Дождитесь окончания загрузки
Модальное окно "Дорогой друг, прими участие в опросе"
preview Бозгашт

Дайҷест аз Думан Смаков: 5-12 октябри 2020 с.

13.10.2020 • 07:16

Дӯсти азиз! 

Эҳтимол, ту аллакай мушоҳида кардӣ, ки ҳоло ҳама чиз дар чашмак задан иваз ёфта метавонад.

Ин ҳафта барои кишварҳои Осиёи Марказӣ пуршиддат ва душвор буд. Интихоботи парлумонӣ дар Қирғизистон ва интихоботи президентӣ Тоҷикистон баргузор шуданд. Комиссияи марказии интихоботии Қирғизистон пас аз норизоятии ошкорои шаҳрвандон натиҷаҳои интихоботро беэътибор донист. 

Ту дуруст мегӯӣ, биё дар бораи сиёсат сӯҳбат накунем.  Биё, дар бораи навигариҳои дигар сӯҳбат кунем:

Маориф

Тибқи гузориши нави Бонки Ҷаҳонӣ, зарари бо сабаби сар задани пандемия ба соҳаи маорифи кишварҳои Осиёи Марказӣ расонидашуда дар оянда метавонад ба 44 миллиард доллар зарари иқтисодӣ оварда расонад. Дар бораи ин пешгӯии нохуш ин ҷо метавонед бихонед: https://informburo.kz/novosti/vsemirnyy-bank-v-stranah-centralnoy-azii-deti-mogut-nedopoluchit-znaniya-za-polnyy-uchebnyy-god-iz-za-pandemii -112253.html 

Аз санаи 6 октябр ҳамаи хонандагони Қирғизистон ба таҳсили фосилавӣ гузаронида шуданд. То кай дарсҳои фосилавӣ   идома хоҳанд кард, шумо метавонед аз ин ҷо хонед: https://24.kg/obschestvo/167815_vseh_shkolnikov_stranyi_ otpravili_nadistantsionku /  

Дар доираи лоиҳаи озмоишӣ 30 мактаб дар саросари Ӯзбекистон ба платформаи Oracle Academy онлайн пайваст мешаванд. Дар ин бора созишнома бо  ширкати амрикоӣ баста шуд.

Тафсилоти бештар: https://asiaplustj.info/ru/news/centralasia/20201009/shkoli-uzbekistana-podklyuchat-k-platforme-oracle-academy

Ҷамъият

Ба хизматчиёни давлатӣ дар Қазоқистон ба кор қабул кардани хешовандонашон манъ карда шуд. Чаро роҳбарияти кишвар чунин тасмимро гирифт, ин ҷо хондан мумкин аст:

https://www.zakon.kz/5042989-gossluzhashchim-v-kazahstane-zapretili.html

Хадамоти иҷроияи назди ҳукумати Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор шаҳрвандонро аз ҳуқуқи тарки кишвар маҳрум кард. Тибқи маълумоти расмӣ, ин шахсон аз банк қарз доранд ё алиментро пардохт накардаанд. Дар байни онҳо роҳбарони 130 ширкати хусусӣ низ ҳастанд. Тафсилоти бештар:  https://rus.ozodi.org/a/30881766.html

Аз минтақаҳои Туркманистон, ки дар он ҷо, расман, ягон ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст, дар бораи дар кӯчаҳо боздошт ва ҷарима кардани шахсони бениқоб аз ҷониби  кормандони пулис хабарҳо мерасанд ва аксар вақт онҳоро маҷбур мекунанд, ки бидуни пешниҳоди ягон расид ҷаримаро дар худи он ҷо пардохт намоянд. Ғайр аз он, хабар дода мешавад, ки шаҳрвандонеро, ки бо сабабҳои гуногун боздошт шудаанд, ба пахтачинӣ водор мекунанд. Тафсилот: https://rus.azathabar.com/a/30885686.html

 Ҳуқуқҳои инсон

Дар Ӯзбекистон ҳимояи ҳуқуқи занон ва баробарии гендерӣ пурзӯр карда мешавад. Барои вайронкунандагони ҳуқуқҳои занон чӣ гуна ҷазоҳо ҷорӣ карда хоҳанд шуд дар ин ҷо бихонед: 

https://uz.sputniknews.ru/society/20201006/15122795/V-Uzbekistane-usilyat-zaschitu-prav-zhenschin-i-ob espechenie-gendernogo-ravenstva .html

 Пандемия

 Дар Қазоқистон се роҳи имконпазири рафти паҳншавии эпидемияро пешбинӣ мекунанд. Оё дар Қазоқистон ҷорӣ шудани низоми боздошти сахти ин беморӣ (локдаун) имконпазир аст?  Маълумоти муфассалро дар ин ҷо бихонед:  https://informburo.kz/novosti/coy-rasskazal-o-tryoh-vozmozhnyh-scenariyah-razvitiya-epidemii-covid-19-v-kazahstane -112283.html

Ташаккур,ки бо мо ҳастӣ!

Ба ту як ҳафтаи пурсамар ва муваффақ таманно дорам!

Хайр, то дидори навбатӣ 

 P.S. Дастаро дастгирӣ кун! Тугмачаи писандро пахш намо, дар Qlever бозӣ кун!

Ин бозии иттилоотӣ-маърифатӣ барои ҷавонон дар Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешбинӣ шудааст.

Платформа бо назардошти талаботи қонунгузории давлатҳои шарик сохта шудааст. Ҳама намунаҳои дар ин бозӣ истифодашуда танҳо ба мақсадҳои таълимӣ мансубанд ва ҳеҷ гуна нияти ғайриқонунӣ надоранд. Бо оғози истифода аз платформа муштарӣ фаҳмиши худро тасдиқ карда, бо мақсадҳо ва вазифаҳои дар боло зикршудаи ин бозӣ розигӣ медиҳад.