Салом ба ҳама!
Ба таваҷҷуҳи шумо маҷмӯаи рӯйдодҳои муҳими кишварҳои Осиёи Марказиро пешкаш мекунам.
Рафтем!
Маориф
Мактаббачагон ва донишҷӯёни Қирғизистон сохтани спутникро ёд гирифтанд. ЮНИСЕФ дар якҷоягӣ бо Ассотсиатсияи таҳсилоти муҳандисии Қирғизистон дар Донишгоҳи техникии Қирғизистон ба номи И.Раззоқов нахустин форуми байналмилалии ҷавонон "Технологияҳои кайҳонӣ. Уфуқҳои нав барои духтарон" –ро баргузор мекунад. Бештар: https://kaktus.media/doc/462815_kyrgyzstanskie_shkolniki_i_stydenty_poychilis_spytnikostroeniu.html
Марҳилаи дуюми қабули электронӣ дар мактабҳои Бишкек оғоз шуд. Бештар: https://kaktus.media/doc/462287_startoval_vtoroy_etap_elektronnoy_zapisi_v_shkoly_bishkeka.html
Ҳуқуқҳои инсон
Сенати Қазоқистон қонун дар бораи баробар кардани ҳуҷҷатҳои рақамӣ ва коғазӣ ва кӯтоҳ кардани мӯҳлати сабти никоҳро қабул кард. Ба қонунгузорӣ дар бораи ба формати электронии шаҳодатномаҳо дар соҳаи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ тағйиру иловаҳо ворид карда мешаванд. Бештар: https://informburo.kz/novosti/senat-prinyal-zakon-o-ravnoznacnosti-cifrovyx-i-bumaznyx-dokumentov-i-sokrashhenii-sroka-registracii-braka
Омори КҲФ дар бораи теъдоди кӯдакони ғарқшуда аз аввали сол дар Тоҷикистон хеле таассуфовар аст. Бештар аз нисфи онхое, ки дар мавсими шиноварии ҷорӣ ғарқ шудаанд, кӯдакон мебошанд. Бепарвоии волидайн сабаби асосии ин фочиахо мебошад. Бе парастории волидон мондани фарзандони тоҷик ба чӣ мушкилиҳо дучор мешаванд? Бештар: https://www.asiaplustj.info/ru/news/tajikistan/society/20220702/bez-prismotra-v-kakie-bedi-popadayut-tadzhikskie-deti-iz-za-halatnosti-svoih-roditelei
Вакили парлумон Айсара Абдибоева пешниҳод кардааст, ки дар Қирғизистон як комиссияи одоби масъули интизоми вакилон таъсис дода шавад. Бештар: https://kaktus.media/doc/462753_aysara_abdibaeva_predlagaet_sozdat_komissiu_po_etike_otvechaushyu_za_discipliny_depytatov.html
Ҷамъият
Бонки Ҷаҳонӣ барои беҳбуди дастрасӣ ба оби ошомиданӣ ба Тоҷикистон 45 миллион доллар медиҳад. Шӯрои мудирони иҷроияи Бонки Ҷаҳонӣ дар ҳаҷми 45 миллион доллар грант барои маблағгузории тарҳи сармоягузории “Таъмини об ва беҳдошт дар Тоҷикистон”-ро тасвиб кард, хабар медиҳад ин созмон. Бештар: https://www.asiaplustj.info/ru/news/tajikistan/society/20220628/vsemirnii-bank-dast-tadzhikistanu-45-mln-dlya-uluchsheniya-dostupa-k-pitevoi-vode
39 дарсади сокинони Қазоқистон ба расонаҳо бовар надоранд. Гурӯҳи кории вижа барои беҳтар кардани васоити ахбори омма дар Қазоқистон кор мекунад, гуфт вазири ахборот. Бештар: https://informburo.kz/novosti/39-kazaxstancev-ne-doveryayut-smi
Ташаккур ба шумо барои бо мо мондан!
Хайр!
P.S. Дастаро дастгирӣ кунед! Лайк монед, Qlever бозӣ кунед