Муҳоҷирон
Беш аз 200 шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо сабаби пандемияи коронавирус дар марзи байни Қазоқистон ва Ӯзбекистон дармонда буданд, ба ватани худ баргаштанд. Муфассалтар дар ин бора ин ҷо бихонед.
Вазорати Корҳои Хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии сирояти коронавирус COVID-19 тасмим гирифтааст, ки аз 16 то 31 августи соли 2020 55 парвози чартерии иловагӣ аз Русия ба Тоҷикистон ташкил намояд.
Тафсилоти бештар дар ин ҷо.
Маориф
Аз тирамоҳи соли 2020 довталабони тоҷик метавонанд аз хадамоти онлайни таълимии "Дар Русия таҳсил намо!” истифода баранд ва аз омӯзгорони рус дар шакли фосилавӣ маслиҳатҳо гиранд. Шумо метавонед бештар дар бораи он ки, кӣ ва чӣ тавр аз ин платформа истифода хоҳад бурд, дар ин ҷо бихонед.
Донишҷӯёни ҳамаи донишгоҳҳои Тоҷикистон ба курси дигар бидуни имтиҳон гузаронида шуданд. Дар ин бора намояндагони Вазорати маориф ва илми кишвар хабар доданд. Аммо, ин масъала як тобиши нав пайдо кард. Сухан дар бораи чӣ меравад, шумо дар ин ҷо пайдо карда метавонед.
Аз аввали соли хониши нав дар 1200 мактабҳои Ӯзбекистон аз истифодаи дафтарҳои синфӣ ва рӯзномаҳои қоғазӣ даст хоҳанд кашид. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Вазорати маорифи халқ хабар доданд. Дар бораи мактабҳои боқимонда дар ин ҷо бихонед
Довталабон дар Ӯзбекистон тавассути изҳои ангушт мушаххас карда мешаванд. Чӣ тавр ва кай аз пайванди зерин фаҳмидан мумкин аст .
Дар Қирғизистон хонандагони синфи аввал ба таври анъанавӣ таҳсил хоҳанд кард, боқимондагон ба воситаи интернет. Дар ин бора К. Боронов хабар дод. Маълумоти муфассалро дар ин ҷо бихонед .
Қазоқистон рӯйхати соҳибони грантҳои давлатиро нашр кард. Дар соли 2020, шумораи хоҳишмандон барои супоридани ТЯМ ба сатҳи нишондиҳандаҳои рекордӣ расид - 131 754 довталаб, 82% шумораи умумии довталабон хатмкардаҳои ин сол мебошанд. Тафсилоти бештар дар ин ҷо.
Адабиёт ва санъат
Дар шаҳри Душанбе дар синни 75-солагӣ шоири маъруфи тоҷик, муаллифи матни Суруди Миллии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ дар беморхона даргузашт. Пайванд ба мақола .
Дар Ӯзбекистон филми мустанад дар бораи коронавирус ба навор гирифта шуда истодааст. Наворгирии филм дар вилоятҳои Хоразм, Бухоро, Самарқанд, Сирдарё, Андиҷон ва дар шаҳри Тошканд ҷараён дорад. Филм дар бораи табибон, кормандони Вазорати Корҳои Дохилӣ ва Гвардияи миллӣ, инчунин ихтиёриёне, ки ба беморону ниёзмандон дасти кӯмак дароз мекунанд, нақл мекунад. Тафсилоти бештар дар ин ҷо.
Дар Қирғизистон дар нимсолаи аввал шумораи хонандагони виртуалӣ дар китобхонаҳои Қирғизистон 2 миллиону 200 ҳазор нафарро ташкил додааст. Кӣ ва чӣ тавр китоби виртуалиро мутолиа кард дар ин пайванд дарёфт кардан мумкин аст.
Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Касим-Жомарт Токаев 11нафар шаҳрвандони хориҷиро барои хизматҳояшон дар пешбурди мероси адабии Абай Кунанбаев бо ҷоизаҳо сарфароз гардонид. Дар байни сарфарозшудагон шаҳрвандони Чин, Эрон, Арманистон, Русия, Бразилия, Испания, Ирландия, Миср, Туркия, Олмон мебошанд. Пайванд ба мақола.
Пандемия
Дезинформатсия дар бораи коронавирус дар се моҳи аввали соли 2020 ҳадди аққал 800 нафарро "кушта "аст. Инчунин, тақрибан 6 ҳазор нафар дар беморхонаҳо ҷойгир карда шуданд ва инчунин 60 нафари дигар нобино шуданд. Дар ин бора дар тадқиқоте, ки дар нашрияи илмии American Journal of Tropical Medicine and Hygiene ба чоп расидааст, гуфта шудааст.
Пайванд ба таҳқиқот.
Пайванд ба мақола.
Ҷавонон
Дар доираи веб форуми Самарқанд, эъломияи “Ҷавонон 2020: Ҳамбастагии глобалӣ, рушди устувор ва ҳуқуқи инсон" қабул карда шуд. Дар ҳуҷҷат муроҷиат ба давлатҳо садо медиҳад, ки ба таҳияи стратегияҳоеро, ки ба ҷавонон дар арзёбии потенсиали воқеии онҳо барои ноил шудан ба иштироки пурра, самарабахш ва пурмазмун дар ҳаёти ҷомеа кӯмак мерасонанд, даъват мекунанд. Ҳуҷҷат аҳамияти нақши ҷавононро дар пешбурди сулҳ ва амният, рушди устувор, ҳуқуқи инсон ва зарурати иштироки фаъол, пурмазмун ва фарогир дар раванди қабули қарорҳо таъкид мекунад.
Маълумоти муфассал дар ин ҷо