Дождитесь окончания загрузки
Модальное окно "Дорогой друг, прими участие в опросе"
preview Бозгашт

Ташкилоти ҷамъиятии "Гурдофарид" ғолиби озмуни байналмилалӣ гардид!

15.09.2020 • 08:55

11 сентябри соли 2020 маросими ҷоизасупории озмуни ташаббусҳои шаҳрвандии "Amazing People" баргузор гардид. Ба шумо хотиррасон мекунем, ки озмуни "Amazing People  Prize" ба наздикӣ эълон шуда буд, тахти унвони- Роҳбар ва Волонтёри Ҷомеаи Шаҳрвандӣ. Озмунро Ассотсиатсияи Рушди Ҷомеаи Шаҳрвандии "Арго" дар доираи лоиҳаи "Хамкорӣ барои инноватсия" ташкил кардааст. Дар ин озмун дар қатори дигар ҷамъиятҳои шаҳрвандӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ТЧ "Гурдофарид" низ ширкат варзида, сазовори ҷои аввал гардид. Корбарон ва муштариёни шабакаҳои иҷтимоӣ онлайн овоз доданд. Бояд қайд кард, ки Ташкилоти ҷамъиятии "Гурдофарид" дар соҳаи волонтёрӣ ва роҳбарӣ 12 сол боз фаъолият мекунад ва онҳо як дастаи хеле дӯстона ва кордон доранд, ихтиёриён аллакай лоиҳаҳои худро доранд ва онҳо дар ширкатҳои муваффақ кор мекунанд. Дар доираи лоиҳаи Edulight, ки аз ҷониби Сафорати ИМА дар Тоҷикистон маблағгузорӣ шудааст, ТЧ “ Гурдофарид” як лагери медиавӣ ташкил кард, ки ҳадафи он баланд бардоштани сатҳи саводнокии медиавӣ дар байни наврасон ва ҷавонон, беҳтар намудани дастрасӣ ба таҳсилот дар ноҳияи Бободҷон Ғафуров мебошад. Дар як муддати кӯтоҳ ба онҳо муяссар гардид, ки тренингҳо оид ба рушди тафаккури интиқодӣ, саводнокии рақамӣ ва истифодаи самараноки он, фарогирии мавзӯъҳои муноқишавӣ, эҷоди мундариҷаи баландсифат, дастрасӣ ба таҳсилот, инчунин сифатҳои роҳбариро аз худ кунанд, то пас аз ба итмом расидани лоиҳа , донишҳои худро ба дигарон интиқол диҳанд. Иштирокчиёни ин лагер як гурӯҳи ташаббускор ташкил намуда, ба амалияи ихтиёриён шурӯъ карданд. Мо бо боварӣ гуфта метавонем, ки онҳо  пешсафанд ва ин пирӯзӣ шоистаи онҳост, зеро ин ихтиёриён сахт меҳнат карданд. Ихтиёриёни Гурдофарид дар ҳамаи паёмрасонҳо наворхои зиёде эҷод карданд, ки дар онҳо зиёда аз 2000 репост ва фарогирии беш аз 8000 нафар мавҷуд буданд. Агар шумо ба фаъолияти ихтиёриён шавқ дошта бошед, ба дастаи  Гурдофарид ҳамроҳ шавед!

Манбаъ: ТЧ "Гурдофарид";  Facebook:  https://www.facebook.com/gurdofarid/posts/714116015806591

Ин бозии иттилоотӣ-маърифатӣ барои ҷавонон дар Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешбинӣ шудааст.

Платформа бо назардошти талаботи қонунгузории давлатҳои шарик сохта шудааст. Ҳама намунаҳои дар ин бозӣ истифодашуда танҳо ба мақсадҳои таълимӣ мансубанд ва ҳеҷ гуна нияти ғайриқонунӣ надоранд. Бо оғози истифода аз платформа муштарӣ фаҳмиши худро тасдиқ карда, бо мақсадҳо ва вазифаҳои дар боло зикршудаи ин бозӣ розигӣ медиҳад.