Донишгоҳи Кембриҷ бозиеро баровардааст, ки барои муайян кардани хабарҳои бардурӯғ дар бораи коронавирус мусоидат мекунад.
16.10.2020 • 13:01Бозии нав, ки тақрибан 6 дақиқа тӯл мекашад, бозигаронро бо асосҳои усулҳои манипулятсия дар шабака дар давраи коронавирус шинос мекунад. Он ба одамон кӯмак мекунад, ки далелҳоро аз хабарҳои сохта ҷудо кунанд. Бозӣ бо 3 забон дастрас аст.
Бозии Go Viral! дар ҳамкорӣ бо ҳукумати Бритониё ҷорӣ карда шудааст. Офарандагони он умедворанд, ки бо ёрии бозӣ, ба одамон муайян ва нодида гирифтани маълумотҳо дар бораи Covid-19, ки онҳо дар манбаъҳои қонунӣ тасдиқ намешаванд, осонтар хоҳад шуд.
«Бо истифода аз муҳити тақлидшудае, ки дар он роҳҳои сохтани дезинформатсия ба бозингарон намоиш дода мешавад, мо метавонем табиати ҳақиқии онро ба мардум ошкор намоем. Бозӣ ба одамон воситаҳоеро дастрас мекунад, ки барои фарқ кардани воқеият аз маълумотҳои сохта заруранд”, изҳор дошт таҳиякунандаи Go Viral!, доктор Ҷон Рузенбек, ки инчунин корманди илмии кафедраи психологияи донишгоҳи Кембриҷ мебошад.
Таҳиягарони ин бозӣ мегӯянд, ки агар шахсе ҳатто танҳо як маротиба бозӣ кунед, эҳтимолияти фиреб хӯрдани ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба хабарҳои бардурӯғ дар муддати ҳадди аққал се моҳ коҳиш дода мешавад.
Муфассал: https://www.infosecurity-magazine.com/news/cambridge-university-releases-fake/