IT
Мақомоти Тоҷикистон сабаби асосии суст будани суръати интернетро дар ҷойгиршавии ҷуғрофии Тоҷикистон меҳисобанд. Аммо, коршиносони мустақил бо ин хулоса розӣ нестанд. Тафсилот дар сомонаи « Радиои Озодӣ »
Дар Фейсбук, дар саҳифаи қалбакии бо истифодаи номи Токаев таъсис додашуда, тӯҳфаҳои пулӣ ваъда дода шуда буд. Афроди ношинос аз номи Президенти кишвар гузаронидани озмуни тақсимоти маблағҳои пулиро гӯё "барои дастгирии мардум ҳангоми пандемия аз коронавирус" ваъда доданд. Барои ин, ба истифодабарандабарон пешниҳод карда шуда буд, ки ҳарфи аввали номи худро фиристанд ва хабарро дубора нашр намоянд. Ин аввалин ҳодиса нест, ки аз номи мансабдорони баландмақом ҳисобҳои қалбакӣ кушода мешаванд.
Экология
Мақомоти Тоҷикистон эътироф мекунанд, ки технологияҳои чинӣ ба муҳити зист зарароваранд, аммо ба ақидаи онҳо "то хатти сурх ҳанӯз дур аст," Тафсилоти бештарро дар ин пайванд пайдо кардан мумкин аст.
Регҳои Қизилқум ба Тошканд расидаанд. Дар бораи он, ки оё регҳо метавонанд, пойтахти
Ӯзбекистонро забт кунанд ва дар ин ҳолат ба шаҳрвандон ва иқтисодиёт чӣ таҳдид мекунад, дар ин ҷо бихонед.
Пандемия / COVID-19
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаримаро барои вайрон кардани низоми ниқобпӯшӣ ва паҳн кардани маълумоти бардурӯғ дар бораи пандемия дастгирӣ намуд. Ҳоло дар кишвар барои напӯшидани ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ аз 116 сомонӣ то 290 сомонӣ (аз 11.24 то 28.11 доллар) ва барои паҳн кардани маълумоти бардурӯғ дар бораи пандемия тавассути ВАО - аз 580 сомонӣ (56, 22 доллари ИМА) барои шахсони воқеӣ ва то 11 600 сомонӣ (1124.42 доллари ИМА) барои шахсони ҳуқуқӣ ҷарима ситонида мешавад. Муфассалтар дар ин ҷо бихонед.
Рӯзномаи “Delo №”-и Қирғизистон назар дорад, ки кишвар, дақиқан пас аз тахлияи таъҷилии амрикоиён, ба эпидемияи коронавирус дучор омадааст. Тибқи рӯзнома, сафорати ИМА дар Бишкек кулли кормандони худро тахлия кардааст. 31 дипломати амрикоӣ ҷумҳуриро тарк карданд. Дар миёни онҳо шаш корманди АМИ, ки дар постгоҳи дипломатӣ кор мекунанд, ҳастанд . Шумо метавонед маълумоти бештарро дар ин ҷо бихонед .
Дар Қазоқистон аввалин ваксинакунонӣ аз коронавирус гузаронида шуд. Аввалин қазоқистоне, ки ваксина карда шудааст, директори марказ Қайсар Табинов буд. Ба ӯ доруи COVAX-19 ворид карда шуд. Ин ваксина дар Австралия таҳия карда шуда, айни ҳол аз нахустин марҳилаи озмоиши клиникӣ мегузарад.
Маориф
Вазорати маорифи Қирғизистон се нақшаи омӯзиширо барои соли нави таҳсил таҳия кардааст. Нақшаи аввал ҳамаи алгоритмҳо, қадамҳо ва тавсияҳоро барои ташкили раванди таълими фосилавӣ пешбинӣ мекунад. Дуюм, нақшаи фосилавию рӯ ба рӯ, ки истифодаи технологияҳоро дар якҷоягӣ бо реҷаи офлайн дарбар мегирад. Он дар сурате татбиқ мешавад, ки вазъ бештар мусоид шавад, аммо ҳамзамон далелҳое вуҷуд дошта бошанд, ки барои таъмини раванди таълим монеа эҷод намоянд. Нақшаи сеюм ташкили раванди таълим дар шакли анъанавӣ мебошад. Ҳамчун як қисми пешгирии хуруҷи нави бемории коронавирус дар ҳолати таълими анъанавӣ, алгоритмҳо ва тавсияҳо ба муассисаҳои таълимӣ барои таъмини талаботҳои санитарӣ дода мешаванд.
Дар Қазоқистон, тибқи маълумоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Қазоқистон, "аз оғози соли хониш 2,6 миллион толибилмон дар шакли фосилавӣ таҳсил хоҳанд кард." Қаблан дар Қазоқистон низ дар бораи нақшаи Қирғизистон фикр мекарданд, аммо то ҳол қарори муайяне қабул нашудааст. Муфассалтар дар ин ҷо бихонед.
Дар Ӯзбекистон, соли таҳсил мувофиқи нақша дар шакли фосилавӣ оғоз меёбад. Ба монанди кишварҳои ҳамсоя, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Ӯзбекистон се имконоти омӯзишро пешниҳод мекунад.
Дар Тоҷикистон соли нави таҳсил бо риояи меъёрҳои санитарӣ ва масофаи иҷтимоӣ аллакай аз 17 август оғоз меёбад. Шумо метавонед дар ин ҷо хонед, ки чӣ гуна толибилмони тоҷик таълим хоҳанд гирифт.