Дождитесь окончания загрузки
Модальное окно "Дорогой друг, прими участие в опросе"
preview Бозгашт

Ҳафтаи умумиҷаҳонии саводнокии расонаӣ ва иттилоотии

26.10.2020 • 12:15

Аз 24 то 31 октябри соли 2020  ҳафтаи умумиҷаҳонии саводнокии расонаӣ ва иттилоотии ЮНЕСКО баргузор мешавад.  Дар доираи Ҳафта, лоиҳаи BRYCA ду чорабинии онлайнро баргузор мекунад, ки мо дар он ҷо дар бораи натиҷаҳо ва раванди мониторинги васоити ахбори шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар манбаъҳои онлайн аз моҳи январи соли 2020 ва дар бораи платформаи бозии QLEVER нақл хоҳем кард.
Ҳамин тавр, нахустин чорабинии мо 28 октябр соати 14:00 (ба вақти Бишкек) баргузор мегардад.  Ҳадафи муҳокима нақл кардан дар бораи мониторинги ВАО ҳамчун раванд ва мо онро чӣ гуна амалӣ мекунем, инчунин мубодилаи натиҷаҳо аз оғози пандемия, чӣ гуна тағир ёфтани табиати нафрат ва самт он дар тӯли сол аст.

Барномаи чорабинӣ:

Модератор: Саида Сулайманова, директори Маркази рушди рӯзноманигории муосир

Нотиқон:
• Маълумоти умумӣ дар бораи мониторинг: тарзи ташкили раванд, тамоюлҳои умумии сухани нафратангез аз оғози пандемия дар минтақа, Думан Смаков, сармуҳаррири Маркази байналмилалии рӯзноманигории MediaNet, Қазоқистон
• Сухани нафратангез дар арафаи интихоботи парлумонии Қирғизистон, Ширин Аманбекова, медиа-монитори лоиҳаи BRYCA, ассистенти лоиҳа, Маркази дастгирии ВАО, Қирғизистон
• Як рӯзи медиа-монитор, Даря Османова, коршиноси ВАО, Маркази рушди рӯзноманигории муосир, Ӯзбекистон
• Сухани нафратангез ва иттилооти ғалат  дар рафти муноқишаҳои байнимиллатӣ дар Қазоқистон, Снежана Тсой, менеҷери лоиҳа, Маркази байналмилалии рӯзноманигории  MediaNet, Қазоқистон
• Фейкҳои маъмултарин дар Тоҷикистон, Ҷамшед Марупов, рӯзноманигор, коршиноси ВАО, фактчекер, Ташкилоти Ҷамъиятии "Гурдофарид", Тоҷикистон

Лоиҳа бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо амалӣ карда мешавад.

Ин бозии иттилоотӣ-маърифатӣ барои ҷавонон дар Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешбинӣ шудааст.

Платформа бо назардошти талаботи қонунгузории давлатҳои шарик сохта шудааст. Ҳама намунаҳои дар ин бозӣ истифодашуда танҳо ба мақсадҳои таълимӣ мансубанд ва ҳеҷ гуна нияти ғайриқонунӣ надоранд. Бо оғози истифода аз платформа муштарӣ фаҳмиши худро тасдиқ карда, бо мақсадҳо ва вазифаҳои дар боло зикршудаи ин бозӣ розигӣ медиҳад.