Луғати англисии Оксфорд калимаи асосии соли 2020-ро муайян карда натавонист ва калимаҳои асосиро барои ҳар моҳ интихоб кард. Он калимаҳо ҳамаги 16-тоянд. Не, на ҳамаашон дар бораи коронавирус ҳастанд ?. Онҳо дар гузориши «2020 Суханони соли бесобиқа» пешниҳод шудаанд.
Ҳар сол дар Луғати Оксфорд "калимаҳои сол" муайян карда мешавад, ки воқеаҳои асосиро дурусттар инъикос мекунанд. Имсол, дар ин рӯйхат калимаҳое ба монанди сӯхтори ҷангал, карантин, коронавирус, беларуссия ва ғайра дохил карда шудаанд.
«Имсол Забони англисӣ, ба мисли ҳамаи мо, лозим омад, ки зуд ва чандин маротиба мутобиқ шавад. Гурӯҳи луғатшиносони ботаҷрибаи мо ин маълумотҳои луғавиро ҳар сари қадам ҷамъоварӣ ва таҳлил кардаанд. <...> Ба зудӣ маълум шуд, ки соли 2020 соле нест, ки онро бо як калима тасвир кард», — гуфта мешавад дар паём.
Соли гузашта Донишгоҳи Оксфорд ибораи "фавқулоддаи иқлим"-ро калимаи сол эълон намуд ва соли 2018 бошад калимаи "toxic" –ро (тарҷума аз англисӣ - "заҳролуд", "пур аз заҳр") интихоб кард.
Манбаъ: https://www.rbc.ru/society/23/11/2020/5fbb903d9a79477aae5224c0