Ширкати телевизионии Channel 4 қарори хатарнок қабул кард: он видеои қалбакиеро ки бо технология дипфейк сохта шудааст дар эфир нашр кард, дар он Элизаветаи II-и қалбакӣ таассуроти худро дар бораи соли 2020 нақл мекунад. Дар ин навор "Маликаи Бритониё" ба ширкати телевизионӣ барои имкони бе коҳиш сухан гуфтан ва дар бораи он чӣ ки ӯ воқеан фикр мекунад, ташаккур мегӯяд. Элизаветаи II-и қалбакӣ BBC-ро таҳқир мекунад, ки дар он паёми воқеии монарх ба миллат нашр мешавад, дар бораи ба Амрикои Шимолӣ рафтани шоҳзода Гарри ва Меган Маркл шӯхӣ мекунад ва ҳатто барои TikTok рақс мекунад.
Channel4 онро ба тамошобинон барои расидан ба ду ҳадаф нишон дод. Онҳо мехостан мардумро хандонанд,ва ҳам мехостан хотиррасон кунанд, ки имрӯзҳо сохтани видеои қалбакӣ то чӣ андоза осон аст, аз ин ҳатто Элизаветаи II эмин нест.
Видеоро студияи махсуси эффектҳои Framestore эҷод кардааст ва нақши маликаро ҳунарпеша Дебра Стивенсон (Debra Stephenson) иҷро кардааст.
Бо мақсади фаҳмонидани мавқеи худ, Channel4 ҳатто як видеои ҷудогонае ба навор гирифт, ки дар он нишон дода мешавад, ки то чӣ андоза ҳунарпеша Дебора Стивенсон дар як навор ба Элизабет II табдил меёбад ва студия бошад ба Қасри Букингем.
Акс: Channel 4
Сарчашма: https://www.gazeta.ru/lifestyle/style/2020/12/a_13417718.shtml