Дождитесь окончания загрузки
Модальное окно "Дорогой друг, прими участие в опросе"
preview Бозгашт

Microsoft барномаро барои мубориза бо дипфейкҳо пешниҳод кард

12.09.2020 • 08:42

 Барнома Microsoft Video Authenticator ном дорад.  Он аксҳо ва видеоҳоро таҳлил мекунад ва фоизи эътимоднокии онҳоро муайян мекунад.

 Ширкати амрикоии Microsoft дар чаҳорчӯбаи “Барномаи ҳимояи демократия” як афзори наверо барои мубориза бо дипфейкҳо - аксҳо, наворҳо ва сабтҳои овозӣ, ки бо мақсади ба иштибоҳ андохтани истифодабарандагон ва паҳн кардани иттилооти бардурӯғ бо ёрии зеҳни сунъӣ тағир дода шудаанд, пешниҳод кард.  Дар ин бора дар блоги ширкат хабар дода шудааст.

 Ширкат боварӣ дорад, ки ин дар мубориза бо дезинформация дар арафаи интихобот дар ИМА кӯмак хоҳад кард.

 Дар аввали моҳи январ, ширкати Facebook эълон кард, ки дипфейкҳо ва видеоҳои манипулятивиеро, ки метавонанд истифодабарандагонро ба иштибоҳ андозанд, нест хоҳад кард.  Ин тадбир як қисми омодагии шабакаи иҷтимоӣ ба интихоботи президентӣ дар ИМА гардид.  Тибқи гуфтаи намояндагони ширкат, наворҳои дипфейк дошта дар Интернет кам пайдо мешаванд, аммо технологияҳои эҷоди онҳо такмил ёфта истодаанд.

 Манбаъ: Factcheck,tj  https://factcheck.tj/ru/2020/09/07/faktcheknews-microsoft-predstavila-programmu-dlya-borby-s-dipfejkami/

 

Ин бозии иттилоотӣ-маърифатӣ барои ҷавонон дар Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешбинӣ шудааст.

Платформа бо назардошти талаботи қонунгузории давлатҳои шарик сохта шудааст. Ҳама намунаҳои дар ин бозӣ истифодашуда танҳо ба мақсадҳои таълимӣ мансубанд ва ҳеҷ гуна нияти ғайриқонунӣ надоранд. Бо оғози истифода аз платформа муштарӣ фаҳмиши худро тасдиқ карда, бо мақсадҳо ва вазифаҳои дар боло зикршудаи ин бозӣ розигӣ медиҳад.