Моҳи феврали соли равон Даря Христолюбова, натток ва директори барномаҳои радиои «Азия-Плюс» дар як семинари инноватсионӣ оид ба ташкили лоиҳаҳои саводнокии медиавӣ дар MediaCAMP Eduton, ки Интернюс дар шаҳри Алмаато баргузор карда буд, ширкат варзид. Пас аз ба итмом расидани семинар, Дария лоиҳаи худро пешниҳод кард ва барои маблағгузорӣ грант гирифт. Вай дарсҳои саводнокии интернетиро барои кӯдакон таҳия карда, дар Фейсбук эълон кард, ки мехоҳад вебсайти #childrenOnline -ро баргузор кунад. Дарсҳо оид ба саводнокии медиавӣ ба кӯдакон хеле писанд омад. Дария супоришҳои синфӣ ва хонагӣ барои донишҷӯёни хурдсолро дар асоси филмҳои тасвирӣ ва филмҳои дӯстдоштаашон таҳия намуда, бозии "Вирус ҳамла" -ро ихтироъ кард, ки дар давоми он кӯдакон метавонистанд хатто чапак зананд ва пой бар замин зананд. Дар байни донишҷӯёни ӯ корбарони фаъоли YouTube ва Tik-Tok буданд, ки ҳамаи блогерҳоро мешинохтанд. Аммо бисёре аз онҳо тасаввуроте надоштанд, ки масалан, дар ҷаҳони интернетӣ одоби, "ташаккур" ва "илтимос" низ вуҷуд дорад, Ё ин ки дар инҷо хатарҳо вуҷуд дошта метавонанд, ба монанди воқеият. Дар мактаб муаллимон интернетро бад номидаанд. Аммо Даря ба онҳо фаҳмонд, ки агар шумо дуруст истифода баред, интернет бад нест. Инчунин супоришҳои хонагӣ мавҷуд буданд, ки дар он волидон низ дар хамчояги бо гурӯҳе хамрохи кӯдакон иштирок карданд. Мутобики нақша Дария се вебинар дар мавзӯи ВАО ва саводнокии рақамӣ дошт, ки дутои он барои донишҷӯёни хурдсол ва сеюмаш барои муаллимони мактабҳои миёна гузаронида шуд.