Дождитесь окончания загрузки
Модальное окно "Дорогой друг, прими участие в опросе"
preview Бозгашт

Дайҷест аз Думан Смаков: 26 октябр – 2 ноябри соли 2020

03.11.2020 • 08:20

Салом!

Саломатиат хуб аст? Оё ту тавонистӣ ба сардиҳои тирамоҳӣ омода шавӣ?

Агар не, пас дар рӯзҳои таътил ту метавонӣ ин корро анҷом диҳӣ. Ба ҷои телевизор тамошо кардан  ва бо  компютер бозӣ кардан ба ту маслиҳат медиҳам, ки бештар дар ҳавои тоза сайр кунӣ. Барори кор! Худатро эҳтиёт кун!

Ҳоло бошад, чун ҳарвақта, ман ба ту муҳимтарин хабарҳоро аз кишварҳои Осиёи Марказӣ нақл мекунам.

 

Маориф

Дар Қазоқистон дар чоряки дуввум 1,2 миллион мактаббачагон дар шакли анъанавӣ таҳсил хоҳанд кард. Ин пешгӯӣ дар канали Telegram-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Қазоқистон нашр шудааст. Тафсилот дар пайванди зерин: https://informburo.kz/novosti/v-kazahstane-12-mln-shkolnikov-budut-uchitsya-v-tradicionnom-formate-vo-vtoroy-chetverti.html

Мактаббачагони Қирғизистон дар Олимпиадаи математика дар Македония се медал ба даст оварданд. Дар ин бора дафтари матбуотии Вазорати маориф ва илм хабар додааст. Тибқи иттилои вазорат, дар озмуни интеллектуалӣ Қирғизистонро 35 хонандагон намояндагӣ карданд. Дар маҷмӯъ, дар олимпиада 200 нафар аз 10 кишвар ширкат варзиданд. Тафсилоти бештар дар ин ҷо:  https://24.kg/obschestvo/170899_kyirgyizskie_shkolniki_vyiigrali_tri_medali_namatematicheskoy_olimpiade_vmakedonii/

Ҷамъият

Мушкилотҳои таъминоти озуқаворӣ дар пойтахти Туркманистон аз ҷиҳати сатҳи мураккабӣ бо вазъи минтақаҳои дигари кишвар тақрибан баробар шуданд. Дар ин ҷо низ норасоии маҳсулоти асосии хӯрокворӣ, аз қабили нон, равған, тухм шадид боқӣ мондааст. Навбат дар назди дӯконҳои давлатӣ дар Ашқобод рӯз аз рӯз калонтар мешавад.

 Тафсилоти бештар:  https://rus.azathabar.com/a/30922960.html

Дар Ӯзбекистон алайҳи як "атеист", ки Қуръонро пора карда навори ин амалро дар шабакаи иҷтимоӣ нашр кардааст, парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Тафсилоти бештар дар ин ҷо: https://uznews.uz/ru/article/25793

Фонди журналистикаи таҳқиқотӣ дар Қирғизистон узви GIJN - Шабакаи Умумиҷаҳонии Рӯзноманигорони Тадқиқотӣ шуд. Тафсилоти бештар: https://24.kg/obschestvo/170858_fond_rassledovatelskoy_jurnalistiki_prinyat_vchlenyi_globalnoy_seti_jurnalistov/ 

 IT

Тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон, танҳо дар соли ҷорӣ дар кишвар беш аз 8300 қаллобӣ дар интернет сабт шудааст.

Тафсилоти бештар: https://www.zakon.kz/5045866-v-kazahstane-poyavilos-svyshe-vosmi.html 

Дар оғози сол як гурӯҳ ҷавонон аз Тоҷикистон лоиҳаи интернетии "Daily Opportunity (Имконияти ҳаррӯза)" -ро ҷорӣ карданд. Платформа ба истифодабарандагон стипендия, таҷрибаомӯзӣ ва грантҳои гуногун пешниҳод менамояд.Оиди хусусиятҳои дигари платформаи нав дар пайванди зерин маълумот  пайдо кардан мумкин аст: https://asiaplustj.info/ru/news/tajikistan/society/20201031/stipendii-stazhirovki-granti-v-tadzhikistane-poyavilas-novaya-platforma-vozmozhnostei

Агентии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар Ӯзбекистон бо мақсади санҷиши арзиши аслии доруҳо дар дорухонаҳо боти Telegram - @dorinarx_bot -ро ҷорӣ кард.

Дар бораи тарзи кори боти нав дар ин ҷо малумот пайдо кардан мумкин аст: https://podrobno.uz/cat/tehnp/v-uzbekistane-zapustili-telegram-bot-dlya-proverki-realnoy-stoimosti-lekarstv-v-aptekakh-/

Экология

Олимон муайян карданд, ки миллионҳо сол пеш Осиёи Миёна биёбони азим буд, гарчанде ки пештар боварӣ доштанд, ки ин минтақа ҳамеша сабз буд. Онҳо инчунин пешгӯӣ карданд, ки Осиёи Миёна метавонад дубора ба биёбон табдил ёбад. Тафсилоти бештар дар ин ҷо:  https://ru.sputnik.kg/asia/20201031/1050275330/central-asia-risk-pustynya-uchenye.html

Ташаккур, ки бо мо ҳастӣ!

Ба ту ҳафтаи пурсамар ва муваффақ таманно дорам!

Хайр! 

 P.S. Дастаро дастгирӣ кун! Тугмачаи писандро пахш намо, дар Qlever бозӣ кун!

 

Ин бозии иттилоотӣ-маърифатӣ барои ҷавонон дар Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешбинӣ шудааст.

Платформа бо назардошти талаботи қонунгузории давлатҳои шарик сохта шудааст. Ҳама намунаҳои дар ин бозӣ истифодашуда танҳо ба мақсадҳои таълимӣ мансубанд ва ҳеҷ гуна нияти ғайриқонунӣ надоранд. Бо оғози истифода аз платформа муштарӣ фаҳмиши худро тасдиқ карда, бо мақсадҳо ва вазифаҳои дар боло зикршудаи ин бозӣ розигӣ медиҳад.