Барои духтараки 14-солаи нобино Мафтуна Мачидова омузиши забони англиси осон набуд. У бовари надошт, ки рузе метавонад бо забони хоричи сухан ронад. Аммо вақте ки ӯ узви барномаи Access барои омӯзиши забони англисӣ шуд, пас ин мушкилотро паси сар кард, ба худ ва қобилиятҳояш эътимод пайдо кард, зеро орзуи ӯ дар хориҷа таҳсил кардан буд. Ин барнома ба Мафтуна на танҳо забони англисиро меомӯхт, инчунин барои интихоби касби ояндааш низ кумак кард. Ва инчунин вай дӯстони зиёде пайдо кард, ки онҳо акнун метавонанд бо забони англисӣ муошират кунанд. Мафтуна мехоҳад тарҷумон шавад.
Хотиррасон мекунем, ки барномаи Access ба ҷавонони 14-18-сола имконият медиҳад, ки забони англисиро омӯзанд ва дар худ малакаҳои роҳбариро такмил диҳанд. Илова ба омӯзиши забони англисӣ, ҳадафи асосии барнома ба донишҷӯён фаҳмонидани фарҳанг ва арзишҳои Иёлоти Муттаҳида бо таъкид ба принсипҳои демократӣ ва иштироки шаҳрвандӣ мебошад. Илова бар ин, баъзе донишҷӯён дониши кофии забони англисиро барои такмил додани малакаҳо тавассути иштирок дар барномаҳои анъанавии мубодила дар кишварҳои ECA, инчунин дар дигар барномаҳои ғайридавлатӣ (стипендия барои таҳсили сатҳи миёна ва донишгоҳӣ дар ИМА) мегиранд.
Мафтуна аз он шод аст, ки вай иштирокчи ин барнома ва ба кариби хатмкунандаи барномаи "Access" хоҳад шуд. Акнун вай бовари дорад, ки орзухояш амали мегарданд.