Дождитесь окончания загрузки
Модальное окно "Дорогой друг, прими участие в опросе"
preview Бозгашт

Фиребгарон аз номи Хабиб Нурмагомедов конкурс гузаронида истодаанд.

25.02.2021 • 12:48

Фиребгарон дар конкурсҳои қалбакии худ чеҳраи қаҳрамони UFC дар вазни сабук, Хабиб Нурмагомедовро истифода бурданд. Ҳаминтавр, дар шабака аксе паҳн шуд,  ки дар он варзишгари Русия гӯё мошини Toyota Camry-ро тӯҳфа мекунад.

Ба ҳама пешниҳод карда мешавад, ки яке аз садҳо мошини Toyota Camry-и соли 2019 ё ҷоизаи пулиро ба даст орад. Барои ин танҳо анҷом додани пурсиши кӯтоҳ лозим аст. Аммо, истиноди пешниҳодшуда ба сайти фишинг оварда мерасонад. Ин маънои онро дорад, ки ҳамаи маълумотҳое, ки корбарон дар портал мегузоранд, барои шахсони сеюм дастрас хоҳанд буд.

Ҳамин тариқ, қаллобон ба маълумоти шахсӣ, тафсилоти пардохт ва суратҳисобҳои шахсии қурбониёни худ дастрасӣ пайдо мекунанд.

Намояндагони расмии Хабиб Нурмагомедов таъкид карданд, ки варзишгар ба ин ҳечдахле надорад. Онҳо аз мардум хоҳиш карданд, ки ҳушёр бошанд ва ба чунин чизҳо фирефта нашаванд.

Манбаъ: https://www.stav.kp.ru/daily/2171205/4318107/

 

Ин бозии иттилоотӣ-маърифатӣ барои ҷавонон дар Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешбинӣ шудааст.

Платформа бо назардошти талаботи қонунгузории давлатҳои шарик сохта шудааст. Ҳама намунаҳои дар ин бозӣ истифодашуда танҳо ба мақсадҳои таълимӣ мансубанд ва ҳеҷ гуна нияти ғайриқонунӣ надоранд. Бо оғози истифода аз платформа муштарӣ фаҳмиши худро тасдиқ карда, бо мақсадҳо ва вазифаҳои дар боло зикршудаи ин бозӣ розигӣ медиҳад.