Дождитесь окончания загрузки
Модальное окно "Дорогой друг, прими участие в опросе"
preview Бозгашт

STOPХейт! Бозии навро гузар ва муайян намудани “суханони нафратангез”-ро биомӯз!

02.03.2022 • 06:24

«Ҷойҳои мо пур аз ин муҳоҷирони осиёгӣ шудааст, ба ғайр аз мушкилӣ дигар фоидае аз онҳо нест!»

Ин шарҳ аз нашре дар шабакаи иҷтимоӣ дар бораи муҳоҷирони меҳнат аз Осиёи Миёна, ки барои кор рафтаанд, гирифта шудааст. Фаҳмидан мушкил нест, ки нисбати “осиёгиҳо” дар ин шарҳ, рӯйирост изҳори нафрат шуда истодааст. Чунин мисолҳо бисёр ҳастанд, ки дар онҳо таҳқиркуниҳо, таҳдидҳо ва дашномҳо, изҳороти камқимматии гурӯҳи этникӣ, даъват ба зӯроварӣ, дискриминатсия ва ғайраҳо дида мешаванд.

Чунин гуфторҳо ва калимаҳоро “суханони нафратангез” меноманд. Суханони нафратангез – ин ҳамла ба он хусусиятҳои инсон, ки аз тарафи қонун ҳимоя шудаанд. Масалан, ба ҷинс, дин ё халқияти шахс. “Суханони нафратангез”-ро дар қаринаҳои гуногун истифода мебаранд – расмӣ, касбӣ, маишӣ; онро ҳам дар суханрониҳои сиёсатмадорон ва ҳам дар сӯҳбатҳои нафақахӯрон, донишҷӯён,  мактаббачагон ва ҳам дар гуфтугӯҳои зану шавҳар дидан мумкин аст. Шабакаҳои иҷтимоӣ бошанд якчандкарата суханони нафратангезро паҳн мекунанд. 

Комилан имконпазир аст, ки шумо низ “суханони нафратангез”-ро истифода мебаред ё он дар ҳаққи шумо баён мешавад. 

Мехоҳед, ки муайян намудани суханони нафратангезро биомӯзед, маслиҳатҳо оиди мубориза бурдан бар зидди онҳоро гиред?

Агар ҳа бошад, пас ба бозӣ-викторинаи “STOPХейт” ворид шавед. Викторинаро гузаред ва ситорачаҳо ба даст оред.

Муваффақият!

Ин бозии иттилоотӣ-маърифатӣ барои ҷавонон дар Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешбинӣ шудааст.

Платформа бо назардошти талаботи қонунгузории давлатҳои шарик сохта шудааст. Ҳама намунаҳои дар ин бозӣ истифодашуда танҳо ба мақсадҳои таълимӣ мансубанд ва ҳеҷ гуна нияти ғайриқонунӣ надоранд. Бо оғози истифода аз платформа муштарӣ фаҳмиши худро тасдиқ карда, бо мақсадҳо ва вазифаҳои дар боло зикршудаи ин бозӣ розигӣ медиҳад.