Дождитесь окончания загрузки
Модальное окно "Дорогой друг, прими участие в опросе"
preview Бозгашт

Бозии нав: Photo Fakes📸🔎

06.03.2024 • 09:12

👋🏻 Салом, мо дубора баргаштем ва аллакай бозии аввали худро ба ту муаррифӣ мекунем! Пас аз танаффуси кӯтоҳ, бо бозии аксҳои қалбакӣ - PhotoFakes ба наздат омадем 🎮

Агар қаблан барои эҷоди аксҳои қалбакӣ кӯшиши зиёд бояд сарф мекард, ҳоло бо ёрии зеҳни сунъӣ (AI) сохтани онҳо хеле осон шудааст. Хабарҳо, мақолаҳо, аксҳо, видеоҳо - ҳама чиз метавонад қалбакӣ бошад.

Вақте ки сари ҳар қадам фейкҳоро вохурдан мумкин, чӣ тавр ба доми фиреб наафтод? Албатта, бояд малакаи тафтиши аксҳоро омӯхт! Дар ин кор ба ту PhotoFakes кӯмак мекунад 📸. Маҳорати фикрронии интиқодии худ ва аҳамият додан ба тафсилотро васеъ намо.

Бозӣ бикун, ёд бигир ва туҳфаҳоро ба даст ор! 🎮

 

Ин бозии иттилоотӣ-маърифатӣ барои ҷавонон дар Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешбинӣ шудааст.

Платформа бо назардошти талаботи қонунгузории давлатҳои шарик сохта шудааст. Ҳама намунаҳои дар ин бозӣ истифодашуда танҳо ба мақсадҳои таълимӣ мансубанд ва ҳеҷ гуна нияти ғайриқонунӣ надоранд. Бо оғози истифода аз платформа муштарӣ фаҳмиши худро тасдиқ карда, бо мақсадҳо ва вазифаҳои дар боло зикршудаи ин бозӣ розигӣ медиҳад.