Дӯсти азиз!
Умедворам, ки ин ҳафта барои ту бобарор буд.
Ман аз самими қалб шодам, ки ту дайджести маро дубора мехонӣ!
Ба наздикӣ мо ба ту имконият медиҳем, ки дар бозиҳои нави шигифтангези мо бозӣ намоӣ! Дар бораи навсозиҳо дар платформаи QLEVER бохабар бош!
Ҳоло бошад, ман ба ту дар бораи он чизҳое, ки ин ҳафта дар кишварҳои Осиёи Марказӣ рух дод, нақл мекунам.
Маориф
Тоҷикистон сарҳадҳои худро барои донишҷӯёни афғоне, ки дар ҷумҳурӣ таҳсил мекунанд, боз мекунад. Дар ин бора ҳафтаи ҷорӣ сафири Афғонистон дар Душанбе Муҳаммад Зоҳир Ағбар дар маросими ботантанаи таҷлили "Ҳафтаи шаҳидон" дар сафорати Афғонистон хабар дод. Муфассалтар дар ин бора дар ин пайванд бихонед: https://asiaplustj.info/ru/news/tajikistan/society/20200924/tadzhikistan-otkril-granitsi-dlya-afganskih-studentov
Дар шарқи Туркманистон хонандагони мактабҳои миёна маҷбуран дар пахтачинӣ ширкат варзида истодаанд. Кӣ ва чаро хонандагонро аз таҳсил бозмедорад? Ҷавобро тавассути пайванди зерин ёфтан мумкин аст: https://rus.azathabar.com/a/30855986.html
19 сентябр дар минтақаи Бруклини Ню Йорк (ИМА) мактаби ӯзбекии Ziyo Art кушода шуд. Тибқи иттилои Консулгарии генералии Ӯзбекистон, мактаб дар Авеню О 16, Бруклин Ню Йорк, 11204 ҷойгир аст. Дар ин ҷо забон ва адабиёти ӯзбек, ахлоқ, санъати тасвирӣ, шоҳмот ва математика таълим дода мешаванд. Тафсилоти бештар дар ин ҷо: https://podrobno.uz/cat/obchestvo/v-nyu-yorke-otkrylas-uzbekskaya-shkola-/
Президенти Ӯзбекистон қонун "Дар бораи маориф" -ро имзо кард. Дар он навъҳои таълим ва шаклҳои таҳсил муфассал шарҳ дода шуда, ваколатҳои мақомоти давлатӣ аниқ карда шуда, ҳуқуқи муаллимон, хонандагон ва волидон сабт карда шудааст. Тафсилот: https://www.gazeta.uz/ru/2020/09/24/education/
Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ба зиёда аз ҳазор мактабҳои давлатӣ ва китобхонаҳои Қирғизистон 285,000 нусха китобҳои бачагона тақдим кард. Кадом навъ китобҳо ба китобхонаҳои минтақавӣ интиқол дода шудаанд, дар ин ҷо фаҳмидан мумкин аст: https://24.kg/obschestvo/166152_bolee_280_tyisyach_knig_dlya_shkol_ibibliotek_kyirgyizstana_peredalo_USAID_/
Варзиш ва сайёҳӣ
Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-16) рӯзи 21 сентябр дар бозии аввали дӯстона ҳамсолони худ аз Ӯзбекистонро шикаст дод. Вохӯрӣ бо ҳисоби 1: 0 бо пирӯзии дастаи Тоҷикистон хотима ёфт. Голи ягонаро Хусрав Тоиров дар дақиқаи 38-ум ба ҳадаф расонд. Тафсилоти бештар дар пайванди зерин: https://asiaplustj.info/ru/news/sports/20200922/yunie-tadzhikskie-futbolisti-obigrali-svoih-uzbekskih-sverstnikov
Навор дар бораи Қазоқистон "Travelstan" ғолиби номинатсияи "Беҳтарин навори сайёҳӣ" дар мусобиқаи PATA Gold Awards шуд, ки дар шакли онлайн таҳти сарпарастии Pacific Asia Tourism Association (Ассотсиатсияи сайёҳии Осиё ва Уқёнуси Ором) баргузор гардид. Тафсилоти бештар дар ин ҷо: https://informburo.kz/novosti/rolik-o-kazahstane-priznali-luchshim-trevel-video-na-konkurse-pata-gold-awards-111717.html
Пандемия
Дар бархе аз донишгоҳҳои Тоҷикистон аз донишҷӯён забонхат гирифта мешавад, ки ҳам дар дохили муассисаи таълимӣ ва ҳам берун аз он ниқобҳои муҳофизӣ пӯшанд ва масофаи ҷисмониро нигоҳ доранд. Дар акси ҳол, онҳо ҷарима карда мешаванд. Пайванд ба мақола дар ин ҷо: https://rus.ozodi.org/a/30853177.html
IT
Дар Интернет манбаи наве пайдо шуд, ки барои тафтиши матн ба забони туркманӣ пешбинӣ шудааст. Тафсилот: https://turkmenportal.com/blog/30738/zapushchen-novyi-onlain-resurs-dlya-proverki-orfografii-turkmenskogo-yazyka
Дар Қирғизистон чат-боти нав бо номи KyrgyzMigrant.bot, дар Telegram ҷорӣ карда шуд, ки дар он ҷо муҳоҷирон метавонанд ба саволҳои зуд-зуд додашаванда ҷавоб пайдо кунанд ва аз машваратҳои ҳуқуқшиносон ва равоншиносони ботаҷриба баҳра гиранд. Оиди тарзи кори чат дар ин ҷо маълумот пайдо кардан мумкин аст: https://24.kg/obschestvo/165927_vkyirgyizstane_zapustili_novyiy_chat-bot_dlya_migrantov/
Пажӯҳишгоҳи системаҳои интеллектуалӣ ва зеҳни сунъии Донишгоҳи Назарбоев технологияе таҳия кардааст, ки нутқи қазоқиро ба таври худкор мешиносад. Тибқи изҳороти хадамоти матбуоти ин пажӯҳишгоҳ технологияи номбурда имкон медиҳад, ки забони қазоқӣ ба фазои рақамии ҷаҳонӣ фаъолона ворид карда шавад. Тафсилот: https://informburo.kz/novosti/tehnologiyu-raspoznavaniya-kazahskoy-rechi-razrabotali-uchyonye-nazarbaev-universiteta.html
Ташаккур, ки хабарҳоро то охир хондӣ!
То ҳафтаи оянда!
P.S. Дастаро дастгирӣ намо! Тугмачаи писандро пахш намо, дар Qlever бозӣ кун!