Салом!
Мо аз эълони хабари хуш шодем: платформаи Qlever фаъолияти худро давом медиҳад. ? Бозиҳои ҷолиб, туҳфаҳои олӣ ва дигар чорабиниҳои шавқовар интизоранд. ?
?Шуруъ аз моҳи феврал мо мағозаро нав мекунем, хабарҳоро пайгирӣ карда, ба огоҳиномаҳо обуна бишав, мо ҳатман дар ин бора иттилоъ хоҳем дод! Дар омади гап, ҳамаи ситораҳое, ки қаблан ҷамъ карда будӣ, ҳифз шудаанд ва ту метавонӣ онҳоро дар мағозаи мо истифода намоӣ. Мо ҳамчунин барои илова кардани тӯҳфаҳои наву ҷолиб дар мағоза кор карда истодаем, аз ин рӯ зуд-зуд бо Qlever ташриф биёр.?
? Мо бошад, барои фаъол кардани бозии нав кор карда истодаем ва дар охири моҳи феврал ту метавонӣ бозии навро санҷида бинӣ.
Агар суоле дошта бошӣ, лутфан ба бахши FAQ - саволу ҷавобҳо - ба забонҳои русӣ ва тоҷикӣ назар кун. Дар он ҷо ба бештар саволҳои маъмулӣ - сар карда аз туҳфаҳо то раванди номнависӣ, посух хоҳӣ ёфт.
Инчунин метавонӣ бо мо дар тамос шавӣ?
1️⃣ Тариқи телеграм бот (мо ин ҷо хеле зуд ҷавоб медиҳем)
2️⃣ дар бахши “Муоширати мутақобила” дар платформа ва ё
3️⃣ тариқи навиштани мактуб ба почтаи электорнии qlever.tj@gmail.com (дар ин ҷо мо нисбатан дертар ҷавоб медиҳем).
Ба дӯстонат дар бораи Qlever нақл карданро фаромӯш накун, ⭐ситорачаҳоро ба даст оварда, тариқи бозӣ дониши худро васеъ намо!
Хабарҳоро пайгирӣ намо, то аз эълонҳои муҳим бехабар намонӣ. Ҳатман дар алоқа хоҳем буд. ?