Мавзӯи бозии нав шояд ба ту шинос бошад - ин троллинг ва кибербуллинг аст. Бо ин бозӣ, мо мехоҳем дар бораи солимии равонӣ ва таҳқиркорони онлайнӣ сӯҳбат кунем.
Мо ҳама медонем, ки ҷанҷол чист. Хамаи мо гоҳ-гоҳ бо ин ё он сабаб ҷанҷол мекунем. Ва сабабҳои ҷанҷол низ барои ҳама гуногун аст. Касе пас аз ҷанҷол метавонад фавран сулҳ кунад, бахшиш пурсад ё хатогиҳои худро эътироф кунад. Касе метавонад рӯзҳо ё ҳафтаҳо хафа шавад ва муоширатро қатъ кунад. Онҳое ҳастанд, ки танҳо нисбат ба шахс бепарво мешаванд ва баъдан дубора бовариашонро пайдо кардан душвор аст. Аммо одамоне ҳастанд, ки муддати тӯлонӣ кинаю адоват доранд. Ва ин шахс, аз паси шумо бад карданро оғоз мекунад. Оё ту бо чунин ҳикояҳо ошно ҳастӣ?
Бадтараш он аст, ки ҳатто одамоне, ки ту дар ҳаёти воқеӣ намешиносӣ, метавонанд дар интернет таҳқир кунанд. Ва бозии нави мо Хейтер.net дар бораи ин аст.
Дар бозӣ, ту як мисолро аз ҳаёти як қаҳрамони силсилаи аниматсионӣ, ки ба вазъияти душвор дучор шудааст, меомӯзӣ. Ба ӯ кӯмак бикун, ки чӣ гуна рафтор кунад, вақте ки шахсро дар интернет таҳқир мекунанд ё меранҷонанд!