Дождитесь окончания загрузки
Модальное окно "Дорогой друг, прими участие в опросе"
preview Бозгашт

Озмуни ҷадид барои эҷоди наворҳои иҷтимоӣ

01.04.2023 • 05:16

Платформаи таълимӣ-онлайнии QLEVER ва ТҶҶ «Гурдофарид» дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафорати ИМА дар Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи «Сафирони иродаи неки QLEVER барои Тоҷикистони осоишта» аз оғози озмуни ҷадид барои эҷоди наворҳои иҷтимоӣ хабар медиҳад.

МУҲЛАТ: Аз 15 феврали соли 2023 то 15 апрели соли 2023

ВАЗИФАҲО:
• Баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ аз сиёсати ҳукумат оид ба пешгирӣ ва оқибатҳои ифротгароӣ (экстремизм)-и хушунатомез.
• Эҷоди муҳтавои мусбат ва муфид барои пешгирии ифротгароии хушунатомез.
• Мусоидат намудан ба дарки беҳтари огоҳӣ ва пешгирии ифротгароии хушунатомез.

Мавзӯъҳои зеринро пешниҳод менамоем:
• ПЕШГИРИИ ИФРОТГАРОИИ ХУШУНАТОМЕЗ. Эҷоди муҳтавои мусбат ва муфид баҳри огоҳӣ ва пешгирии ифротгароии хушунатомез.
• МАОРИФ. Чӣ гуна ҷавонон дар таҳсил, касбу кор, баланд бардоштани дониш тавассути худинкишофёбӣ, огоҳӣ ва пешгирии ифротгароии хушунатомез ба комёбиҳо ноил мегарданд.
• САВОДИ РАСОНАӢ. Дарк кардан ва муайян намудани забони адоват (суханони нафратангез) дар муҳтаво, санҷиши далелҳо (далелсанҷӣ) ва тайиди маълумот, бехатарии рақамӣ ва Нетикет (вебэтикет), огоҳӣ ва пешгирии ифротгароии хушунатомез.
• ОИЛА, КӮДАКӢ, ҶАВОНОН. Дар бораи мушкилоти имрӯзаи кӯдакону ҷавонон, шуморо маҳз чӣ ба ташвиш овардааст, огоҳӣ ва пешгирии ифротгароии хушунатомез нақл кунед.
• ЭҲСОНКОРӢ. Оё мо ҳамеша ба дигарон диққат медиҳем? Оё мо ба кумак расонидан доир ба огоҳӣ ва пешгирии ифротгароии хушунатомез омодаем?

Инъикоси озмуни наворҳои иҷтимоӣ дар мавзӯи «Пешгирии ифротгароии хушунатомез», на бештар аз 2 дақиқа дар сомонаҳои шахсии худ ё шабакаҳои иҷтимоӣ бо хэштегҳои #ПНЭ #DemCom #CVE #пешгирии_ифротгароӣ #contestcve

Корҳо аз рӯи меъёрҳои зерин баҳо дода мешаванд:
• Ҷой доштани хэштегҳои #ПНЭ #DemCom #CVE #пешгирии_ифротгароӣ #contestcve
• Зиёда аз 15 000 нафарро тамошо 
• Мавзӯъҳои озмун бояд ба пешгирии ифротгароии хушунатомез алоқаманд бошад
• Чаҳорчӯбаи муваққатӣ (дар муҳлати муайяншуда – аз 15 феврал то 15 апрели соли 2023, нашр шавад, давомнокии навор на бештар аз 2 дақиқа бояд бошад)

Мукофотҳо:
Ҷои аввал - iPhone 14
Ҷойи дуюм – планшети Samsung
Ҷойи сеюм - Телефони XiaoMi

 

Ин бозии иттилоотӣ-маърифатӣ барои ҷавонон дар Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешбинӣ шудааст.

Платформа бо назардошти талаботи қонунгузории давлатҳои шарик сохта шудааст. Ҳама намунаҳои дар ин бозӣ истифодашуда танҳо ба мақсадҳои таълимӣ мансубанд ва ҳеҷ гуна нияти ғайриқонунӣ надоранд. Бо оғози истифода аз платформа муштарӣ фаҳмиши худро тасдиқ карда, бо мақсадҳо ва вазифаҳои дар боло зикршудаи ин бозӣ розигӣ медиҳад.