Дождитесь окончания загрузки
Модальное окно "Дорогой друг, прими участие в опросе"
preview Бозгашт

Фейк: Сарбозони ИМА сагҳои хидматиро дар Афғонистон партофта рафтаанд.

21.09.2021 • 04:56

Шумо эҳтимол пай бурдаед, ки хабарҳои қалбакӣ аксар вақт дар атрофи мушкилоти шадид пайдо мешавад. Вазъият дар Афғонистон истисно нест. Ҳатто агар шумо аз ахбороти ҳаррӯза бохабар набошед, пас шумо эҳтимол наворҳоро аз фурудгоҳи Кобул дидаед. Вақте ки одамон ба умеди кишварро тарк кардан аз паси ҳавопаймо медаванд.

Дар атрофи ин вазъият маълумоти бардурӯғ зиёд аст. Масалан,  гӯё ИМА сагҳои низомиро дар Афғонистон партофтааст.

Дар асл, сарбозони ИМА ба баровардани сагҳои худ дар миёнаҳои моҳи август шурӯъ карда буданд. Инро аксҳо ва видеоҳо, инчунин изҳороти расмӣ исбот мекунанд.

Ричард Энгел, хабарнигори масъули умури хориҷаи NBC News он замон қайд карда буд, ки бисёр одамон хашмгин буданд, ки сарбозон ба ҷои одамон сагҳоро эвакуатсия мекунанд.

Фактчекерон аз «Snopes» тафтишот гузарониданд. Сагон дар аксҳо ба созмони хайрияи наҷоти ҳайвоноти Кобул (KSAR) тааллуқ доранд. Ин сагҳо асосан ба афғонҳо, мансабдорони сафорат ва пудратчиёни мустақили мудофиа тааллуқ доштанд, ки ҳангоми эвакуация натавонистанд, ҳайвоноти худро бо худ бибаранд.

Ассотсиатсияи Дастгирии Сагҳои Хадамоти Ҳарбӣ - як созмони ғайритиҷоратӣ, ки ба дастгирии сагҳои ҳарбӣ ва мураббиёни онҳо бахшида шудааст - инчунин ин маълумотро дар Facebook рад кард: "Мо 100% боварӣ дорем, ки дар Кобул сагҳои хизмати ҳарбии амрикоӣ партофта нашудаанд. Артиши ИМА як сагро ҳам дар канор нагузошт".

Ин мисоли он аст, ки чӣ тавр хабарҳои қалбакӣ хеле зуд паҳн мегарданд ва вирусӣ мешаванд. Хусусан бо хабарҳое, ки эҳсосоти қавӣ ба вуҷуд меоранд, ҳушёр бошед.

Манбаъҳо:

  1. Snopes, 31.08.2021 аз сайт: https://www.snopes.com/fact-check/military-dogs-left-in-afghanistan/
  2. Fakedetox, 09.09.2021  Instagram: https://www.instagram.com/p/CTdfzVlIVvE/?utm_medium=copy_link

Ин бозии иттилоотӣ-маърифатӣ барои ҷавонон дар Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешбинӣ шудааст.

Платформа бо назардошти талаботи қонунгузории давлатҳои шарик сохта шудааст. Ҳама намунаҳои дар ин бозӣ истифодашуда танҳо ба мақсадҳои таълимӣ мансубанд ва ҳеҷ гуна нияти ғайриқонунӣ надоранд. Бо оғози истифода аз платформа муштарӣ фаҳмиши худро тасдиқ карда, бо мақсадҳо ва вазифаҳои дар боло зикршудаи ин бозӣ розигӣ медиҳад.