Аз 1 март дар платформаи Qlever аксияи “Марти босаховат!”-ро оғоз мекунем, ки дар он дӯсти мо Смарти бурди промокодҳоро мегузаронад?!
Барои иштирок, мо барои ту як портали таълимии ҷолибро мекушоем, ки дар он ту метавонӣ тавассути тамошои филмҳои тасвирӣ, инфографика ва супоридани тестҳо дар бораи саводи расонаӣ дониши нав гирӣ.
Шинос шав, платформаи омӯзишии онлайнӣ – МедиаСабак. Дар инҷо, ту метавонӣ ба таври осон ва шавқовар саводи иттилоотӣ расонаиро омӯзӣ (СИР)! Дар ин, ба ту Макс ва Алина ёрдам хоҳан дод. Ҳамроҳи онҳо ту метавонӣ ҳамаи дарсҳои СИР-ро бомуваффақият гузарӣ.
Шартҳои аксия хеле осонанд:
1. Ба ин пайванд гузар https://mediasabak.org/ru/?user=qlever
2. Дар медиасабак сабти ном шав. Чӣ гуна онро иҷро кард?
- Оинаи сабти ном кушода мешавад, лозим аст почтаи электрониро ворид карда гузарвожа фикр кард ва “Сабти ном”-ро пахш намуд
- Почтаи худро тафтиш мекунӣ, дар он ҷо бояд мактуб ва пайванд барои тасдиқ кардани сабти ном бояд бошад.
- Ба пайванд мегузарӣ ва бо ҳамин почтаи худро тасдиқ мекунӣ.
- Профили ту кушода мешавад, онро пурра намо.
3. Баъд аз ворид намудани маълумотҳо ба бахши “Омӯзиш” мегузарӣ, ки дар он ту метавонӣ филмҳои тасвирӣ, видеодарсҳоро пайдо карда онҳоро омӯзӣ. Ва баъдан ⬇️
4. Дар бахши “Азсанҷиш гузаштан”➡️ “Донишгоҳ”, “Забони адоват”-ро дарёфт мекунӣ ва тестро мегузарӣ.
Баъзе тестҳо дар натиҷаи бомуваффақият гузаштани онҳо промокоди беҳамто ҳосил мекунанд, ки онро дар платформаи Qlever фаъол карда метавонӣ. Дар маҷмӯъ, мо 3 промокодро дар бахши забони адоват пинҳон кардем. Ҳар як фаъолгардонии промокод ба ту 50 ситора медиҳад. Муҳим! Як тест = ба як промокоди беҳамто.
Дар поён бошад, мо ҳамаи роҳҳоро навиштем, ки ту бояд барои гирифтани промокод гузарӣ. Муваффақият!