Дождитесь окончания загрузки
Модальное окно "Дорогой друг, прими участие в опросе"
preview Бозгашт

Мушкилӣ дар воридшавӣ ба замимаи Qlever

04.09.2020 • 17:34

 Истифодабарандагони мӯҳтарами платформаи Qlever!

 Дар айни замон, хатогиҳо дар навсозии 1.4 барои нухсаи мобилии платформа ёфт шуданд.  Пас аз навсозӣ, замима метавонад дар телефони мобилӣ  кушода нашавад.  Мо тавсия медиҳем, ки ин навсозиро насб накунед.  Ба қарибӣ нухсаи нави замима нашр мешавад.  Ҳамин ки нухсаи нав дастрас мегардад, мо хабарро дар ин бора дар сомонаи худ ҷойгир хоҳем кард!

 Аз истифодабарандагоне, ки замимаи Qlever дар телефонашон кор намекунад,хоҳиш менамоем, ки лутфан пас аз баромадани  нухсаи нав,  онро истифода кунед!  Ҳамчун тадбири муваққатӣ, шумо метавонед аз веб-нухсаи барнома  дар сомонаи qlever.asia истифода баред: Ҳама функсияҳои замимаи мобилӣ барои шумо дар ин ҷо дастрасанд!

Агар истифодаи нухсаи мобилӣ ягона интихоби шумост, пас ҳамчун тадбири муваққатӣ бета-нухсаи замимаро ҷорӣ кардан мумкин аст. Барои дастрас кардани  ин гуна нухсаи 1.7  пайванди зеринро пахш намоед: https://qlever.asia/app_build/app-debug.apk.  Барои насб кардани он, шумо бояд замимаи пешинаро аз телефони худ тоза кунед.  Натарсед - ҳисоб ва холҳои шумо дар сервери мо бехатар нигоҳ дошта мешаванд.  Муҳим  он аст, ки гузарвожаи худ ва рақами  телефониеро, ки бо он сабти ном кардаед, дар хотир нигоҳ доред.  Пас аз дастрас шудани навсозӣ дар мағозаи Google Play, бета- нухсаро тоза кардан мумкин аст.

 Мо барои нороҳатӣ узр мехоҳем!

Ин бозии иттилоотӣ-маърифатӣ барои ҷавонон дар Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешбинӣ шудааст.

Платформа бо назардошти талаботи қонунгузории давлатҳои шарик сохта шудааст. Ҳама намунаҳои дар ин бозӣ истифодашуда танҳо ба мақсадҳои таълимӣ мансубанд ва ҳеҷ гуна нияти ғайриқонунӣ надоранд. Бо оғози истифода аз платформа муштарӣ фаҳмиши худро тасдиқ карда, бо мақсадҳо ва вазифаҳои дар боло зикршудаи ин бозӣ розигӣ медиҳад.