Дождитесь окончания загрузки
Модальное окно "Дорогой друг, прими участие в опросе"
preview Бозгашт

Натиҷаҳои озмуни “Рӯзи бозингар”

13.05.2022 • 21:16

Дӯстон, озмуни мо ба охир расид! Вақти эълони рӯйхати ғолибон расидааст.Ҳама аз рӯйхати дар поён овардашуда 150 ⭐ мегиранд. Мо онҳоро дар давоми 1-2 рӯз ба суратҳисоби шумо интиқол медиҳем ?


1. Одам4а
2. zambezh
3. kom1lla
4. Qwerty751
5. bezhanbmw
6. Anvar2211
7. Azya2211
8. Fgh004
9. Roma.Volk
10. oftobak
11. Акрамов
12. Parviz77
13. Beny
14. Hubon
15. MAN 100
16. Mahnoza Tukhtaeva
17. Юлдузхон Тӯхтаева
18. k4zb3k
19. shaka.95@yandex.ru
20. TaMiSh
21. Фаридун2005
22. FireLord
23.Marz
24. Haos
25. Ганчина
26. Раҳматhh11
27. Акмалджон
28. BepulSoft
29. asil.bek
30. Farangis123


Ҳаводорони ҳақиқии бозиҳои компютериро табрик карда ба ҳамаи онҳое, ки иштирок доштанд изҳори миннатдорӣ менамоем! Акнун ба таваҷҷӯҳи шумо ҷавобҳои дурустро пешниҳод мекунем:
№ 1. Шояд ту ақаллан як маротиба Minecraft-ро бозӣ кардаӣ. Дар марҳилаи аввал ҳар як бозингар 10 дилча мегирад, ки ҳар яки он аз ду нимдилча иборат аст.
№ 2.  Mortal Kombat – силсилаи бозиҳои компютерӣ дар жанри файтинг, ки аз ҷониби Эд Бун ва Ҷон Тобиас сохта шудааст. Дар аввал созандагони бозӣ фикри сохтани бозӣ бо Жан Клод Ван Даммро доштанд, аммо ба ҷои он, соли 1992 бозии Mortal Kombat сохта шуда буд. Қаҳрамон Sub-Zero бошад, ҳарифони худро ях мекунонд.
№ 3. Тетрис - бозии соддаи мантиқӣ, ки аз тарафи корманди Маркази ҳисоббарори назди Академияи илмҳои СССР Алексей Пажитнов, барои худ ва ҳамкорони худ навишта шуда буд, дар муддати кӯтоҳ дар тамоми олам машҳур шуда дар таърих ҳамчун бозии аз ҳама бештар фурӯхташаванда боқӣ мондааст. Аз соли 1982, зиёда аз 40 миллион нусха фурӯхта шудааст.
№4. Dendy, ё «Де́нди» - силсилаи консоли бозӣ, клони аппаратии ғайрирасмии консоли бозии насли сеюм Famicom-и ширкати ҷопонии Nintendo. Dendy аз охири соли 1992, аз ҷониби ширкати Steepler бароварда мешуд. Он дар Тайван, аз ҷузъҳои чинӣ бо фармоиши Steepler насб карда шуда асосан дар кишварҳои собиқ шӯравӣ фурӯхта мешуд. 
 №5. Дар аксари бозиҳо, ба ғайр аз тугмачаҳои навигатсионӣ (тирчаҳо) боз тугмачаҳои англисии W-A-S-D истифода мешавад. Ин ба он хотир анҷом дода шудааст, ки дасти чапро ба блоки тугмаҳои тирча, ки одатан дар тарафи рости клавиатура ҷойгиранд, дароз накардан 
№6. Платформаи Qlever маскот – қаҳрамони худро дорад бо номи Смарти (аз англ. Smarty). Он сагчаи дӯстонае аст, ки ба бозингарон барои гузаштани супоришҳо дар баъзе бозиҳои мо, ёрӣ медиҳад. Ба ғайр аз бозиҳо, Smarty-ро дар блокҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ, дар саҳифаҳои барнома пайдо кардан мумкин аст.
№7. Бозии “Детектив” дар платформаи мо, бозии классикӣ дар формати “hidden objects” мебошад. Агар ту ҳоло ҳам онро бозӣ накарда бошӣ, зуд ин корро кун. Дар омади гап, ин бозӣ аллакай дар версияи дуюми такмилёфта баромадааст. Ба ту маъқул мешавад!
№8. Ту ҳам ин раннерро муддати дароз бозӣ мекардӣ? Эҳтимолан, баробари ҳаракатҳои Марио ҳаракат мекардӣ? Ҳамин хел аст? Мо ҳам :) Дар омади гап, номи малика дар ин бозӣ Peach (аз англисӣ Шафтолу) аст. Иқрор шав, ки ин барои ту хабари нав буд? Мо кӯшиш кардем.
№9. Snake ё Морча – бозии компютерӣ, то соли 1997 танҳо дар компютерҳо вуҷуд дошт. Таҳиягари финнӣ Танели Арманто онро барои платформаи мобилии JAVA мутобиқ намуд ва бозӣ аз тарафи ширкати Nokia дар яке аз аввалин телефонҳои худ - Nokia 6110 бароварда шуд.
№10. Созандагони силсилаи бозии GTA ҳангоми сохтани дунёи бозӣ ба ҳар як ҷузъиёт аҳамият доданд. Онҳо на танҳо фабрикаи истеҳсоли киноро бо номи Вайнвуд ба бозӣ ҳамроҳ карданд, балки радиои онлайниро сохтанд, ки имрӯзҳо ҳам дар интернет ҳамчун V-Rock дастрас аст.

Ин бозии иттилоотӣ-маърифатӣ барои ҷавонон дар Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешбинӣ шудааст.

Платформа бо назардошти талаботи қонунгузории давлатҳои шарик сохта шудааст. Ҳама намунаҳои дар ин бозӣ истифодашуда танҳо ба мақсадҳои таълимӣ мансубанд ва ҳеҷ гуна нияти ғайриқонунӣ надоранд. Бо оғози истифода аз платформа муштарӣ фаҳмиши худро тасдиқ карда, бо мақсадҳо ва вазифаҳои дар боло зикршудаи ин бозӣ розигӣ медиҳад.