Дождитесь окончания загрузки
Модальное окно "Дорогой друг, прими участие в опросе"
preview Бозгашт

Ширкати Twitter ба вазифаи роҳбари хадамоти амният хакерро киро кард.

27.11.2020 • 08:16

Пейтер Затко, маъруфтар бо номи хакер Мадж, сардори хадамоти амнияти Twitter шуд.

Хотиррасон мекунем, ки моҳи июл дар Twitter ҳамлаи ҳакерии калон ба амал омад.

Саҳифаҳои чандин корпоратсияҳои амрикоӣ ва одамони маъруф, аз ҷумла Илон Маск, Билл Гейтс, Ҷефф Безос, Уоррен Буффер ва Ҷозеф Байден шикаста шуданд.

Затко барои "амнияти иттилоотӣ", "беайбии платформа" ва муҳофизат аз "сӯиистифода ва найрангбозӣ" масъул хоҳад буд. Пеш аз он, ӯ тавонистааст дар Пентагон ва Google кор кунад. Кори охирини ӯ хадамоти пардохти Stripe мебошад.

Пейтер Затко яке аз маъруфтарин мутахассисони амнияти шабакавӣ дар ҷаҳон буда, узви гурӯҳи ҳакерҳои L0pht буд.

Дар охири солҳои ҳаштод ва навадум, Затко яке аз маъруфтарин хакерҳои Иёлоти Муттаҳида ба шумор мерафт ва ба гурӯҳи " Cult of the Dead Cow " шомил буд.

Сарчашма: https://www.dw.com/ru/sluzhbu-bezopasnosti-twitter-vozglavil-izvestnyj-haker/a-55622806

 

Ин бозии иттилоотӣ-маърифатӣ барои ҷавонон дар Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешбинӣ шудааст.

Платформа бо назардошти талаботи қонунгузории давлатҳои шарик сохта шудааст. Ҳама намунаҳои дар ин бозӣ истифодашуда танҳо ба мақсадҳои таълимӣ мансубанд ва ҳеҷ гуна нияти ғайриқонунӣ надоранд. Бо оғози истифода аз платформа муштарӣ фаҳмиши худро тасдиқ карда, бо мақсадҳо ва вазифаҳои дар боло зикршудаи ин бозӣ розигӣ медиҳад.