Овозхон кӯшиш мекунад, ки бо нафрат ва маълумотҳои бардуруғ дар интернет мубориза барад. Вай ба наздикӣ ба Facebook, Google ва Instagram муроҷиат кард, то баъзе ҷомеаҳои хашмгини онлайнро боздорад.
Селена як пости “Маркази мубориза алайҳи нафрати интернетӣ” мубодила кард, ки дар он гуфта мешавад, ки аккаунтҳои нео-фашистӣ дар Instagram ва Facebook ҳоло ҳам фаъоланд ва тавассути платформаҳои худ - футболка ва дигар молҳоро мефурӯшанд.
"Ман сухане надорам! Facebook ва Instagram, чаро шумо ба ин нафрат тоқат мекунед? Чунин аккаунтҳо ҳанӯз ҳам фаъоланд, гарчанде ки шуморо огоҳ карданд! ” - навиштааст Селена дар твиттери худ.
Намояндаи Instagram оқибат ба нашрияи ET Canada гузориш дод, ки мундариҷаи номуносиб нест карда шудаанд.
Гомес инчунин ба роҳбарони Google мактуби навиштааст, ки дар он ӯ талаб кардааст, ки бо маълумоти нодурусти марбут ба интихоботи президентии ИМА дар моҳи ноябр, мубориза барад.
Маълумоти пурра: https://www.spletnik.ru/buzz/chronicle/99608-gomes-raskritikovala-facebook-i-instagram-kak-terpite-etu-nenavist.html