Дождитесь окончания загрузки
Модальное окно "Дорогой друг, прими участие в опросе"
preview Бозгашт

Аз хабарҳои муҳим бехабар намон. Мо ба Созишномаи истифодабарандагон таъғиротҳо ворид мекунем.

15.04.2022 • 10:07

Шумораи бозингарон дар платформа аллакай аз 91 000 зиёд мебошад! Ва ҳамарӯза шумораи мо изофа шуда истодааст. Мо хеле хурсанд ҳастем, ки ту дар платформаи Qlever бозӣ карда дониши худро бо мо баланд менамоӣ!

Мо мехоҳем, ки ҳар як бозингар имконияти бурд кардани тӯҳфаҳоро дошта бошад. Ин бо сабаби зиёд шудани ҳолатҳои бозии бевиҷдонона, мушкилтар шуда истодааст ? Барои ҳимояи онҳое, ки аз рӯи қоида бозӣ мекунанд, мо ба Созишномаи истифодабарандагон (ин он ҳуҷҷате мебошад, ки ҳангоми бақайдгирӣ бо он розӣ мешавӣ) таъғиротҳо ворид менамоем.

Аз рӯи қоидаҳои нав, ҳар як бозингар танҳо як аккаунт дар платформаи Qlever дошта метавонад халос. Мо инчунин додугирифти ситорачаҳо байни аккаунтҳоро дастгирӣ намекунем. Ҳамаи қоидаҳои нав дар банди 5.9 и Созишномаи истифодабарандагон нависта мешаванд ва аз санаи 22 апрели соли 2022 қувваи эътибор пайдо мекунанд.

Баъзе қоидаҳои асосии дар платформа бовиҷдонона бозӣ карданро, ту метавонӣ дар бахши “Оё холҳоро аз рӯи қоида ба даст овардан мушкил аст ”-и форум ёфта метавонӣ. 

Агар ягон савол пайдо шавад метавонӣ ба мо муроҷиат намоӣ. Агар ту ягон бозингарони бевиҷдонона бозӣ мекардаро ё ягон гурӯҳ/чатҳое, ки ба Qlever бахшида шудааст медонӣ, ба мо бо воситаи бахши Фикру мулоҳизаҳо (Обратная связь) хабар деҳ. Мо ҳатман туро, барои дастгирии бозии қоидавӣ дар Qlever, бо ситорачаҳо қадрдонӣ мекунем. Анонимиро кафолат медиҳем??

 

Ин бозии иттилоотӣ-маърифатӣ барои ҷавонон дар Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешбинӣ шудааст.

Платформа бо назардошти талаботи қонунгузории давлатҳои шарик сохта шудааст. Ҳама намунаҳои дар ин бозӣ истифодашуда танҳо ба мақсадҳои таълимӣ мансубанд ва ҳеҷ гуна нияти ғайриқонунӣ надоранд. Бо оғози истифода аз платформа муштарӣ фаҳмиши худро тасдиқ карда, бо мақсадҳо ва вазифаҳои дар боло зикршудаи ин бозӣ розигӣ медиҳад.