Дождитесь окончания загрузки
Модальное окно "Дорогой друг, прими участие в опросе"
preview Бозгашт

Озмун! Соати тозагӣ ✨

06.04.2022 • 12:10

Салом! 

Тасаввур кун, ки чӣ гуна ба кӯчаи тоза аз халтаҳои пластикӣ ва дигар партовҳо баромадан хуш аст. Ин афсонавӣ нест ва тозагиро ба даст овардан на он қадар мушкил аст. Озмуни нав аз Qlever ба  чиркинӣ ва партовҳо дар ҳавлиҳо, кӯчаҳо ва даромадгоҳҳо ҷанг эълон мекунад ⚔️?✨ 

 

Чӣ бояд кард?

✅Лавозимотҳои заруриро захира кун: дастпӯшакҳо, ниқоб, халтаҳо барои ҷамъи партовҳо ва аробача. ?

✅Ба ҳавлӣ, даромадгоҳ ё кӯчаи худ баро ва фазои атрофи худро тозатар гардон!  

✅Пеш аз кор ва баъди кор акс гир

✅Ин акс/видеоро дар Инстаграм, Фейсбук ё Тик Ток бо хэштеги #чистотаcQlever #QleverTJ  нашр намо (ё онро ба почтаи электронии мо ирсол намо qlever.game@gmail.com). 

✅ Ҳатман никнейми худро дар платформаи Qlever ишора намо

Намунаи пост дар инстаграм: Ҳавлиро тоза кардам! #чистотаcQlever #QleverTJ @nickname

 

Корҳо аз рӯи меъёрҳои зерин баҳо дода мешаванд:

• Миқёси ҳудуд

• Кори сифатнок ичро карда шуда.

 

Мукофот барои ғолибон:

1️⃣ ҷой Бизнес пакет аз Qlever 

2️⃣ ҷой Термос бо логотипи Qlever 

3️⃣ ҷой Футболка бо логотипи Qlever 

 

Озмун 25 апрел ба охир мерасад.

 

Ҳоло, ки ту дар инҷо ҳастӣ, якҷанд маслиҳатҳо барои тозагардонӣ:

? Оташ назан, балки ба пору табдил деҳ. Дуд ба сайёраи мо зиён дорад, дуди баъзе намуди пластика заҳролуд мебошад ???

? Ҳангоми тоза кардан аз дастпӯшакҳо истифода бар, дастҳоятро эҳтиёт кун ?

? Ниқоб туро аз чанг эмин нигоҳ медорад ?

? Дар гурӯҳ кор кардан беҳтар аст ?

? Ҳар чӣ қадаре, ки тез тез партовҳоро тоза мекунӣ, ҳамон қадар кор кам мешавад. Барои бардоштани якчанд порчаҳои қоғаз танҳо якчанд дақиқа сарф мешавад, аммо ҳисси тозагӣ тамоми ҳафта давом мекунад ✨ ?

Ин бозии иттилоотӣ-маърифатӣ барои ҷавонон дар Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешбинӣ шудааст.

Платформа бо назардошти талаботи қонунгузории давлатҳои шарик сохта шудааст. Ҳама намунаҳои дар ин бозӣ истифодашуда танҳо ба мақсадҳои таълимӣ мансубанд ва ҳеҷ гуна нияти ғайриқонунӣ надоранд. Бо оғози истифода аз платформа муштарӣ фаҳмиши худро тасдиқ карда, бо мақсадҳо ва вазифаҳои дар боло зикршудаи ин бозӣ розигӣ медиҳад.