Дӯсти азиз!
Ба ту табъи болида хоҳонам!
Биёед аз хабарҳои ҳафтаи гузаштаи кишвари худ ва Осиёи Миёна бохабар мешавем!
Маориф
Дар солҳои 2021/2022, 200 нафар донишҷӯёни дар Ӯзбекистон гранти Президентӣ мегиранд. Қарори раиси ҷумҳур “Дар бораи чораҳои дастгирии ҷавонони боистеъдод, ки ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар дохил шудаанд” санаи 6-уми июл ба имзо расидааст, хабар медиҳад Вазорати адлия. Муфассалтар: https://nuz.uz/obschestvo/1202808-200-studentov-smogut-poluchit-prezidentskij-grant.html
Донишҷӯён ва муаллимон дар Қазоқистон, видео-аксия баҳри дастгирии ваксинагузаронӣ оғоз намуданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Қазоқистон. Муфассалтар: https://informburo.kz/novosti/kazaxstanskie-studenty-i-prepodavateli-zapustili-video-akciyu-v-podderzku-vakcinacii
Дар Қирғизистон барномаи “Лигаи мактабӣ”-ро оғоз менамоянд. Дар ин бобат, дар конференсияи матбуотӣ, сардори Агентии давлатии кор бо ҷавонон, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, Канат Шабданбаев хабар дод. Муфассалтар: https://24.kg/vlast/200781_vkyirgyizstane_zapuskayut_programmu_shkolnaya_liga/
Вазорати маориф ва илми Қирғизистон холли ҳадди ақалро барои довталабони дорои маъюбият паст намуд. Дар ин бора, дар саҳифаи худ дар Facebook, сарвари Фонди ҷамъиятӣ “Жарыктык” Гулзар Дуйшенова хабар дод. Муфассалтар: https://24.kg/obschestvo/200123_vkyirgyizstane_snizili_porogovyiy_ball_vvuzyi_dlya_lits_sinvalidnostyu/
Ҳуқуқи инсон
Дар Туркманистон боз як пурзӯршавии навбатии назорати мақомот аз болои намуди зоҳирии занон. Мақомоти полис занон ва духтаронро бо ҷинс ва футболкаи танг, ороиши баланд ва мӯйҳои тобон доштаро дастгир намуда истодааст. Бино ба маълумоти хабарнигорони Азатлик, рӯзҳои охир он дар марказҳои минтақавии шарқи кишвар рух медиҳад. Муфассалтар: https://rus.azathabar.com/a/31347281.html
Дар Туркманистон, нисбати кормандони муассисаҳо ва корхонаҳои давлатӣ, маҳдудиятҳои нав ворид мегардад. Мувофиқи супориши даҳонӣ, ба кормандони соҳаи буҷавӣ шиносномаҳои хориҷӣ дода намешавад ва онҳое, ки аллакай чунин шиноснома доранд, дастур дода шудааст, ки онро супоранд. Дар ин бора, ҳамзамон чор хабарнигорони Радиои Азатлик хабар медиҳанд. Муфассалтар: https://rus.azathabar.com/a/31346119.html
“Ислом ва феминизм мафҳумҳои номувофиқ ҳисобида мешаванд”. Бисёриҳо бар он ақидаанд, ки ислом зулми занонро ҳавасманд менамояд. Ҳамзамон ба назари одамон манзараҳое пайдо мешаванд, ки дар он духтаронро маҷбуран ба шавҳарӣ медиҳанд, онҳоро хондан ва кор кардан намемонанд, дар хона пинҳон мекунанд ва рӯзҳои дароз ба оилаи шавҳар пешхизматӣ карданро водор мекунанд. Феминистони ғарб чунин меҳисобанд, ки мусалмонзанҳоро бояд наҷот дод ва зери мафҳуми наҷот раҳонамоӣ аз догмаҳои исломиро дар назар доранд. Дар Ӯзбекистон мафҳуми “феминистҳо”-ро таҳриф мекунанд: “Феминизм ва модаршоҳиро бояд фарқ кард. Феминизм – ин ҳаракат баҳри ҳуқуқи занон ва бар зидди табъизи онҳо”. Муфассалтар: https://nuz.uz/svobodnoe-mnenie/1203190-islamskij-feminizm-dejstvitelno-li-islam-i-feminizm-protivorechat-drug-drugu.html
