Дӯсти азиз!
Табрик кардани устодонатро бо иди касбиашон аз хотир набарор!
Аввалин омӯзгорони худро эҳтиром кун, қадр намо ва дӯст дор! Ба онҳо тансиҳатӣ, бурдбориҳо ва сабри ҷамил мехоҳам!
Ҳоло бошад, мисли ҳамеша, дар бораи он ки дар ин ҳафта дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чиҳо рух дод.
Маориф
Дар Қазоқистон донишҷӯёне, ки дар ихтисосҳои омӯзгорӣ таҳсил мекунанд, ба гирифтани идрорпулии зиёдтар шурӯъ карданд. Ин тадбир бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасманд кардани омӯзгорони оянда андешида шудааст. Тафсилот: https://informburo.kz/novosti/glava-mon-studenty-pedagogi-nachali-poluchat-povyshennuyu-stipendiyu.html
Дар Ӯзбекистон волидайни кӯдаконе, ки дар мактабҳои онлайн таҳсил мекунанд, вазифадор карда шудаанд, ки барои таҳсили фосилавӣ шароити зарурӣ фароҳам оранд - дастрасии фарзандонашонро ба Интернет, компютер ё телефони мобилӣ таъмин намоянд. Ин дар қарор ва замимаи он, ки аз ҷониби ҳашт мақомоти давлатӣ қабул шудааст, ифода шудааст. Маълумоти бештарро дар бораи масъулияти волидайн дар ин ҷо хонда метавонед: https://rus.ozodlik.org/a/30856424.html
Дар Қазоқистон дар сурати қатъ шудани раванди дарсҳои анъанавӣ бинобар номусоидии обу ҳаво, мактаббачагон бо тарзи фосилавӣ таҳсил хоҳанд кард. Ин пешниҳодро вакилони халқи кишвар пешбарӣ намуданд. Дар бораи тағиротҳои дигар дар соҳаи маорифи Қазоқистон дар ин ҷо хондан мумкин аст: https://informburo.kz/novosti/v-kazahstane-shkolniki-budut-uchitsya-distancionno-pri-otmene-zanyatiy-iz-za-plohoy-pogody.html
Ҷамъият
Ин ҳафта дар Қирғизистон интихоботи парлумонӣ баргузор шуд. Дар он номзадҳо аз 16 ҳизб ширкат доштанд. Маълумоти бештарро дар бораи интихобот дар ин ҷо хонда метавонед: https://rus.azattyk.org/a/30874425.html
Аз 1 октябр дар Ӯзбекистон иҷоза дода шуд, ки мусофирон тавассути посгоҳҳои ҳавоӣ, роҳи оҳан ва автомобилӣ ба кишвар "бо риояи қатъии талаботи мавҷудаи карантин ва санитарию гигиенӣ" ворид шаванд. Маълумоти бештарро дар бораи сабуктар шудани карантин ва талаботҳо дар ин ҷо хонда метавонед: https://rus.ozodi.org/a/30868599.html
Иттиҳоди Аврупо барои амалӣ гардонидани лоиҳаи дастгирии вокуниши самаранок, фаврӣ ва ҳамоҳангшуда бар COVID-19 дар Ӯзбекистон беш аз 2 миллион евро ҷудо кардааст. Лоиҳа, ки аз ҷониби дафтари кишварии Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ амалӣ карда мешавад, пеш аз ҳама ба таъмини кормандони тиб ва коркуноне, ки бо беморони муассисаҳои тиббӣ мустақиман робита доранд, бо воситаҳои ҳимояи инфиродӣ равона шудааст. Маълумоти бештарро дар бораи лоиҳаи нав дар ин ҷо хонда метавонед: https://podrobno.uz/cat/obchestvo/evropeyskiy-soyuz-vydelil-bolee-2-millionov-evro-uzbekistanu-dlya-borby-s-kovidom-/
Фарҳанг
Дар Будапешт бо иштироки ҳайати намояндагони Ҷумҳурии Қирғизистон маросими номгузории гулгашт ба шарафи нависандаи маъруф Чингиз Айтматов баргузор мешавад. Маълумоти бештарро дар бораи робитаи фарҳангии Бишкек ва Будапешт дар ин ҷо пайдо кардан мумкин аст: https://rus.azattyk.org/a/kyrgyzstan_aitmatov_budapest/30863664.html
Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов дар 2-юмин фестивали театрии Voices 2020 (Садоҳо 2020) дар ИМА, ки дар шаҳри Ню-Ҷерсӣ баргузор мешавад, иштирок хоҳад кард.Театри тоҷик бори аввал дар ин фестивал, ки аз 15 то 25 октябр баргузор мешавад, иштирок менамояд. Фестивал тавассути шабакаи Интернет онлайн пахш карда мешавад. Тафсилоти бештар: https://asiaplustj.info/ru/news/life/culture/20200930/teatr-im-vohidova-primet-uchastie-v-teatralnom-festivale-voices-2020
IT
Президенти Туркманистон ба смартфонҳои ватанӣ ном гузошт ва ба кормандони буҷавӣ амр дод, ки онҳоро харидорӣ кунанд. Маълумоти бештарро дар бораи телефони туркманӣ ва рушди технология дар кишвар ин ҷо метавонед бихонед: https://rus.azathabar.com/a/30874092.html
Сухани нафрат
Дар Бишкек панҷ нафар барои барангехтани кинаву адовати байниминтақавӣ ва даъват ба бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият боздошт шуданд. Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Қирғизистон, 30 сентябр дар Интернет наворҳо паҳн шуданд, ки дар онҳо шахсони номаълум нақшаи бесубот кардани тартиботи ҷамъиятӣ ва даъватро ба бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият баррасӣ мекунанд. Хадамоти тафтишотии Раёсати корҳои дохилии шаҳри Бишкек мурофиаи пеш аз судиро оғоз намуд. Маводҳо тибқи моддаи 313 "Барангехтани хусумати нажодӣ, қавмӣ, миллӣ, динӣ ё байниминтақавӣ" -и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Қирғизистон дар Феҳристи Ягонаи Ҷиноятҳо ва Рафтори ношоям сабт шудаанд. Тафсилоти бештар: https://24.kg/proisshestvija/167013_razjiganie_mejregionalnoy_vrajdyi_zaderjanyi_lideryi_obschestvennogo_obyedineniya/
Дезинформация
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасони Telegram иттилоот дар бораи қарори Кенгаши вакилони халқи Тошканд (Ӯзбекистон) дар бораи манъи истифодаи ранги кабуд дар пойтахт дар доираи мубориза бар зидди таблиғи ҳамҷинсгароӣ паҳн карда мешавад. Муайян карда шуд, ки ин маълумот бардурӯғ аст. Тафсилоти бештар:https://nuz.uz/obschestvo/1173615-zapret-na-ispolzovanie-golubogo-czveta-v-uzbekistane-okazalsya-fejkom.html
Ташаккур, ки бо мо ҳастӣ!
Ба ту ҳафтаи пурсамар ва муваффақ таманно дорам!
То дидори оянда!
P.S. Дастаро дастгирӣ кун! Тугмачаи писандро пахш намо, дар Qlever бозӣ кун!