Рӯзи 7 декабр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи дони китоб аст" оғоз ёфт.
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода қайд кард, ки озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи дони китоб аст» ва «Тоҷикистон - Ватани маҳбуби ман» ба шарофати ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани завқ ба китобхонӣ, ҷустуҷӯи истеъдодҳои нав бо суханварӣ ва эҳтиром ба арзишҳои милливу фарҳангӣ ташкил карда шудааст.
Шумораи иштирокчиёни даври ниҳоии озмун 267 нафарро дар 5 номинатсия ташкил медиҳад.
Маҳорати иштирокчиёни озмунро дар ҳар як номинатсия 7 нафар аъзои ҳакамон аз ҷумлаи олимон, нависандагон ва муаллимони маъруфи кишвар арзёбӣ мекунанд.
Тафсилоти бештар: https://tajikistan24.com/v-nacionalnoj-biblioteke-tadzhikistana-startoval-finalnyj-tur-respublikanskogo-konkursa-furugi-subhi-donoi-kitob-ast/