоқистон тасмим гирифт, ки мӯҳлати иҷозати истиқомати хориҷиёнро то 1 ноябри соли 2020 тамдид кунад, зеро онҳо бинобар сабаби лағви парвози ҳавопаймоҳои хориҷӣ аз қаламрави кишвар баромада наметавонанд. Тафсилоти бештар:https://www.zakon.kz/5039392-inostrantsam-prodlili-srok-prebyvaniya.html

ВАО

Ӯзбекистон ба нақша гирифтааст, ки ҷазои ҷиноиро барои тӯҳмат бекор кунад ва инчунин барои таҳрифи далелҳо ва фишор ба рӯзноманигорон аз ҷониби мақомотҳои давлатӣ ҷавобгарӣ ҷорӣ намояд. Тафсилоти бештар: https://podrobno.uz/cat/obchestvo/v-uzbekistane-planiruyut-otmenit-ugolovnoe-nakazanie-za-klevetu-i-vvesti-dlya-gosorganov-otvetstvenn

Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳамедов дар бораи тағиротҳои кадрии оянда дар ҳукумат ба аъзоёни он  ҳушдор дод. Бердимуҳаммадов аъзоёни Шӯрои Вазиронро бо сабаби таъмин карда натавонистани инъикоси “муваффақиятҳои кишвар” ва “ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ” дар расонаҳои давлатӣ зери танқид қарор дод. Тафсилоти бештар: https://rus.azathabar.com/a/30827053.html

Ин бозии иттилоотӣ-маърифатӣ барои ҷавонон дар Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешбинӣ шудааст.

Платформа бо назардошти талаботи қонунгузории давлатҳои шарик сохта шудааст. Ҳама намунаҳои дар ин бозӣ истифодашуда танҳо ба мақсадҳои таълимӣ мансубанд ва ҳеҷ гуна нияти ғайриқонунӣ надоранд. Бо оғози истифода аз платформа муштарӣ фаҳмиши худро тасдиқ карда, бо мақсадҳо ва вазифаҳои дар боло зикршудаи ин бозӣ розигӣ медиҳад.