Дождитесь окончания загрузки
Модальное окно "Дорогой друг, прими участие в опросе"
preview Бозгашт

Озмун бахшида ба рӯзи Ҷавонон!

23.05.2022 • 04:13

Ояндаро шумо эҷод мекунед!

Қаҳрамонони мо - волонтёрон❤️

Иштироки ҷавонон дар қабули қарорҳои маҳаллӣ ба ҳаёти ҳаррӯзаи ҷомеа таъсири муҳим дорад.

Ташкилоти ҷамъиятии "Гурдофарид" дар якҷоягӣ бо "Qlever" бахшида ба Рӯзи ҷавонон озмун эълон мекунад.

Барои иштирок ба шумо лозим аст:

✅ Дар бораи корҳои волонтёрии худ пост нависед, аз ҷумла: номи ташкилот, ҳадафи онҳо ва кадом вазифаеро, ки шумо ҳамчун волонтёр иҷро кардед.

✅Саҳифаи @ecgurdofarid, @qlever.tj –ро дар Instagram қайд кунед ва хэштегҳои #OOGurdofarid #QLEVERTJ –ро гузоред.

Агар шумо волонтёр набошед, пас шумо бояд ҳамчун волонтёр дар ягон ташкилот, созмони маҳаллӣ, мактаб, донишгоҳ, ҳукумат ё кумитаи ҷавонон кор пайдо кунед, то дар бораи фаъолияти онҳо маълумоти бештар гиред.

Дар доираи волонтёрӣ, шумо метавонад таҷрибаи муфид пайдо кунед. Бо мусоидат дар ҳалли мушкилоти ҳукуматҳои маҳаллӣ, метавонед дар бораи ҷомеаи худ ва мушкилоти онҳо маълумоти бештар пайдо кунед.

Ҳикояҳои ҷолиб маҳсулоти бренди "Qlever" мегиранд:

1.Бизнес пакет

2.Футболка

3.Термос

Дигар иштирокчиёни озмун дар платформаи "Qlever" 200⭐️ мегиранд.

Озмун то 30 июн давом мекунад.

Ба ҳама муваффақият хоҳонем!

 

Ин бозии иттилоотӣ-маърифатӣ барои ҷавонон дар Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешбинӣ шудааст.

Платформа бо назардошти талаботи қонунгузории давлатҳои шарик сохта шудааст. Ҳама намунаҳои дар ин бозӣ истифодашуда танҳо ба мақсадҳои таълимӣ мансубанд ва ҳеҷ гуна нияти ғайриқонунӣ надоранд. Бо оғози истифода аз платформа муштарӣ фаҳмиши худро тасдиқ карда, бо мақсадҳо ва вазифаҳои дар боло зикршудаи ин бозӣ розигӣ медиҳад.