Дождитесь окончания загрузки
Модальное окно "Дорогой друг, прими участие в опросе"
preview Бозгашт

Ҳатман барои хондан! Созишномаи истифодабарандагони нав

22.04.2022 • 11:09

Аз ҳамин рӯз сар карда Созишномаи истифодабарандагони нав қувваи эътибор пайдо мекунад. Мо ба банди 5.9 таъғиротҳо ворид намудем — Созишномаи истифодабарандагони навро дар бахши “О Qlever” ёфта метавонӣ. Ҳангоми давом додани истифодаи платформаи Qlever ту бо Созишномаи истифодабарандагони нав розӣ мешавӣ. Агар ту бо Созишномаи истифодабарандагони нав розӣ набошӣ метавонӣ истифодаи платформаи Qlever-ро қатъ намоӣ.

Барои чӣ мо ба Созишномаи истифодабарандагон таъғиротҳо ворид менамоем?

Мо мехоҳем, ки ҳар як бозингар имконияти бурд кардани тӯҳфаҳоро дошта бошад. Ин бо сабаби зиёд шудани ҳолатҳои бозии бевиҷдонона, мушкилтар шуда истодааст ? Барои ҳимояи онҳое, ки аз рӯи қоида бозӣ мекунанд, мо ба Созишномаи истифодабарандагон (он ҳуҷҷате, ки ҳангоми бақайдгирӣ бо он розӣ мешавӣ) таъғиротҳо ворид менамоем.

Аз рӯи қоидаҳои нав, ҳар як бозингар танҳо як аккаунт дар платформаи Qlever дошта метавонад. Мо инчунин додугирифти ситорачаҳо байни аккаунтҳо дастгирӣ намекунем. Ҳамаи қоидаҳои нав дар банди 5.9 Созишномаи истифодабарандагон навишта шудааст ва аз санаи 22-уми апрели соли 2022 қувваи эътибор пайдо кард.

Баъзе қоидаҳои асосии платформаро дар бахши “Оё холҳоро аз рӯи қоида ба даст овардан мушкил аст ”-и форум ёфта метавониӣ.

Qlever бозӣ кун, дониш гир ва тӯҳфаҳо ба даст ор!⭐⭐⭐
 

Ин бозии иттилоотӣ-маърифатӣ барои ҷавонон дар Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешбинӣ шудааст.

Платформа бо назардошти талаботи қонунгузории давлатҳои шарик сохта шудааст. Ҳама намунаҳои дар ин бозӣ истифодашуда танҳо ба мақсадҳои таълимӣ мансубанд ва ҳеҷ гуна нияти ғайриқонунӣ надоранд. Бо оғози истифода аз платформа муштарӣ фаҳмиши худро тасдиқ карда, бо мақсадҳо ва вазифаҳои дар боло зикршудаи ин бозӣ розигӣ медиҳад.