Ба наздикӣ, дар аввали моҳи август, наврасон ва ҷавонони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки синнашон аз 14 то 20-сола буд хеле шод гаштанд. Ташкилоти Ҷамъиятии "Гурдофарид" дар доираи лоиҳаи "Edulight" лагери тобистона баргузор кард, ки аз ҷониби Сафорати ИМА дар Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад ва ҳадафи он баланд бардоштани сатҳи саводнокии ВАО дар байни наврасон ва ҷавонон, беҳтар намудани дастрасӣ ба таҳсил дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошад.
Барои иштирок кардан лагери медиавӣ, ҷавонон бо истифода аз саволнома аз даври интихобӣ гузаштанд. Лагери панҷрӯза барои иштирокчиёни он хеле ҷолиб, таълимӣ ва фаромӯшнашаванда буд.
Дар ин муддати кӯтоҳ онҳо тавонистанд тренингҳоро оид ба рушди тафаккури интиқодӣ, саводнокии рақамӣ ва истифодаи самарабахши он, фарогирии мавзӯҳои муноқишавӣ, эҷоди мундариҷаи баландсифати видеоӣ, дастрасӣ ба таҳсилот ва инчунин тарбияи сифатҳои роҳбарӣ дар худро аз худ намоянд, то ин ки пас аз ба итмом расидани лоиҳа онҳо дониши худро ба дӯстон расонанд; асосҳои журналистика ва ҷанбаҳои ахлоқии онро омӯзанд; фаҳманд, ки мазмуни визуалии мундариҷа чӣ гуна метавонад паёмҳои онҳоро ба атрофиён расонад; таҳия кардани лоиҳа ва роҳҳои ҳалли мушкилотхо.
Пас аз анҷоми тренингҳо, фаъолтарин иштирокчиён сертификат ва тӯҳфаҳо гирифтанд.
Ин марака танҳо дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи Edulight марҳилаи ибтидоӣ буд, ки ҳоло хатмкунандагони ин лагери медиавӣ барои ҳамсолони худ тренингхои онлайн ва офлайни хурд, ки лоиҳаи Edulight-ро амалӣ мекунанд, мегузаронанд. ва инчунин видеоҳоеро сабт мекунанд, ки ТЧ "Гурдофарид" хамаруза дар сафҳаи худ нашр мекунад.
Манбаъ: https://www.facebook.com/gurdofarid