Ҷомеа
Дар Туркманистон гармии аз ҳад зиёд боқӣ мемонад. Дар ин рӯзҳои гармӣ, баъзе микроноҳияҳои шаҳри Туркменбошӣ, мӯҳлати чаҳор рӯз аст, ки бе об мемонанд. Таъмини об рӯзи панҷшанбеи гузашта қатъ гардид, ки боиси мушкилиҳои ҷиддии сокинон гардид. Дар ҳамин ҳол, дар муассисаҳои давлатии вилояти Марий, ҷамъомадҳо доир гардид, ки дар онҳо кормандонро оиди зарурияти ҷораҳои эҳтиётӣ ҳангоми ҳавои гарм огоҳ намуданд. Ин баъди баромади президент Гурбангули Бердимухамедов оиди “зарурияти андешидани чораҳо барои аз таъсири нурҳои офтоб дар рӯзҳои гарм эмин будан” барпо гардид. Муфассалтар: https://rus.azathabar.com/a/31343553.html
Аз 24–ум то 28-уми июн, дар Лондон, IX-умин фестивали байналмиллалии адабиёт “Open Eurasian Literary Festival & Book Forum (OEBF) доир гардид. Ҳамасола дар доираи фестивал, мукофотонидани ғолибони озмуни Open Eurasia, ки фонди мукофотии он дар соли 2021 $40 000 будааст, доир мегардад. Дар озмун беш аз 1000 дархост аз 48 мамлакат, аз он 18 – аз Тоҷикистон, пешниҳод шуда буд. Муфассалтар: https://www.asiaplustj.info/ru/news/life/culture/20210707/tadzhikskaya-pisatelnitsa-poluchila-grant-na-rodine-shekspira
9-уми июл, дар Вазорати молияи Ӯзбекистон семинар, бахшида ба масъалаҳои баланд бардоштани шаффофияти маълумотҳои буҷа ва инчунин намоиши портали нави иттилоотии www.openbudget.uz (Буҷаи кушод), доир гардид. Лоиҳа якҷоя ва бо қисман маблағгузории Барномаи рушди СММ омода шудааст.
Ислоҳоте, ки солҳои охир гузаронида шуда истодааст, диққати бештарро ба масъалаҳои кушод ва шаффоф будани маълумотҳои буҷавӣ, тақвият додани назорати парламентӣ ва ҷамъиятиро аз болои ташкилёбӣ ва сарфкунии маблағҳои буҷавиро талаб менамояд. Муфассалтар: https://nuz.uz/obschestvo/1203072-openbudget-uz-minfin-sozdal-prozrachnyj-koshelyok.html
Экология
Дар Туркманистон гармии шадид боқӣ мемонад, ҳарорати ҳаво то 50 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияи Фарали вилояти Лебап, марде баъди якчанд соати интизорӣ дар истгоҳи автобус ба ҳалокат расидааст. Духтурон хабар медиҳанд, ки аз сабаби гармии шадид даҳҳо одамон ба ҳалокат расида, бистаригардонӣ байни кӯдакон зиёд шудааст. Баробари офати табиӣ, аҳолӣ аз баъдшавии таъмини қувваи барқ ва об шикоят доранд. Дар ин бора хабарнигорони Радиои Азатлик дар Мари ва Лебап хабар медиҳанд. Муфассалтар: https://rus.azathabar.com/a/31349920.html
Осиёи Марказӣ – аз ҳама минтақаи машкил мебошад, ки ба ифроткории даҳшатангез ҳангоми истифодаи захираҳои обӣ роҳ дода мешавад. Тадқиқотчиёни Чинӣ ба чунин хулоса омадаанд. Ба ақидаи онҳо, дар ҳоли истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ва заминӣ дар кишварҳои минтақа, 56 фоиз обро сарфа карда 387 миллион одамонро хӯрондан мумкин аст. Муфассалтар: https://www.asiaplustj.info/ru/news/tajikistan/society/20210712/pochemu-v-tsentralnoi-azii-voda-stala-defitsitnoi
Ташаккур, ки бо мо ҳастӣ!
То боздид!
P.S. Дастаро дастгирӣ намо! Лайк гузор, Qlever-ро бозӣ кун!